Хизмат ба мардум - Саодати бузург!

Телефони боварӣ

Ҷумъа, 15 мая. 2026
БАРГУЗОРИИ ОЗМУНИ  «НУРИ ЧАШМОН – МОДАРАМ!»

БАРГУЗОРИИ ОЗМУНИ «НУРИ ЧАШМОН – МОДАРАМ!»

 

Дар доираи ҳамкориҳои судманд байни Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд ва Ташкилоти ҷамъиятии «Нигоҳи зан» чорабинии ҷамъбастии озмуни фарҳангиву иҷтимоӣ таҳти унвони «Нури чашмон – модарам!»  баргузор гардид.

Озмун аз 9 феврал то 5 март идома ёфта, бо мақсади гиромидошти мақоми зан-модар, таҳкими арзишҳои оилавӣ ва баланд бардоштани нақши зан дар ҷомеа амалӣ гардид.

Дар чорабинии ҷамъбастӣ, ки дар толори Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд доир гардид, зиёда аз 60 нафар бонувони фаъол аз минтақаҳои гуногуни вилоят ва намояндагони касбу кори гуногун иштирок намуданд. Ғолибон ва иштирокчиёни фаъол бо Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии Шўрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд ва ТҶ «Нигоҳи зан» қадрдонӣ гардиданд.