МАҲФИЛИ АДАБӢ-ФАРҲАНГӢ
Санаи 4 сентябри соли ҷорӣ дар Китобхонаи вилоятии ба номи Т.Асирӣ бахшида ба Рўзи Китоб маҳфили адабӣ-фарҳангӣ дар мавзўи «Китоб-беҳтарин гавҳари ганҷинаи ҳастӣ» баргузор гардид.
Дар маҳфил раиси Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони фарҳанг, варзиш, иттилоот ва сайёҳӣ Фотимахон Қодирова иштирок намуда, Паёми табрикии раиси Шўрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд Шарифулло Абдуллозодаро ироа намуд. Ҳамчунин дар маҳфил намояндаи Раёсати фарҳанги вилоят Моҳинисо Қурбонова, профессор Нуралӣ Нурзод, шоир Абдуҷаббори Суруш, адабиётшинос Субҳони Аъзамзод иштирок ва баромад намуданд. Маҳфили адабӣ бо барномаи фарҳангӣ хотима ёфт.
Тоҷикӣ
Русский
English 

