Хизмат ба мардум - Саодати бузург!

Телефони боварӣ

Душанбе, 10 авг. 2026
АКСИЯ ТАҲТИ УНВОНИ "НАҚШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ВА ВАҲДАТИ МИЛЛӢ "

АКСИЯ ТАҲТИ УНВОНИ "НАҚШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ВА ВАҲДАТИ МИЛЛӢ "

        Таъмини ваҳдату якпорчагии миллӣ ва ягонагии кишвари маҳбубамон, бешубҳа, яке аз муҳимтарин дастовардҳои сиёсиву иҷтимоии даврони истиқлол ба шумор меравад.

Барои расидан ба ин неъмати бебаҳо мардуми шарифи Тоҷикистон таҳти роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мушкилоту монеаҳои даврони ҷанги шаҳрвандӣ ва солҳои душвори мудҳишеро паси сар кардааст.

Маҳз ба ҳамин хотир, Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамчун яке аз муҳимтарин ва муқаддастарин санаҳои таърихии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола дар саросари кишвар бо шукӯҳу шаҳомати хоса, рӯҳияи баланди ватандӯстӣ ва эҳтироми амиқ ҷашн гирифта мешавад.      

 Дар доираи Нақшаи чорабиниҳои Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд санаи 26-уми июни соли ҷорӣ аксия таҳти унвони “НАҚШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ВА ВАҲДАТИ МИЛЛӢ” баргузор гардид.

        Дар доираи ин аксия ба шаҳрвандон маводҳои табрикотӣ ва таблиғотӣ паҳн гардида, аҳамияти таърихӣ ва фарҳангии ин ҷашн фаҳмонида шуд.

        Мақсади баргузории аксия тақвияти эҳсоси ифтихори миллӣ, ватандӯстӣ, ҳамдиливу ҳамгироӣ, ва арҷгузорӣ ба арзишҳои давлати соҳибистиқлолу сулҳпарвари Тоҷикистон мебошад.