
Аз ҳаёти ташкилотҳои ибтидоӣ
АҲАМИЯТ БАҲРИ БЕҲБУДИИ СОҲА
Ташкилоти ибтидоии кумитаи иттифоқи касабаи Минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” дар фаъолияти худ ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттифоқҳои касаба» ва нақшаи корӣ фаъолият бурда, то имрӯз баҳри ҳимояи манфиатҳои иҷтимоӣ-иқтисодии кормандон як қатор корҳоро ба анҷом расонид.
Пеш аз ҳама бо дастгирӣ ва маслиҳатҳои ҳамешагии Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилоят ба ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ-иқтисодии аъзои худ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, ҷиҳати муҳайё гардонидани шароити кории кормандон, риояи техникаи бехатарӣ дар ҷараёни кор, ҳимояи ҳуқуқи ҳар як корманд аз рӯи қонунҳои амалкунанда тадбирҳои амалӣ меандешад.
Айни ҳол дар МОИ “Суғд” 40 субъект ба қайд гирифта шудааст, ки 21 субъекти он ба фаъолияти истеҳсолӣ, сохтмонӣ ва хизматрасонӣ машғул мебошад. Роҳбари Маъмурияти МОИ “Суғд” Муҳаммадзода Муҳаммад Султон дар асоси дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри фаъолияти самарабахш чораҳои муассир ва саривақтӣ андешида, барои беҳтар намудани шароити корӣ ба кормандон тамоми имкониятро фароҳам овардааст. Он ташаббусҳое, ки аз ҷониби кумитаи иттифоқи касаба нисбат ба баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ, варзишӣ бахшида ба ҷашнҳои таърихӣ ва идҳои касбӣ пешниход мегардад, аз чониби Маъмурият ба пуррагӣ дастгирии худро меёбад.
Раиси кумитаи иттифоқи касабаи МОИ “Суғд” Муҳайё Қаюмова зани хоксору ташаббускор ҳама вакт кўшиш мекунад, ки ҳифзи ҳуқуқу ҳимояи кормандонро ҳимоя намояд. Номбурда аз соли 2014 инҷониб раисии иттифоқи касабаи минтақаро бар дўш дошта, саҳмаш дар пешрафти ҳаракати иттифоқҳои касаба назаррас аст. Фаъолияти пурмаҳсули ў аз назари роҳбарон берун намонда, борҳо бо Ифтихорномаю сипоснома қадрдонӣ гардидааст.
Корхона бо фаъолияти пурсамари худ сарбаланд буда, қарзи музди меҳнат надорад.
Оид ба масъалаҳои ҳифзи ҳуқуқ, ҳифзи меҳнат як қатор корҳо ба анҷом расонида шудаанд. Ҳуқуқи кормандон ҳамеша ҳимоя карда мешавад. Оид ба масъалаи пешгирии ҳодисаҳои нохуш, китоби бақайдгирӣ, гўшаи алоҳида, либосҳои махсус ва ғайраҳо назорат пурзўр буда, кумитаи иттифоқи касаба дар ин самт низ фаъолияти худро хуб ба роҳ мондааст.
Ғамхорӣ нисбат ба солимгардонии аъзои иттифоқи касаба ва фарзандони онҳо яке аз масъалаҳои асосии кумита мебошад. Ин аст, ки кумитаи иттифоқи касабаи минтақа ҳар сол барои барқарор намудани саломатии кормандон роҳхат ба осоишгоҳҳои “Шифо” ва “Соҳили Сирдарё” бо истифодаи маблағи 1,5 фоизаи саҳмияи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ ҷудо менамояд.
Ҳамчунин ҳамасола аз тарафи Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилоят ба фарзандони кормандони МОИ “Суғд” роҳхатҳо ба лагерҳои солимгардонии кӯдакон, наврасон ва ҷавонон ба номи «20-солагии Истиқлолият», “Шоҳин” ва «Суғд» ройгон ҷудо карда мешавад, ки боиси миннатдории волидон аст.
Дар арафаи идҳо собиқадорони соҳа ва кормандони оилаҳои камбизоат аз тарафи роҳбарият ва кумитаи иттифоқи касабаи минтақа аёдат карда мешаванд.
Роҳбарият ва ташкилоти ибтидоии кумитаи иттифоқи касабаи Минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” дар роҳи дар амал татбиқ намудани Паёми Президенти кишвар тамоми неруи худро истифода намуда, баҳри ободию пешравии кишвари азизамон кӯшиш ба харҷ дода, дастовардҳоро дар фаъолият зиёд ва ҷиҳати иҷрои саривақтии дастуру супоришҳо ва қарору фармоишҳои Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилоят ва нақшаи чорабиниҳои вилоятӣ тадбирҳои заруриро амалӣ менамояд.