АКСИЯ ТАҲТИ УНВОНИ «ИТТИФОҚИ КАСАБА – ҲИМОЯТГАРИ МАРДУМ»
Самтҳои афзалиятноки фаъолияти Иттифоқҳои касаба ҳамчун ташкилоти оммавӣ ҳифзу ҳимояи дастовардҳои истиқлолияти давлатӣ, таҳкими сулҳу субот дар саросари кишвар, ваҳдати миллӣ, ҳифзи манфиатҳои иҷтимоиву иқтисодии аъзои иттифоқи касаба ва фароҳам овардани шароити арзандаи зиндагӣ ба ҳар корманд мебошад.
Дар радифи корҳои созандаи халқи мо, ки қадами устувор ба сӯи зиндагии муосир ва шоистаро мегузорад, Иттифоқҳои касаба низ дар самти амалӣ намудани назорати ҷамъиятӣ оид ба риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба меҳнат, фароҳам овардани шароити муносиб барои зиндагии кормандони соҳаҳои гуногун, ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои онҳо ва таъмини адолати иҷтимоӣ масъулияти бузургеро ба дӯш дорад.
Аз оғози давраи Истиқлолияти давлатӣ то имрӯз Иттифоқҳои касаба ҳамчун шарики боэтимод бо ҳисси баланди масъулият барои амалӣ намудани сиёсати иқтисодию иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳиссаи худро гузошта истодааст. Эътимоду боварии мардум ба ин ташкилоти ҷамъиятӣ далели равшани он аст, ки Иттифоқҳои касаба бо ҷомеа иртиботи ногусастанӣ дошта, дар ҳалли масъалаҳои иҷтимоиву меҳнатии аҳолӣ саҳми муассир мегузоранд.
Дар доираи Нақшаи чорабиниҳои Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд ва ба муносибати Рӯзи иттифоқҳои касаба санаи 21 октябри соли ҷорӣ, аксия таҳти унвони «Иттифоқи касаба – ҳимоятгари мардум» бо тақсимоти маводҳои иттилоотӣ дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Хуҷанд баргузор гардид.
Дар рафти аксия ба шаҳрвандон ва аъзоёни иттифоқҳои касаба маводҳои иттилоотӣ, таблиғотӣ ва табрикотӣ тақсим шуда, дар бораи самтҳои фаъолияти Иттифоқҳои касаба ва нақши онҳо дар ҳифзи манфиатҳои кормандон маълумот дода шуд.
Тоҷикӣ
Русский
English 

