ҶАЛАСАИ КОРИИ ШӮРОИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБАИ ВИЛОЯТИ СУҒД
Дар толори Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд таҳти роҳбарии Раиси Шӯро Абдуллозода Шарифулло Бобоҷон ҷаласаи корӣ баргузор гардид.
Дар ҷаласа масъалаҳои марбут ба фаъолияти иттифоқҳои касаба, таъмини иҷрои қарорҳои Шўрои генералии Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва дигарҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Раиси Шўро аз масъулон ва раисони Кумитаҳои соҳавии вилоятӣ оиди рафти истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон дар мавсими соли ҷорӣ, ҳарчӣ бештар ба истироҳат фаро гирифтани кўдакону наврасон, аз ҷумла ятиму бепарастр, кўдакон аз оилаҳои камбизат, кўдаконе, ки дар мактаб-интернатҳо таҳти таъминоти давлат қарор доранд, ҳамчунин оид ба пардохти қарзи музди меҳнат, оиди хароҷоти маблағхои 1,5 фоизаи саҳмияи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ, иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ”, оиди сари вақт пешниҳод намудани ҳисоботҳои даврии фаъолият ва нишондиҳандаҳои оморӣ ва дигар пурсишҳо ба амал оварда, супоришҳои мушаххас дод.
Инчунин иҷрои сифтанок ва саривақтии қарорҳо ва дастурҳои Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистонро таъкид намуда, барои бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта вазифагузорӣ намуд.
Тоҷикӣ
Русский
English 

