Хизмат ба мардум - Саодати бузург!

Телефони боварӣ

Ҷумъа, 15 мая. 2026
1 сентябр–Рӯзи амалиёти иттифоқи касаба барои сулҳ 

1 сентябр–Рӯзи амалиёти иттифоқи касаба барои сулҳ 

Баҳри зиндагии шоиста мекӯшем

Ҳар сол санаи 1-уми сентябр мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» дар ҷумҳурӣ Рӯзи амалиёти иттифоқи касаба барои сулҳ таҷлил карда мешавад, ки махсусан ин рӯзро тамоми меҳнаткашони дунё ботантана таҷлил менамоянд.

Иттифоқи касаба ҳамчун ташкилоти оммавӣ рисолати хешро дар ҳифзу ҳимояи дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ, таҳкими сулҳу субот дар саросари кишвар, ваҳдати миллӣ, ҳифзи манфиатҳои иҷтимоию иқтисодии аъзои Иттифоқи касаба ва фароҳам овардани шароити арзандаи зиндагӣ барои ҳар як корманд анҷом дода истодааст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 24-уми октябри соли 2019 дар вохӯрӣ бо роҳбарону фаъолони Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намуда буданд: «Дар роҳи ноил шудан ба дастовардҳо дар баробари сохторҳои ҳокимияти давлатӣ иттифоқҳои касаба низ саҳмгузор буда, онҳо ба ҳайси созмони оммавии мардумӣ масъулияти ширкат дар идоракунии ҷомеа, тарбияи кадрҳо, ҳалли масъалаҳои мубрами ҳаёт ва таъмини адолати иҷтимоӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти кормандон дар соҳаҳои иқтисоди миллиро ба уҳда доранд ва ҷиҳати ба амал баровардани вазифа ва салоҳиятҳои қонунии худ бояд тадбирҳои зарурӣ роҳандозӣ намоянд».

Аслан иттифоқҳои касаба як иттиҳодест, ки меҳнаткашони соҳаҳои мухталифро муттаҳид мегардонад. Ин ҷамъият умуман таҷассумгари манфиатҳои табақаҳои гуногуни коргарон мебошад ва ҳуқуқу манфиатҳои онҳоро ҳимоя менамояд. Аз ин рӯ, фаъолияти он самти калидӣ дар тамоми давраҳо маҳсуб меёбад, чунки имрӯз танҳо иттифоқи касаба ҳамчун ҳомии ҳуқуқ ва манфиатҳои меҳнатию иҷтимоии меҳнаткашон эътироф шудааст.

Аъзои иттифоқи касаба чун кулли мардуми кишвар барои рушди босуботи иқтисодиёту иҷтимоиёти мамлакат, таъмини ҳаёти арзандаи бошандагони ин сарзамини куҳанбунёд заҳмат мекашанд ва ҷиҳати ба ояндагон боқӣ гузоштани Ватани ободу осуда ва арзандаи ифтихору дӯстдорӣ кӯшиш ба харҷ медиҳанд.

Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон ҳамарӯза ҳамроҳу ҳамқадам ва ҳамнафаси аҳли меҳнати мамлакат мебошанд ва дар пешрафти ҷомеаи навин мавқеи муайян доранд. Мақсаду мароми он мустаҳкам намудани сулҳу ваҳдат, якпорчагии мамлакат, ҳамкорӣ бо мақомоти давлатӣ ва масъалаҳои иҷтимоии аҳли меҳнат аст.

Фаъолияти иттифоқҳои касаба ва обрӯю эътибори онҳо дар байни аҳли меҳнат дар фазои сулҳу дӯстӣ, якдилию якпорчагӣ ва созандагию бунёдкорӣ дар мамлакат муайян мегардад. Аз ин лиҳоз, иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон дар асоси ғояҳои тараққипарвар, ки мақсаду маромаш ҳифзи манфиатҳои ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ ва меҳнатии шаҳрвандон, сатҳи баланди зиндагӣ, дастгирии истеҳсолкунандагон, интизоми хуби меҳнат, пешрафти истеҳсолот, таъмини коллективҳои меҳнатӣ дар ҳалли масъалаҳои ҳаётӣ мебошад, фаъолият дорад.

Бо боварии боэътимод гуфта метавонам, ки кормандон ва аъзои иттифоқҳои касаба дар фаъолияти ҳаррўзаи худ дар ҳамбастагӣ бо аҳли меҳнат барои ободии Ватани азизамон азму иродаи созандагӣ ва нерўи бунёдкориро дареғ намедоранд ва диёри худро ба мулки ободу пешрафта табдил медиҳанд

Умед аст, ки сулҳу салоҳ, ваҳдату ягонагӣ, ҳамкории созмонҳо, ҷамъиятҳо ва ҳизбҳои гуногун ва пеш аз ҳама, меҳнати бунёдкоронаи хурду бузурги ҷомеа мамлакати моро дар муддати начандон зиёд ба қуллаҳои баланди умеду орзуҳоямон мерасонад ва Тоҷикистони азиз ба давлати мутараққии ҷаҳон табдил хоҳад ёфт.

Кулли кормандони бошарафи Иттифоқи касабаро ба ин санаи тақдирсоз табрику муборакбод гуфта, баҳрашон зиндагии орому осоишта ва хушиҳои ҳаётро таманно дорам.

Шарифулло Абдуллозода,

раиси Шӯрои иттифоқҳои

касабаи вилоят