БАРГУЗОРИИ ЧОРАБИНИИ ТАНТАНАВӢ БА ИФТИХОРИ РӮЗИ МОДАР
Имрӯз дар доираи нақшаи чорабиниҳои Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд дар толори маҷлисгоҳи Иттифоқи ҷамъиятҳои матлуботи вилояти Суғд бахшида ба Рӯзи Модар чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур зиёда аз 40 нафар фаъолон, собиқадорон ва раисони ташкилотҳои ибтидоии иттифоқи касабаи соҳаи савдо иштирок намуданд.
Зимни чорабинӣ таъкид гардид, ки Рӯзи Модар яке аз ҷашнҳои муқаддасу гиромӣ ба шумор рафта, рамзи эҳтирому қадршиносӣ нисбат ба модарон ва занону бонувон мебошад. Нақши зан-модар дар тарбияи насли солим, таҳкими оила ва пешрафти ҷомеа бузург арзёбӣ гардида, саҳми занону бонувон дар рушди соҳаҳои гуногуни иқтисодию иҷтимоии кишвар махсус таъкид карда шуд.
Дар фарҷоми чорабинӣ ба ҳамаи занону бонувони фаъоли соҳа ба муносибати ин ҷашни фархунда туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардиданд.
Тоҷикӣ
Русский
English 

