Хизмат ба мардум - Саодати бузург!

Телефони боварӣ

Шанбе, 14 март. 2026
Аз ҳаёти ташкилотҳои ибтидоӣ

Аз ҳаёти ташкилотҳои ибтидоӣ

 ХИЗМАТИ БОСИФАТ ВА АРЗИШИ МАҲСУЛОТ

 Ҳукумати мамлакат барои рушди босуръати соҳаи саноат дар Тоҷикистон таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намудааст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём солҳои 2022 - 2026-ро “Солҳои рушди саноат” эълон намуданд. Тайи солҳои эълонгардида бунёди иншооти саноатӣ дар қаламрави мамлакат дар назар дошта шудааст. Баробари бунёди корхонаҳои саноатӣ таъсиси ҷойҳои нави корӣ ба сокинони мамлакат муҳайё мегардад, ки ин ба некуаҳволии онҳо мусоидат менамояд.

Дар партави супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корхонаву ташкилотҳои ҳудуди вилояти Суғд барои фароҳам сохтани ҷойҳои нави корӣ ва шароити мусоид ба кормандон тадбирҳои зарурӣ меандешанд. Яке аз онҳо корхонаи Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди “Ирис” дар вилояти Суғд мебошад.

Имрӯз боло рафтани нархи маҳсулоти сӯзишворӣ дар бозори ҷаҳонӣ мавриди таваҷҷуҳи аҳли ҷомеа қарор гирифтааст. ҶДММ “Ирис” дар ин замина талош мекунад то нархи сӯзишвориро бо нархҳои миёна нигоҳ дорад. Корхонаи мазкур дар аксари минтақаҳои вилоят нуқтаи фурӯши маҳсулоти сӯзишвории босифатро дорад.

Бино ба маълумоти сардори ҶДММ “Ирис” Файзибоев Ҳотам Ҳакимович 128 нафарро онҳо бо ҷои кори доимӣ ва маоши хуб таъмин намудаанд. ҶДММ “Ирис” ба Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилоят шомил буда, тамоми кормандон низ аъзои иттифоқи касабаи вилоят мебошанд.

Ҷоиз ба таъкид аст, ки ҶДММ “Ирис” ва роҳбарияти он хайру эҳсонкориро пешаи худ намуда, ба ниёзмандон ёрӣ мерасонанд. Ин амали корхонаи мазкур лоиқи таҳсин мебошад.

–Мо дар ҷашну маросим ба аёдати шахсони ниёзманд ва собиқадорони меҳнат меравем. Ба онҳо кӯмакҳо мерасонем, аз аҳволи онҳо хабардор мешавем. Ин амал дар корхонаи мо ба ҳукми анъана даромааст. Дар корҳои ҷамъиятӣ ва ободонии Ватан низ саҳми худро мегузорем,–мегӯяд Файзибоев Ҳ.Ҳ.

Ӯ ҳамчунин таъкид медорад, ки мо бо кормандон ҷомеаи меҳнатии дӯстонаро ба роҳ мондаем. Кормандонро пайваста ба хизмати босифат ба мизоҷон даъват менамоем. Корхонаи мо, ки бо маҳсулоти сӯзишворӣ сарукор дорад, бештар ба бехатарии нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ таваҷҷуҳ менамоем. Барои ин зуд-зуд корҳои бехатарии техникиро ба роҳ мемонем.

ҶДММ “Ирис” шартномаи меҳнатии коллективӣ дошта, дар асоси шартномаи мазкур кумитаи иттифоқи касабаи коргоҳ ҳуқуқҳои кормандонро таъмин менамояд. Дар корхона маблағҳои суғуртаи давлатии иҷтимоии 1,5 фоиза барои барқарор намудани саломатии кормандон ва аъзои оилаи онҳо истифода бурда мешаванд.

Раҳматҷонов Манучеҳр, раиси кумитаи иттифоқи касабаи ҶДММ “Ирис” мегӯяд, ки корхона ташаббускор ва эҳтиёткор мебошад. Таҷҳизоти зиддисӯхторӣ дар ҳама нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ таъмин карда шудааст. Барои ин амалҳои корхонаи мазкур мо робитаи хуби ҳамкориро ба роҳ мондаем.

–Мо меҳнати кормандони ҶДММ “Ирис”-ро қадр намуда, гӯшаи ҳифзи ҳуқуқи кормандонро ташкил намудаем. Пайваста ҳуқуқҳои кормандонро ба онҳо мефаҳмонем, ҳамасола бо навбат кормандон ва фарзандони ба осоишгоҳҳо ва истироҳатгоҳҳо фиристода мешаванд–иброз дошт зимни суҳбат Манучеҳр Раҳматҷонов

Оид ба масъалаи пешгирии ҳодисаҳои нохуш барои кормандон нуқтаҳои фаҳмондадиҳӣ ташкил шудааст, аз ҷумла, китоби бақайдгирӣ, гӯшаи алоҳида ва либосҳои махсус. Қарору фармоишоти мақомоти болоӣ доимо иҷро гардида, кормандон дар ҳама ҷабҳа фаъолияти назаррас доранд.

Дар Шўрои иттифоқҳои касабаи вилоят ҶДММ “Ирис” ҳамчун ташкилоти беҳтарин эътироф гардид.

Мо ба ҷомеаи меҳнатии  коргоҳи мазкур бурдбориву муваффақият таманно менамоем.