ИШТИРОКИ РАИСИ ШӮРОИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБАИ ВИЛОЯТИ СУҒД ШАРИФУЛЛО АБДУЛЛОЗОДА ДАР ЧОРАБИНИИ ҶАШНИ НАВРӮЗ
Раиси Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд Шарифулло Абдуллозода дар чорабинии идона бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз, ки дар Муассисаи таълимии давлатӣ барои хонандагони болаёкат дар шаҳри Хучанд баргузор гардид, иштирок намуд.
Дар чорабинӣ ҳамзамон кормандони соҳаи маориф, собиқадорон, омӯзгорон ва фаъолона ширкат варзида, фазои идонаро хонандагон бо барномаҳои фарҳангӣ ва ҳунарӣ рангоранг гардониданд. Зимни баромади худ Шарифулло Абдуллозода ҳозиринро ба муносибати фарорасии Наврӯз табрик намуда, таъкид дошт, ки ин ҷашни бостонӣ рамзи эҳё, дӯстӣ ва ваҳдати миллӣ мебошад. Чорабинӣ бо намоиши расму ойинҳои миллӣ ва барномаи фарҳангии ҷолиб анҷом ёфт.
Тоҷикӣ
Русский
English 

