Хизмат ба мардум - Саодати бузург!

Телефони боварӣ

Якшанбе, 20 июл. 2025
АКСИЯИ ИТТИЛООТӢ-ТАБЛИҒОТӢ ТАҲТИ УНВОНИ "ШУҒЛИ ҒАЙРИРАСМӢ ВА ОҚИБАТИ ОН"

АКСИЯИ ИТТИЛООТӢ-ТАБЛИҒОТӢ ТАҲТИ УНВОНИ "ШУҒЛИ ҒАЙРИРАСМӢ ВА ОҚИБАТИ ОН"

Санаи 29 майи соли ҷорӣ дар доираи нақшаи чорабиниҳои Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилоят аксияи иттилоотӣ-таблиғотӣ таҳти унвони "ШУҒЛИ ҒАЙРИРАСМӢ ВА ОҚИБАТИ ОН" бо тақсимоти маводҳои иттилоотӣ дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Хуҷанд баргузор гардид.

Дар доираи аксияи мазкур аз тарафи мутахассисони Шўро ба шаҳрвандон оиди муносибатҳои меҳнатӣ, тартиб додани шартномаҳои меҳнатӣ, аз байн бурдани шуғли ғайрирасмӣ, имтиёзҳо ва роҳҳои шомил гардидан ба иттифоқи касаба маслиҳатҳои ҳуқуқӣ дода, варақаҳои тарғиботӣ дастрас карда шуд. 

Ҳадаф аз баргузории аксияи мазкур ба шаҳрвандон фаҳмонидани моҳияти ҳуқуқҳояшон медбошад. Иттифоқҳои касаба дар ин самт кӯмакрасони мардум мебошад.