ЧОРАБИНИИ ТАНТАНАВӢ БА ИФТИХОРИ 8-МАРТ РӮЗИ МОДАР
Санаи 6 марти соли ҷорӣ дар доираи нақшаи чорабиниҳои Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд дар бахшида ба Рӯзи Модар чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ зиёда аз 40 нафар фаъолон, собиқадорон ва раисони ташкилотҳои ибтидоии иттифоқи касабаи кормандони соҳаи саноат иштирок карданд.
Дар рафти баромадҳо таъкид гардид, ки Рӯзи Модар ҷашни муқаддас ва рамзи эҳтиром нисбат ба модарон ва занону бонувон мебошад, ва нақши зан-модар дар тарбияи насли солим, таҳкими оила ва пешрафти ҷомеа бузург арзёбӣ шуда, саҳми онҳо дар рушди соҳаҳои саноатӣ ва иқтисодӣ махсус таъкид гардид.
Дар фарҷоми чорабинӣ ба ҳамаи занону бонувони фаъоли соҳа туҳфаҳои хотиравӣ тақдим шуда, чорабинӣ бо намоиши суруду рақс хотима ёфт ва ба иштирокдорон лаҳзаҳои хотирмон ва пур аз шодиву фараҳро пешкаш намуд.
Тоҷикӣ
Русский
English 

