Хизмат ба мардум - Саодати бузург!

Телефони боварӣ

Душанбе, 19 мая. 2025
Аз рӯзгори собиқадорон

Аз рӯзгори собиқадорон

 НАКЎНОМОН НАМЕМИРАНД

 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон зикр намудаанд: “Зиндагии пурмаъно ва бобаракати собиқадорон барои ҳаёти имрўзаи ҷавонон басо ибратбахш мебошад”.

Инсоне, ки дар зиндагӣ аз худ кори нек, амали нек ва номи нек мегузорад, ҳамешагӣ дар дили мардум ҷой мегирад. Ҳарчанд ҷисман аз байни мардум рафта бошад ҳам, зикри хайраш вирди забонҳо мегардаду наслҳои минбаъда кору пайкори некашро пайравӣ хоҳанд кард. Инсони муваффақу хушбахт касест, ки дар умри хеш ба обрўю эътибори зиёд ноил гашта, дар ҷамъият мавқеи намоён пайдо менамояд.

Ҳасанов Истамқул аз ҷумлаи фарзандони вафодору шуҷои халқу Ватан, собиқадори ҷангу меҳнат ва ходими ҳизбию давлатӣ буда, 13-майи соли 1924 дар қишлоқи Ашт, ноҳияи Ашт дар оилаи деҳқон таваллуд шудааст.

 Маҳз, дар солҳои соҳибистиқлолӣ таҳти роҳнамоии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда гули сари сабади миллат гардиданд. Шароити зиндагии онҳо хеле беҳтар шуда, обрўю эътиборашон дар ҷомеа афзуд.

Ҳасанов Истамқул низ аз ҷумлаи чунин қаҳрамонон буда, дар ҷомеа мавқеи сазоворро соҳиб гардидааст. Баъди хатми мактаби миёна 2 юми сентябри соли 1942 ӯ низ қатори дигар абармардони миллат дар фронтҳои 2-юми Белоруссия ҷангида, дар озодкунии шаҳри Смоленск (1943) Могилев, Витебск, Мозер, Орша (1944) ширкат меварзад ва дар яке аз муҳорибаҳо аз пояш тир хӯрда, ӯро шаш моҳ дар госпитал муолиҷа менамоянд. Моҳи декабри соли 1944 комиссияи ҳарбӣ Ҳасановро ба Омӯзишгоҳи дусолаи савораи Новочеркаск воқеъ дар шаҳри Подолҳск мефиристад. Баъди якуним соли хониш Ҷанги Бузургӣ Ватанӣ ба охир мерасад ва ӯ пас аз як моҳи тайёрӣ дар Паради Ғалабаи шаҳри Москва иштирок намуда, моҳи августи соли 1945 ба зодгоҳаш бо сари баланд меояд.

Ҳасанов як муддат дар омӯзишгоҳи мусиқии ба номи Содирхон Ҳофизи шаҳри Хуҷанд ва баъдан дар омӯзишгоҳи муаллимтайёркунии шаҳри Конибодом таҳсил намуда, чанд вақт дар мактаби миёнаи №1-и деҳаи Ашт ҳамчун  сарпионервоҷатӣ кор кардааст. Баъдан соли 1947 бо маслиҳат ва тавсияи духтури ҳарбӣ Зоҳидҷон Ахмедов ба Донишгоҳи давлатии тиббии Сталинобод дохил шуда, онро соли 1952 бо муваффақият хатм намуд. Истамқул Ҳасанов фаъолияташро аввал ҳамчун духтури муолиҷавӣ ощоз карда, сипас сардухтури беморхонаи марказии ноҳия таъин мешавад, ки ин вазифаи масъулиятнокро 21 сол то соли 1973 ба ӯҳда дошт. Маҳз дар солҳои роҳбарии Истамқул Ҳасанов дар ҷамоатҳои  Понщоз, Ҷарбулоқ, Қамишқурщон беморхонаҳои минтақавӣ ва чандин бунгоҳҳои тиббӣ, фелдшерию акушерӣ, амбулаторияҳои духтурӣ таъсис ёфтанд. Аз он ҷумла ӯ асосгузори табобатгоҳи аксикон дар ҷамоати Меҳробод мебошад. Бо дастгирӣ ва ҳидояти ӯ чандин нафар хатмкунандаи мактабҳои ноҳия ба Донишгоҳи Давлатии тиббии шаҳри Душанбе, ба омӯзишгоҳҳои шаҳрҳои Хуҷанду Душанбе фиристонида шудаанд. Маҳз дар солҳои роҳбарии он кас бо дастгирии ҷаъияти Ҳилоли Аҳмар курсҳои ҳамширатайёркунӣ ташкил карда шуд.

Инчунин дар ин муддат дар беморхонаи марказӣ чандин шуъбаҳои табобат ташкил ёфта, кори беморхонаҳои минтақавӣ куллан беҳтар  мегардад. Хизмати Ҳасанов дар ҳифзи саломатии модару кӯдак низ қобили қайд аст. Азбаски дар он солҳо мутахассисони соҳаи гинекология кам буданд ва фавти модару кӯдак зиёд шуда буд, бинобар ин ӯ шаш моҳ дар Институти такмили ихтисоси духтурони шаҳри Тошканд ихтисосашро дар ин соҳа такмил дода 17 сол дар беморхонаи марказии ноҳия ҳамчун гинеколог дар ҳифзи саломатии модару кӯдак саҳми арзанда гузоштааст.

Соли 1966 ба курси такмили ихтисоси касалиҳои чашми ИДТТ рафта, ин соҳаи тибро низ хуб меомӯзад ва то соли 1992, яъне то ба нафақа баромаданаш чун духтури  амрози чашм хизматҳои арзанда намудааст.

Ҳасанов Истамқул баҳри пешрафти зиндагии мардум ба халқу кишвари азиз тўли ҳаёташ аз сидқи дил хизмат намуд ва барои хизматҳои арзандааш бо орденҳои  «Ҷанги Бузурги  Ватанӣ» 1956, «Байрақи сурхи меҳнат» 1965, 18 медалҳои ҷангӣ ва ҷашнӣ мукофотонида шудааст.

Соли 1963 барои хизматҳои шоистааш дар ҳифзи саломатии мардум бо нишони сарисинагии «Аълочии тандурустии СССР», бо фармони Президиумии Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 27 ноябри соли 1964 бо унвони фахрии «Духтури Хизматнишондодаи РСС Тоҷикистон» сарфароз гардонида шудааст. Ҳасанов яке аз шахсиятҳои шинохтаи Ҷумҳурӣ ва яке аз бунёдгузорони соҳаи  тандурустии ноҳия эътироф гардидааст.

Имрӯз кори он касро фарзандону пайвандон ва шогирдонашон идома мебахшанд. Истамқул Ҳасанов дар синни 91-солагӣ 17-июли соли 2015 аз олам чашм пўшид. Кору пайкори ин фарзанди диловари Ватан дар дилу хотираҳо абадиву ҷовидона хоҳад монд.

Соли 2017 бо Қарори маҷлиси вакилони халқи вилояти Сущд, даъвати панҷум таҳти №206 аз санаи 28.06.2017 сол, бо Қарори Раиси ноҳияи Ашт таҳти №445 аз санаи 10.08.2017 сол ба беморхонаи марказии ноҳияи Ашт номи духтури хизматнишондодаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, собиқ сардухтури беморхонаи марказии ноҳия иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ, иштирокчии паради Щалаба дар шаҳри Москва Ҳасанов Истамқул гузошта шуд.

Хушбахтона бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт 100-солагии ин абармарду ҷонфидои миллат боифтихору тантана ҷашн гирифта шуда, дар саҳни беморхона нимпайкараи ӯ кушода шуд.

Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш нахоҳад шуд.