БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ КОРӢ БО РОҲБАРОН ВА НАМОЯНДАГОНИ ТАШКИЛОТУ МУАССИСАҲОИ ШАҲРИ ИСТАРАВШАН
Санаи 19 феврали соли 2026 таҳти роҳбари муовини Раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ ҷаласаи корӣ баргузор гардид.
Дар ҷаласа муовини раиси шаҳри Истаравшан Акрамзода Ҷамшед, роҳбарону намояндагони ташкилоту муассисаҳо, корхонаҳои саноатӣ, кишоварзӣ, сохтмон ва савдои шаҳри Истаравшан иштирок намуданд. Инчунин дар ҷаласаи корӣ раиси Шўрои иттифоқҳои касабаи вилоят Шарифулло Абдуллозода, сардори Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилоят Ғайратҷон Оқилзода, роҳбарони нозироти андоз, молия, омор, меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳри Истаравшан иштирок намуданд.
Ҷаласаро муовини раиси вилоят Анвар Яъқубӣ ифтитоҳ намуда, оиди вазъи кунунии иқтисодиёти шаҳр, таъмини рушди соҳаҳои саноат, сохтмон, савдо ва хизматрасонӣ, пешниҳоди ҳисоботҳои оморӣ оид ба меҳнат, истеҳсоли маҳсулот, фаъолияти сохтори муҳосибии корхонаҳо ибрози ақида намуда, бо таҳлилҳои мушаххас оиди дастовардҳо ва норасогиҳои иқтисодиёти шаҳр ибрози ақида намуд.
Сипас, раиси Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилоят Шарифулло Абдуллозода баромад намуда, бо таҳлилҳои мушаххас оиди вазъи муносибатҳои меҳнатӣ ва ҳамкориҳои иҷтимоӣ дар корхонаву ташкилотҳои шаҳр ибрози ақида намуд. Ҳамчунин вабаста ба иҷрои санадҳои меъёрию ҳуқуқии ба танзимдарории муносибатҳои меҳнатӣ, таъмини иҷрои муқаррароти Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъмини иҷрои банди 28-и Протоколи маҷлиси Раёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июли соли 2025 №6 тавассути таъсис додани ташкилотҳои ибтидоии иттифоқи касаба ва баимзорасонии шартномаҳои коллективӣ, таъмини ҳифзи манфиатҳои меҳнатию иҷтимоии шаҳрвандон ва пешгирии шуғли ғайрирасмӣ андешаронӣ намуд.
Дар интиҳо муовини раиси вилоят Анвар Яъқубӣ оиди бартараф намудани норасогиҳои ҷойдошта, таъмини ӯҳдадориҳои корфармо дар назди кормандон, таъсиси иттифоқҳои касаба, баимзорасонӣ ва тадбиқи шартномаҳои коллективӣ ва дигарҳо вазифагузорӣ намуд.
Тоҷикӣ
Русский
English 

