Хизмат ба мардум - Саодати бузург!

Телефони боварӣ

Ҷумъа, 10 апр. 2026
БАРГУЗОРИИ СЕМИНАРИ ОМӮЗИШӢ

БАРГУЗОРИИ СЕМИНАРИ ОМӮЗИШӢ

Дирӯз дар толори Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд бо иштироки кормандони масъули ташкилотҳои ибтидоии ташкилоту муассисаҳои шаҳри Хуҷанд семинари омӯзишӣ баргузор гардид.

Дар ҷараёни семинар муовини раиси Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд Яъқубӣ М.Ш., роҳбари дастгоҳи раиси Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд Аббосова М.Ҳ., ҳуқуқшиноси Шӯро Бузуруков И., инчунин як қатор масъулини дигар бо маърузаҳо баромад намуданд.

Зимни баромадҳо масъалаҳои марбут ба танзими муносибатҳои меҳнатӣ, тартиб ва пардохти кӯмакпулиҳо ҳангоми корношоямии муваққатӣ, ҳомиладорӣ ва таваллуд, инчунин кӯмакпулиҳои оилавӣ мавриди баррасии муфассал қарор гирифтанд.

Ҳамзамон, оид ба тартиби бастани шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ ва шартномаи коллективӣ шарҳу тавзеҳоти зарурӣ пешниҳод гардид.

Дар фарҷоми семинар доир ба масъалаҳои баррасигардида мубодилаи афкор сурат гирифта, ба саволҳои иштирокчиён посухҳои мушаххас дода шуданд.