
ҶАЛАСАИ V ШӮРОИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБАИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ
Дар ҷаласаи V Шӯрои иттифоқҳои касабаи давлатҳои Осиёи Марказӣ раисони Федератсияи иттифоқҳои касабаи ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Муғулистон иштирок доштанд.
Дар ҷаласа масъалаҳо оид ба меҳнати арзанда дар ширкатҳои фаромиллӣ, сатҳи ҷалби корфармоён ба шарикии иҷтимоӣ, манбаъҳои барқароршавандаи энергия, истифодаи сиёсати иқтисоди сабз ҳамчун воситаи кори бехатар, фаъолияти минбаъдаи Шӯрои иттифоқҳои касабаи давлатҳои Осиёи Марказӣ, баргузории озмуни «Беҳтарин шарики иҷтимоӣ» ва таҷлили иди Наврӯз мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Муовини аввали раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон - Файзизода Исмоил Нарзӣ ва намояндагони иттифоқҳои касабаи давлатҳои Осиёи Марказӣ оид ба масъалаҳои зикргардида сухан роданд.
Оид ба масъалаҳои баррасигардида қарорҳои дахлдор қабул гардид.
Дар фарҷом раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Маликшо Неъматзода ҳозиринро барои иштирокашон миннатдорӣ баён намуда, ба кори ҷаласа хотима бахшиданд.