
ҶАЛАСАИ V ШӮРОИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБАИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ
Санаи 13 майи соли ҷорӣ дар толори "Бӯстонсарои Суғд" бо иштироки Раиси вилояти Суғд, муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон Раҷаббой Аҳмадзода ҷаласаи V-уми Шӯрои иттифоқҳои касабаи давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид.
Кори ҷаласаро раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Маликшо Неъматзода ифтитоҳ намуда, меҳмонро хайрамақдам гуфта, ба кори ҷаласа бурдборӣ таманно намуд.
Дар ҷаласа Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода баромад намуда, қайд кард, ки дар ҳамаи иқдомҳои давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттифоқҳои касаба саҳми сазовор мегузорад ин ташкилоти ҷамъиятӣ тӯли солҳои истиқлолият исбот намуд, ки барои ҳар як аъзои иттифоқи касаба арзишҳои умумимиллӣ чун оромии кишвар, ягонагии Точикистон ва Ваҳдати халқҳои он самти афзалиятноки фаъолият аст.
Сипас, раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон - Рафиков Кудратилла Мирсагатович барои меҳмоннавозӣ ва дар сатҳи баланд ташкил намудани чорабинӣ миннатдории худро баён намуд.
Ҳамчунин, аз тарафи Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба меҳмонон тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид.
Кори ҷаласа идома дорад.