РЎЗҲОИ ИСТИРОҲАТӢ ДАР АРАФАИ ҶАШНИ НАВРӮЗ
Дар асоси моддаи 89 қисми 1 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон истироҳат дар рўзҳои иди ғайрикорӣ мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рўзҳои ид» муайян карда мешавад.
Мутобиқи моддаи 3-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рўзҳои ид» 21-24-март Иди байналмилалии Наврўз, рўзҳои иди ғайрикорӣ дониста мешавад.
Қисми 4 моддаи 89 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, ки тартиби гузаронидани рўзи истироҳатро ба дигар рўзи корӣ бо мақсади самаранок истифода намудани вақти корӣ дар рўзҳои иди ғайрикорӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 апрели соли 2021, №154 Тартиби гузаронидани рўзҳои истироҳат ба дигар рўзи корӣ тасдиқ карда шудааст.
Мутобиқи Тартиби мазкур гузаронидани рўзи истироҳат ба дигар рўзи корӣ бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сурати рост омадани як рўзи корӣ дар байни рўзи иди ғайрикорӣ ва рўзҳои истироҳат амалӣ карда мешавад.
Дар асоси қисми 3 ҳамин Тартиб гузаронидани рўзи истироҳат ба дигар рўзи корӣ ба кормандоне татбиқ карда мешавад, ки вақти кори онҳо аз ҳафтаи панҷрўзаи корӣ бо ду истироҳат (шанбе ва якшанбе) иборат аст.
Аз ин лиҳоз, имсол тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 декабри соли 2025, №676, рӯзи 14 март, ки ба рӯзи шанбеи ҳафта рост меояд, рӯзи корӣ эълон шуда, рӯзи ҷумъа - 27 март истироҳатӣ ҳисобида мешавад.
Тибқи маълумоти Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросимҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон маълум гардид, ки Иди саиди Фитр рӯзи 20-уми март муқаррар гардидааст.
Аз ин лиҳоз сокинони кишвар аз 20 то 29-уми март истироҳат намуда, аз рӯзи 30-юми март ба кор оғоз менамоянд.
Дар маҷмўъ дар арафаи ҷашни Наврӯз , барои кормандони реҷаи 5 рўзаи корӣ 10 рўзи истироҳатӣ муайян гардидааст.
Тоҷикӣ
Русский
English 

