Хизмат ба мардум - Саодати бузург!

Телефони боварӣ

Душанбе, 19 мая. 2025
Аз рӯзгори собиқадорон

Аз рӯзгори собиқадорон

ФАРДИ СОҲИБМАҚОМ ВА БАЛАНДИҚБОЛ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз вохўриҳояшон гуфта буданд: «Хизмат ба Ватан ифтихорест, ки дер ё зуд ҳангоми дар қайди ҳаёт будан, ё пас аз интиҳои зиндагӣ ҳамеша мардони фидокорро зинда нигоҳ медорад».

Воқеан, ин суханони Ҷаноби Олиро ба ҳар як фарди фидокору меҳнатдўст, ки корнамоиҳои гаронбаҳо баҳри пешрафт ва ободии ҷамъият ҳиссаи худро гузоштаанд, нисбат додан мавриди қабул мебошад. Одатан, қалам ба даст гирифта, рўи коғаз овардани хотираҳо, ихлосу эҳтиром нисбат ба шахси азизу мўътабар, ки дар зиндагӣ, дар ҷомеа мавқеъ ва ҷойгоҳи хешро пайдо кардааст, мушкил ва корест заҳматбор. Зеро намедонӣ ҳангоми иншо аз рўзгору фаъолияти серсоҳаю ибратбахши он кадомеро зикр намоӣ. Шахсиятҳои коромўхта соҳибэҳтироманд, дар баробари хуб донистани вазифаҳои хизматӣ аз мактаби хуби одаму одамгарӣ гузаштаанд, инсони нектолеъ ҳастанд.

Мо дар зиндагӣ бо инсонҳои гуногун дучор мешавем, ки минбаъд нақши онҳо дар ҳаётамон кам ё зиёд эҳсос мешавад. Мегўянд, ки чеҳраи инсони хуб аз нури хуршед баҳра мебардорад. Ҳар як шахс тавассути меҳнати ҳалолу пурмашаққати худ соҳиби иззату эҳтиром ва ангуштнамои халқ шуда метавонад. Ана чунин хислатҳои дар боло зикршуда дар ҳаққи Шавкат Ёқубов аст, ки воқеан азизи дили ҳар як нафарест, ки ўро хуб мешиносанд.

Ёқубов Шавкат Муҳитдинович санаи 18-уми апрели соли 1941 дар шаҳри Душанбе дар оилаи хизматчӣ таваллуд шудааст. Баъди хатми мактаби миёнаи умумии №18-и шаҳри Ленинобод (алҳол Хуҷанд) ба Донишкадаи давлатии педагогии ба номи С.М.Киров (имрўза Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров) дохил шуда, онро соли 1963 бомуваффақият хатм менамояд ва чун омўзгори фанни физика дар мактаби миёнаи умумии №3-и шаҳр ба кор оғоз менамояд.

Моҳи ноябри соли 1963 ўро ба сафи ҳарбӣ даъват менамоянд. Давоми хизмати ҳарбӣ дар шаҳри Мински Ҷумҳурии Белоруссия ўро котиби ташкилоти комсомолии “Рота” интихоб менамоянд ва фаъолияти босамари ўро дар тарбияи сарбозон ба назар гирифта, соли 1964 ўро ба сафи Ҳизби коммунистӣ интихоб менамоянд. Баъд аз хизмати ҳарбӣ Шавкат Ёқубов фаъолияти худро ҳамчун омўзгори фанни физика дар мактаби миёнаи №3-и шаҳри Хуҷанд давом медиҳад.

Соли 1970 фаъолияти ҷамъиятии ўро ба назар гирифта, ташкилоти шаҳрии Ҳизби коммунистии Тоҷикистон ўро ба вазифаи директори хонаи пионерону мактаббачагони шаҳри Ленинобод (Хуҷанд), баъдан вилоятӣ тавсия менамоянд.

Моҳи феврали соли 1974 Шавкат Ёқубовро ба вазифаи мудири шуъбаи маданиву оммавӣ ва корҳои варзишии Шўрои иттифоқҳои касабаи вилоят даъват менамоянд. Моҳи июни соли 1979 ў ба вазифаи директори Қасри маданияти Абрешимчии ташкилоти касабавии комбинати Абрешим ва аз 1-уми декабри соли 1982 ба вазифаи директори хонаи эҷодиёти худфаъолияти байнииттифоқии Шўрои иттифоқҳои касабаи вилоят гузаронида мешавад.

Солҳои 1971 то 1974 аъзои кумитаи комсомолии вилоят буда, дар он солҳо ҳамчунин аъзои кумитаи вилоятии иттифоқи касабаи коркунони маориф, мактабҳои олӣ ва ташкилотҳои илмӣ интихоб шудааст.

Аз соли 1976 то соли 1979 Шавкат Ёқубов ба ҳайси раиси ташкилоти касабаи Шўрои иттифоқҳои касаба ва солҳои 1976 то 1977 котиби ташкилоти ибтидоии кумитаи комсомолӣ дар Шўрои иттифоқҳои касаба интихоб гардидааст.

Аз моҳи апрели соли 1986 сар карда, дар кумитаи вилоятии иттифоқи касабаи комплекси агросаноатӣ дар вазифаҳои мудири шуъбаи манзилию маишӣ ва маданию оммавӣ, аз моҳи феврали соли 1989 то моҳи декабри соли 2005 ҳамчун ҷонишини раис фаъолият бурдааст.

Шавкат Ёқубов давоми фаъолияти меҳнатиаш дар кадом мақомоте, ки кор карда бошад, нисбат ба вазифаи худ бо масъулияти баланд ва софдилона аз рўи виҷдон муносибат намудааст. Дониш ва таҷрибаи бойи худро барои пешравии кор равона намуда, оиди риояи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, мустаҳкам намудани интизоми меҳнат, тарбияи ҷавонон дар рўҳияи ватандўстиву ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ, ташкил ва гузаронидани истироҳату солимгардонии мактаббачагон, кори мактабҳои варзишии бачагону наврасон ва кумитаҳои ибтидоии иттифоқи касабаи соҳа ёрии амалии худро мерасонад.

Солҳои фаъолияти хеш дар кумитаи вилоятӣ доимо дар байни коргарону деҳқонон буд ва ба масъалаҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва маишиву фарҳангии меҳнаткашони соҳаи комплекси агросаноатӣ аҳамияти махсус дода, ба ҳалли онҳо саҳми арзанда гузоштааст.

Шавкат Муҳиддинович дар байни ҷомеаҳои меҳнатӣ ва ташкилотҳои касабавии вилоят обрўю эътибори калон дорад.

Хизматҳои ў бо медалу ифтихорномаҳои давлатӣ, нишонҳои фахрии ташкилотҳои болоии иттифоқи касаба қадрдонӣ гардида, соли 2001 барои хизматҳои тўлонию шоёнаш Шавкат Муҳитдинович бо мукофоти давлатии унвони фахрии “Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон” сарфароз гардонида шудааст. Алҳол Шавкат Ёқубов гирандаи нафақаи аҳамияти ҷумҳуриявӣ дошта мебошад.

Соҳиби се писар, келинҳо ва наберагону абераҳо буда, идомадиҳандаи кори падару бобо ҳастанд.