Хизмат ба мардум - Саодати бузург!

Телефони боварӣ

Якшанбе, 20 июл. 2025
Қадами дигар дар таҳкими шарикии стратегӣ:  Сафари корӣ ба вилояти Свердловск дар доираи  Созишномаи ҳамкорӣ

Қадами дигар дар таҳкими шарикии стратегӣ: Сафари корӣ ба вилояти Свердловск дар доираи Созишномаи ҳамкорӣ

Дар партави дӯстии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия, зимни он ҳамкориҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бо вилояти Свердловск ва бо дастгирии Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Созишномаи ҳамкории пурсамар моҳи феврали соли 2024 байни Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд ва Федератсияи Иттифоқҳои касабаи вилояти Свердловски Федератсияи Русия ба тасвиб расид.

Ин ҳуҷҷати стратегию муҳим заминаи ҳуқуқӣ ва амалии мустаҳкамеро барои густариши робитаҳои минбаъда, табодули таҷриба ва татбиқи барномаҳои муштарак гузошт, ки ба нафъи меҳнаткашони ҳар ду ҷониб мебошад.

        Қобили зикр аст, ки дар соли гузашта, ба таври мутақобила, як гурӯҳи калони меҳмонон аз Иттифоқҳои касабаи вилояти Свердловск низ ба вилояти азизи мо ташриф оварда буданд. Ин сафарҳои корӣ, табодули таҷрибаҳо ва мулоқотҳои самимӣ на танҳо ба таҳкими робитаҳои касбии иттифоқҳои касаба мусоидат менамоянд, балки ба густариши ҳамкориҳои фарогири байниминтақавӣ, фарҳангӣ ва гуманитарӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия низ саҳми арзанда мегузоранд.

I. Баргузории мулоқотҳои кории пурсамар ва

             музокироти судманд

       1.Мулоқот дар Федератсияи иттифоқҳои касабаи вилояти Свердловск.

          Дар доираи сафари ҳайати намояндагони иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд ба вилояти Свердловск, мулоқоти муҳим бо роҳбарият ва масъулини Федератсияи иттифоқҳои касабаи вилояти Свердловск дар толори Федератсияи мазкур доир гардид. Ҳайати меҳмононро муовини аввали Раиси Федератсия,  Алексей Киселёв, пазироӣ намуданд. Дар ин музокирот роҳбарони кумитаҳои соҳавӣ ва масъулини Федератсияи иттифоқҳои касабаи вилояти Свердловск низ ширкат варзиданд.

 Алексей Киселёв, зимни хайрамақдам ба ҳайати меҳмонон, андешаҳои худро доир ба раванди ҳамкориҳои дуҷониба ва натиҷаҳои то имрӯз бадастомада иброз дошт. Ӯ таъкид намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон барои Федератсияи Русия шарики стратегӣ маҳсуб гардида, таърихи дӯстиву ҳамкории ин ду кишвар хеле бой ва рангин аст. Вай бо ситоиш аз мардуми меҳмоннавози тоҷик, ҳиммати баланд ва одамгарии эшон ёдовар шуд, ки борҳо онҳоро қоил гардонидааст. Сипас, Киселёв дар мавриди барномаҳои ҳамкорӣ, аз ҷумла омӯзиши таҷрибаи дуҷониба, таъсиси марказҳои бозомӯзӣ, дастгирии муҳоҷирон дар қаламрави вилояти Свердловск ва шаҳри Екатеринбург, инчунин ташаккули гурӯҳҳои сайёҳии муштарак, изҳори назарҳои мушаххас намуд. Ӯ таъкид дошт, ки фаъолияти иттифоқҳои касаба дар ин самт аз дӯстиву ҳамкориҳои байнидавлатӣ ва барномаҳои стратегии ду сарвари кишварҳо, Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат,  Эмомалӣ Раҳмон, сарчашма мегирад, ки ин ба кори онҳо бузургӣ ва аҳамияти хос мебахшад.

   Дар идомаи мулоқот, роҳбари ҳайат, муовини якуми Раиси Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд,  Нӯъмонҷон Юлдошӣ, зимни ироаи мақсад ва рисолати ташрифи навбатӣ, оид ба дастовардҳои назарраси иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мисоли вилояти Суғд суханронӣ намуд.

    Раиси ташкилоти ибтидоии иттифоқҳои касабаи Корхонаи саноатии “Ҷавонӣ”-и вилояти Суғд, Қаландарова Раъноҷон Мубиновна, зимни суҳбати худ ба таҳлили рушди имрӯзаи саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо намунаи  фаъолияти корхонаи “Ҷавонӣ”, ибрози назар намуд. Ӯ таъкид дошт, ки созмони иттифоқи касабаи коргоҳ фаъолияти хеле самарабахш дорад.

       2.Мулоқотҳо дар кумитаҳои соҳавӣ

Дар идомаи ин мулоқоти умумӣ, ҷаласаҳои корӣ ва мубодилаи таҷриба ба таври мушаххастар идома ёфт. Дар ин замина, мулоқотҳои дуҷонибаи соҳавӣ баргузор гардид. Раиси Кумитаи кормандони фарҳанги иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд,  Қодирова Фотимахон Саидовна, бо ҳамтоёни худ аз кумитаи фарҳанги Федератсияи иттифоқҳои касабаи вилояти Свердловск музокироти мушаххас анҷом доданд. Ҳамзамон, Раиси Кумитаи кормандони тандурустии Иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд, Маллаев Олимхӯҷа Масиёевич, бо намояндагони кумитаи тандурустии Федератсияи мазкур дидору гуфтугӯ намуданд.

  1. Пазироии ҳайат дар Маҷлиси қонунгузории вилояти Свердловск.

Рӯзи дигар ҳайати меҳмонон аз вилояти Суғд дар толори Маҷлиси қонунгузории вилояти Свердловск гарм пазироӣ гардида, бо роҳбарияти ин мақоми олии қонунгузор мулоқоти корӣ баргузор намуданд. Дар ин мулоқот ҳайатро иҷрокунандаи вазифаи Раиси Маҷлиси қонунгузорӣ,  Якимов Виктор Василевич, ҳамроҳ бо Раиси комиссияи Маҷлис оид ба масъалаҳои қонунгузорӣ ва амнияти ҷамъиятӣ, Вегнер Вячеслав Михайлович, ва узви Мулоқотро  Виктор Василевич Якимов оғоз бахшида, меҳмоноро бо Рӯзи ваҳдати миллӣ муборакбод намуд ва  дар суханронии худ таъкид намуд, ки дар партави ҳамкориҳои судманди ду давлат – Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон – ки сарварони онҳо,  Владимир Путин ва Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Эмомалӣ Раҳмон мебошанд, роҳбарияти вилоятҳои Свердловск ва Суғд дар пояи созишномаҳои ҳамкорӣ робитаҳои зичро дар самтҳои мухталиф рушд медиҳанд. Ӯ гуфт, ки дар ин замина ҳамкории пурвусъат ва доманадори Федератсияи Иттифоқҳои касабаи вилояти Свердловск ва Шӯрои иттифоқҳои касбаи вилояти Суғд шоистаи зикр ва эҳтиром аст.  Ин ҳамкорӣ дар беҳдошти фаъолияти муҳоҷирони меҳнат имконияти хуб фароҳам меорад. Виктор Василевич Якимов зикр кард,ки дар вилояти Свердловск ва шаҳри Екатеренбург аз Тоҷикистон теъдоди зиёди муттахассисони соҳаи тандурустӣ, маориф, илм, савдо ва тиҷорат фаъолият доранд ва дар пешбурди иқтисодиёти минтақа саҳми бориз доранд. Мардуми рус барои заҳмати онҳо ҳамеша аҷр мегузорад ва эҳтироми хоса дорад.

Исаков Тарас Мамадҷонович, узви Маҷлиси қонунгузории вилояти Свердловск ёдрас кард, ки тоҷикон таърихи беш аз шашҳазорсола доранд ва фарҳанги баланди онҳо дар ҳамаи самтҳо мушоҳида мешавад. Ӯ гуфт, ки Ибни Сино, ки асосгузори тибби олам ва Умари Хаййём, ки дар Русия аз Сарвари давлат сар карда, то сокини оддӣ дӯст медорад  фарзандони  фарзонаи миллати тоҷик мебошанд. Аз ин рӯ мардуми ҳушманду хирадманди Россия ба миллати тоҷик ҳамчун ба миллати донишманду муттафаккир муроҷиат мекунад. Аз ин рӯ ҳамкориҳои мо ҳамеша дар сатҳи баланд ва аз назари мантиқ қобили қабул сурат мегирад

Муовини якуми Раиси Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд,  Нӯъмонҷон Юлдошӣ, дар ҷараёни суханронии худ бо қаноатмандӣ таъкид дошт, ки сиёсати сарварони давлатҳо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Россия  Владимир Путин дар тақвияти дӯстии халқҳои ду давлат шароити хос фароҳам овардааст. Ин аст, ки ҳамкории пурсамар ва ҳамешагии байни Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд ва Федератсияи иттифоқҳои касабаи вилояти Свердловск то ин дам натоиҷи назаррас ва арзишманд ба бор овардааст. Бахусус гуфт ӯ дар партави ин шарикии мустаҳкам, механизмҳои ҳамкории мушаххас ва барномаҳои амалии муштараки ҷонибҳо муваффақона таҳия ва мавриди амал қарор дода шудаанд, ки ин худ аз сатҳи баланди эътимод ва ҳамоҳангӣ миёни ду созмон гувоҳӣ медиҳад.

Ин ҳамкории дуҷониба байни ин ду созмони муътабар заминаи мусоид ва устувореро фароҳам меоварад, ки дар беҳдошти шароити корию зиндагии муҳоҷирони тоҷик дар қаламрави вилояти Свердловск, ҳифзи ҳамаҷонибаи ҳуқуқҳои меҳнатии онҳо ва таъмини амнияту бехатарии фаъолияташон дастовардҳои бориз ба даст оянд. Дар маҷмӯъ, ин робитаҳои ҳамешагии судманд ба ҳифзи манфиатҳои васеи меҳнаткашон ва тавсеаи ҳамкориҳои байналмилалии иттифоқҳои касаба дар сатҳи минтақавию ҷаҳонӣ мусоидат намуда, саҳми арзанда мегузоранд.

Ҳамчунин Раънохон Қаландарова ва Саидумрон Саидов оиди ҳамкориҳои минбаъда таклифу пешниҳодҳои мушаххас баён карданд. Дар фароварди сӯҳбат ҳадяҳои хотиравӣ аз ҷониби ҳарду тараф супорида шуд.