Хизмат ба мардум - Саодати бузург!

Телефони боварӣ

Ҷумъа, 10 апр. 2026
БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ КОРӢ БО РОҲБАРОН ВА НАМОЯНДАГОНИ ТАШКИЛОТУ МУАССИСАҲОИ НОҲИЯИ СПИТАМЕН

БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ КОРӢ БО РОҲБАРОН ВА НАМОЯНДАГОНИ ТАШКИЛОТУ МУАССИСАҲОИ НОҲИЯИ СПИТАМЕН

26 феврали соли 2026 дар толори калони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Спитамен ҷаласаи корӣ оид ба беҳтар намудани рушди соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ноҳия бо иштироки муовини Раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ ва раиси Шўрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд Шарифулло Абдуллозода баргузор гардид.
Ҳамчунин дар ҷаласа намояндагони сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, муовини якум ва муовинони Раиси ноҳия, роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия, мудирони шуъба ва бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, роҳбарони ташкилоту идораҳо, намояндагони мақомоти дахлдори вилоятӣ дар ноҳия, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, аъзои Ассотсиатсияи соҳибкорон, роҳбарони корхонаҳои саноатӣ, марказҳои савдо ва хизматрасонӣ, бозорҳо, роҳбарони ташкилотҳои сохтмонӣ, хоҷагиҳои кишоварзии калонҳаҷм, сармоягузорони бурунмарзӣ ва дигар шахсони масъул иштирок намуданд.
Ҷаласаро иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Спитамен Ҷамшед Ҷӯразода ифтитоҳ намуда, оид ба вазъи кунунии иқтисодиёту иҷтимоиёти ноҳия суханронӣ намуд.
Сипас муовини Раиси вилоят Анвар Яъқубӣ бо таҳлилҳои мушаххас оиди дастовардҳо ва норасогиҳои ҷойдошта дар соҳаҳои саноат, сохтмон, савдо ва хизматрасонӣ, пешниҳоди ҳисоботҳои оморӣ оид ба меҳнат, истеҳсоли маҳсулот, фаъолияти муҳосибии корхонаҳо ибрози ақида намуд.
Ҳамчунин раиси Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилоят Шарифулло Абдуллозода оид ба рафти иҷрои санадҳои меъёрию ҳуқуқии батанзимдарории муносибатҳои меҳнатӣ ва Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкилоту муассисаҳои ноҳия андешаҳои худро иброз намуд. Аз ҷумла ў таъкид намуд, ки дар ташкилоту муассисаҳои алоҳидаи ноҳия муқаррароти Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба таъмини бехатарии меҳнат, таъсиси ҷойҳои кории бехатар, ҳамасола ҷудо намудани маблағ барои таъмини бехатарии меҳнат риоя намегарданд. Муқаррароти банди 28-и Протоколи маҷлиси Раёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июли соли 2025, №6 тавассути таъсис додани ташкилотҳои ибтидоии иттифоқи касаба ва баимзорасонии шартномаҳои коллективӣ, таъмини ҳифзи манфиатҳои меҳнатию иҷтимоии шаҳрвандон на дар ҳамаи корхонаҳо иҷро гардидаанд. Аз роҳбарони ташкилоту корхонаҳои ноҳия, ки ташкилотҳои ибтидоии иттифоқи касаба надоранд, даъват ба амал овард, ки дар ҳамкорӣ бо Иттифоқҳои касабаи вилоят оиди таъсиси ташкилотҳои иттифоқи касаба ва тавассути баимзорасонии шартномаҳои коллективӣ таъмин намудани манфиатҳои иҷтимоию иқтисодии кормандон тадбирҳо андешанд.
Дар интиҳо муовини Раиси вилоят Анвар Яъқубӣ оид ба бартараф намудани норасогиҳои ҷойдошта, таъмини ӯҳдадориҳои корфармо дар назди кормандон, таъсиси иттифоқи касаба, баимзорасонӣ ва тадбиқи шартномаҳои коллективӣ ва дигарҳо вазифагузорӣ намуд.