Хизмат ба мардум - Саодати бузург!

Телефони боварӣ

Чоршанбе, 15 июл. 2026
КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ТАРИҚИ ОНЛАЙН  БАЙНИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА

КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ТАРИҚИ ОНЛАЙН БАЙНИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА

Имрӯз дар доираи ҳамкориҳои Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд бо мақсади баланд бардоштани дониш ва маҳорати касбии масъулони ҳифзи меҳнат аввалин машғулияти омӯзишии онлайнӣ бо Конфедератсияи байналмиллалии иттифоқҳои касаба баргузор гардид.

Машғулияти имрӯза ба мавзӯи: «Самтҳои афзалиятнок ва рушди фаъолияти нозирони ҳифзи меҳнати иттифоқҳои касаба” доир гардид. Дар семинар нозирони ҳифзи меҳнати Иттифоқҳои касабаи вилоят ва ташкилотҳои ибтидоӣ фаъолона иштирок намуданд. Ҳадафи асосии баргузории чунин чорабиниҳо баланд бардоштани дараҷаи дониш, таҳкими ҳамкории байналмиллалӣ, мубодилаи таҷрибаи муосир ва тақвияти нақши иттифоқҳои касаба дар соҳаи ҳифзи меҳнат мебошад.