Хизмат ба мардум - Саодати бузург!

Телефони боварӣ

Якшанбе, 20 июл. 2025
ҶАШНИ ҲАМДИЛИВУ ЯГОНАГӢ  АКСИЯ ТАҲТИ УНВОНИ "ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – ШУКУФОИИ ВАТАН АСТ"

ҶАШНИ ҲАМДИЛИВУ ЯГОНАГӢ АКСИЯ ТАҲТИ УНВОНИ "ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – ШУКУФОИИ ВАТАН АСТ"

Таъмини ваҳдату якпорчагии миллӣ ва ягонагии кишвари маҳбубамон, бешубҳа, яке аз муҳимтарин дастовардҳои сиёсиву иҷтимоии даврони истиқлол ба шумор меравад.

Барои расидан ба ин неъмати бебаҳо, мардуми шарифи Тоҷикистон таҳти роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, мушкилоту монеаҳои даврони ҷанги шаҳрвандӣ ва солҳои душвори мудҳишеро паси сар кардааст.

Маҳз ба ҳамин далел, Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамчун яке аз санаҳои бузургу муқаддас ва рӯҳбаландсози таърихӣ ҳамасола дар саросари кишвар бо тантана ва шукӯҳу шаҳомати хоса ҷашн гирифта мешавад.

Дар доираи Нақшаи чорабиниҳои Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд санаи 26-уми июни соли 2025 аксия таҳти унвони “Ваҳдати миллӣ – шукуфоии Ватан аст” баргузор гардид.

Дар доираи ин аксия ба шаҳрвандон маводҳои табрикотӣ ва таблиғотӣ паҳн гардида, аҳамияти таърихӣ ва фарҳангии ин ҷашн фаҳмонида шуд.

Мақсади баргузории аксия тақвияти эҳсоси ифтихори миллӣ, ватандӯстӣ, ҳамдиливу ҳамгироӣ, ва арҷгузорӣ ба арзишҳои давлати соҳибистиқлолу сулҳпарвари Тоҷикистон мебошад.