Хизмат ба мардум - Саодати бузург!

Телефони боварӣ

Ҷумъа, 10 апр. 2026
ТАБРИКОТИ  РАИСИ ШЎРОИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБАИ ВИЛОЯТИ СУҒД  БАХШИДА БА РЎЗИ МОДАР

ТАБРИКОТИ РАИСИ ШЎРОИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБАИ ВИЛОЯТИ СУҒД БАХШИДА БА РЎЗИ МОДАР

ИДИ ФАРХУНДАИ БАҲОРУ ЗЕБОӢ - РӮЗИ МОДАР МУБОРАК!

Модарони азизу меҳрубон!

Бонувони гиромиқадр!

Ҳамаи Шумо - кулли модарон ва занону бонувони иззатмандро ба муносибати Рӯзи Модар самимона табрик гуфта, ба Шумо пеш аз ҳама саломативу хушбахтӣ, рӯзгори пурсаодат ва тамоми хушиҳои зиндагиро орзу менамоям.

Ифтихор аз он дорем, ки дар кишварамон мақому манзалати занону бонувон дар даврони соҳибистиқлолии кишвар баланд гардида, онҳо дар татбиқи сиёсати давлат мавқеи устуворро касб намудаанд.

Чӣ хеле, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳояшон дар ситоиши Зан-Модар баён менамоянд: «Шумо тарбиятгари қаҳрамонон ва мардони майдон, ғамхору парастори ҳамсару фарзандон, нигаҳбону ҳимоятгари арзишҳои неку гармии хонадон, дуогӯи пиру ҷавон ва орзуманди хушбахтии фарзандон ҳастед.»

Воқеан Зан мавҷудест, ки вуҷудаш саршор аз муҳаббат, меҳр, каромат, шарофат ва латофат буда, барои ҳастии сайёра чун сутуни устувор бори зиндагиро таҳаммул менамояд. Ин мавҷуди олам дорои сиришту сармояест, ки ҳар ҳар лаҳза инсониятро ба сӯи такомули ҳаёт ҳидоят менамояд. 

Дар хуррамтарин айёми табиат, ки оғози зебоӣ ва накўтарин рўз барои ҳамаи модарон маҳсуб меёбад, таҷлили ин ҷашни фирўз арҷгузорӣ ба бузургии модар ва рисолати беинтиҳои ўст. Зеро зан - Модар азизтарин вуҷуди рӯи замин мебошад ва зиндагӣ аз нафаси гарму дилнавози ӯ оғоз мегирад. Имрӯз бонуи тоҷик олиму омӯзгор, пизишку сиёсатмадор, соҳибкасбу санъаткор, варзишгару рӯзноманигор, ихтироъкору боғпарвар ва дар маҷмӯъ фарогири муҳимтарин пешаву ҳунарҳост. 

Иттифоқҳои касабаи вилоят, ки ҳоло қариб нисфи кормандон, фаъолон - занон мебошанд, бо қаноатмандӣ дарк менамоям, ки модарону хоҳарон ҳамеша дар рушди тамаддуну фарҳанг ва бунёди ҳаёти пурсаодати аҳли башар, нақши муассир мегузоранд. 

Бо ҳамин ниятҳои нек ва бо меҳру самимияти афзун ҳамаи Шумо - гулҳои ҳамешабаҳори боғи зиндагиро бо ифтихори бузургдошти Рӯзи Модар самимона табрик гуфта, ба аҳли хонаводаи ҳар яки Шумо бахту саодат, ободиву осоиш ва хушҳоливу хушрӯзӣ орзу менамоям!

Бигзор, қалбу замири поки пурмеҳри Шумо ҳамеша монанди чашмаҳои кӯҳистони тоҷик поку мусаффо ва мисли табиати ҳамешабаҳори Тоҷикистони азизамон зебову муҷалло бошад!

Идатон муборак модарону хоҳарон ва бонувони азиз!