Хизмат ба мардум - Саодати бузург!

Телефони боварӣ

Душанбе, 8 июн. 2026
ПИРӮЗИИ ФАХРӢ

ПИРӮЗИИ ФАХРӢ

Пирӯзии Аюбҷон Мирзоев - ҳунарманди кордсоз аз шаҳри бостонии Истаравшан дар фестивали байналмилалӣ воқеан боиси ифтихори ҳар фарди ватандӯст аст. Дар миёни беш аз 250 ҳунарманд аз 70 кишвари ҷаҳон ва 400 ҳунарманди маҳаллӣ ҷои сеюмро гирифтан — ин на танҳо дастоварди шахсӣ, балки ифтихори як миллат аст.

Ба Аюбҷон Мирзоев табрикоти самимӣ ва барору комёбиҳои нав хоҳонем. Орзу дорем, ки парчами ҳунари тоҷикон ҳамеша дар арсаи байналмилалӣ баланд бошад!