Тиллои сафед
Пахта дар саҳро шукуфта интизори чидан аст,
Ғайрате дўстон, ки ҳимматро дами санҷидан аст.
Дар ҷамоатҳои шаҳри Конибодом гурӯҳи тарғиботию ташвиқотии Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилоят силсилаи вохӯриҳои судмандеро бо сокинон, раисони маҳалҳо, фаъолон ва кормандони масъули ҷамоатҳо баргузор намуданд. Дар ин вохӯриҳо, таваҷҷуҳи асосӣ ба аҳамияти саривақтӣ ва босифат ҷамъоварӣ намудани ҳосили пахта, ки ҳоло дар майдонҳои пахтазор шукуфон аст, нигаронида шуд. Даъват ба амал оварда шуд, ки бо истифода аз обу ҳавои муносиб ҷамъоварӣ намудани пахта қарзи шаҳрвандии ҳар як сокини ҷамоат мебошад.
Инчунин дар ин вохўриҳо оиди сари вақт ва беталаф ҷамъоварӣ намудани дигар маҳсулотҳои кишоварзӣ, риояи ҳатмии қоидаҳои зидди сўхтор, алалхусус дар корхонаҳои пахтатозакунӣ, риояи уоидаҳои бехатарии меҳнат таъкид гардиданд. Ин даъват ба заҳмат ва масъулият дар ҳоле садо медиҳад, ки меҳнати содиқонаи деҳқонон пояҳои иқтисодии кишварро мустаҳкам месозад.
Ҳамзамон, бо дарназардошти омодагӣ ба мавсими сармо ва таъмини устувории иқтисодиёти хонаводагӣ, ба масъалаҳои истифодаи сарфакоронаи нерӯи барқ, пешгирии талафот ва истифодаи ғайриқонунии он таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир гардид. Корҳои фаҳмондадиҳӣ дар самти зарурати фароҳам овардани захираи дусолаи маводи ғизоӣ дар ҳар як оила идома дорад, ки ин иқдом барои таъмини амнияти озуқаворӣ ва оромии мардум дар шароити тағйирёбандаи ҷаҳонӣ аҳамияти бузург дорад.
Тоҷикӣ
Русский
English 

