
АКСИЯ ТАҲТИ УНВОНИ “НЕСТ БОД ТЕРРОРИЗМ”
Дар доираи нақша чорабиниҳои Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилоят бо мақсади пешгирии ҷавонон аз падидаҳои номатлуби ҷомеа аксияи тарғиботӣ таҳти унвони “Нест бод терроризм” дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Хуҷанд баргузор гардид.
Гуруҳи тарғиботчиён ба шаҳрвандон ҷиҳати пешгирии хатари терроризм ва гуруҳҳои ифротгароӣ, ҳимояи манфиатҳои миллӣ, ҳифзу суботи амнияти Тоҷикистон, пешгирии ҷавонон аз терроризм ва экстремизм, таълимоти ғайрирасмии динӣ, ихтилофҳои мазҳабӣ, маданияти истифодаи телфонҳои мобилӣ, ӯҳдадории падару модарон дар тарбияи фарзандон, дар руҳияи ватанпарварӣ тарбия намудани насли наврасу ҷавон, ҷалби онҳо ба китобхонӣ, даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози андешаронӣ намуда, ҳамзамон, ба шаҳрвандон варақаҳои тарғиботиву ташвиқотӣ ва иттилоотии Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд дастрас карда шуданд.