
ҲАМОИШ ТАҲТИ УНВОНИ “ПАЁМ - РОҲНАМО БА СӮИ ОЯНДАИ ДУРАХШОН”
Санаи 31 январи соли дар толори Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд ҳамоиш таҳти унвони “Паём - роҳнамо ба сӯи ояндаи дурахшон” бо иштироки фаъолон ва кормандони Иттифоқҳои касабаи вилоят баргузор гардид.
Раиси Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд Шарифулло Абдуллозода ҳамоишро ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки моро зарур аст барои тарғиб ва амалӣ намудани ҳар нуктаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олиро сармашқи фаъолият қарор диҳем. Зеро дар Паём нуктаҳои муҳими таҳкими Истиқлолияти давлатӣ ва якпорчагии ҷумҳуриамон таъкид шуда, роҳҳои амалӣ сохтани барномаҳои давлатӣ ҷиҳати таъмини рушди устувори иқтисодию иҷтимоӣ ва болоравии маънавиёти сокинони кишвар муайян карда шудааст.
Инчунин қайд намуд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни пешниҳоди паём ба мақоми олии қонунгузории мамлакат - Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз вазъи бисёр ҳассоси ҷомеаи ҷаҳонӣ ёдовар шуда, афзуданд, ки воситаи ягонаи ҳимояи миллат ва давлат дар шароити пуртазоди ҷаҳонишавӣ рушди соҳаи маориф, боло бурдани иқтидори иқтисодии соҳаҳои гуногун ва афзалиятноки иқтисодиёти миллӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои зиндагии шоиста дар мамлакат мебошад. Ҳамзамон, гузариш ба рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ ҷиҳати таъмин намудани шаффофияти муносибатҳои иқтисодиву молиявӣ қадамҳои устувор гузошта шавад.
Сипас Саидумрон Саидов, номзади илмҳои филологӣ, дотсенти Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров оид ба ““Иқтисоди сабз” ва дурнамои беҳдошти зиндагии ҷомеа” дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маърўза намуд. Мавсуф дар баромади худ оид ба мафҳуми “Иқтисоди сабз” изҳори назар кард. Ӯ гуфт, ки Пешвои миллат ба масъалаи экология ва иртиботи он ба рушди устувори иқтисодӣ таваҷҷӯҳи хоса доранд ва он ба зиндагии хубу солимии ҷомеа мусоидат мекунад. Ҳамзамон ў оид ба иқтисоди рақамӣ ки талаботи замон аст, ҳарф зад
Дар ҳамоиш таъкид гардид, ки паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳар як шаҳрванди кишвар ҳамчун роҳнамо ба сӯи ояндаи дурахшон мебошад.