Хизмат ба мардум - Саодати бузург!

Телефони боварӣ

Якшанбе, 20 июл. 2025
ҶАЛАСАИ СИТОДИ ВИЛОЯТИИ  “ТОБИСТОН-2025” БАРГУЗОР ГАРДИД.

ҶАЛАСАИ СИТОДИ ВИЛОЯТИИ “ТОБИСТОН-2025” БАРГУЗОР ГАРДИД.

Субҳи имрӯз санаи 2 июни соли ҷорӣ дар толори Шӯрои иттифоқҳои икасабаи вилоят бо роҳбарии раиси ситод, раиси Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилоят Абдуллозода Ш.Б. ҷаласаи ситоди вилоятии «Тобистон-2025» баргузор гардид. 

Дар кори он аъзоёни ситоди вилоятӣ ва дигар масъулони соҳа иштирок намуданд.

Раиси Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилоят Абдуллозода Ш.Б оид ба рафти омодагӣ ба мавсими истироҳати тобистонаи кўдакон ва наврасон дар соли 2025 изҳори нигаронӣ намуда, аз масъулон пурсишҳо ба амал овард. Масъулон вазифадор карда шуданд, ки дар муҳлатҳои кўтоҳтарин оид ба бартараф намудани камбудиҳо тадбирҳои мушаххас андешанд.  

Дар фарҷом Ш.Абдуллозода ба раисони кумитаҳои соҳавӣ супоришҳо дод, ки иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 февраи соли 2025, №97 “Дар бораи ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон дар соли 2025” ва қарори ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ аз 25 апрели соли 2025 “Тобистон-2025”-ро бояд дар муҳлатҳои муайянгардида таъмин намоянд. Ҳамчунин таъкид гашт, ки барои дар сатҳи зарурӣ омода ва баргузор намудани мавсими истироҳати тобистонаи кўдакон ва наврасон дар соли 2025, ҳар як Кумитаи соҳавии вилояти масъулият доранд ва бояд тадбирҳо андешанд.