Хизмат ба мардум - Саодати бузург!

Телефони боварӣ

Чоршанбе, 15 июл. 2026
АСОСИ РЎЗГОРИ БОСАОДАТ

АСОСИ РЎЗГОРИ БОСАОДАТ

Истиқлолият барои миллати мо воқеан беҳтарин неъмат аст. Соҳибистиқлолӣ сари баланду ифтихор ва нишони соҳибдавлативу соҳибватанист.

Шукрона, ки ин неъмати бузург муддати сиву чор сол аст, ки насиби мо гардида, мо дар фазои озодии комил кору фаъолият, дорем. Имрўз аз фазои ором, аз файзи Истиқлолият дар партави ғамхориҳои ҳаррўзаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва махсусан, сиёсати одилона, дурбинона ва пайгиронаи фарзонафарзанди миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишвари мо дар муддати кўтоҳи соҳибдавлатӣ хеле ободу зебо гардид.

Диққати махсус додан ба тамоми соҳаҳои мамлакат маҳз аз файзи истиқлол маншаъ мегирад ва ба манфиати кишвари саодатбору миллати вањдатшиор аст. Ин аз он тадбирҳоеанд, ки дар давоми соҳибистиқлолии кишвари маҳбубамон ба халқи бузургамон руҳу илҳоми тоза мебахшад.

Истиқрори сулҳ дар Тоҷикистон бо он пураҳамиятӣ ва зарурӣ буданаш, як воқеияти таърихист ва миллати мо онро набояд аз хотир фаромўш кунад. Пешрафтҳои имрўзаи Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳз ба истиқрори сулҳу истиқлолияти бадастомада пайванди ногусастанӣ дорад. Ҳамаи ин талошу ҷонфидоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои эҳёи давлату ягонагии миллати тоҷик, барқарор ва рушду камоли иқтисодиёту фарҳанги он ин эҳсоси ҳақиқати таърихӣ буд, ки мо аз он ғизои маънавӣ гирифта, бояд ба халқу Ватани худ хизмати холисона кунем.

Дар доираи сиёсати созандагиву бунёдкориҳои даврони Истиқлолият ва амалисозии тадбирҳои вобаста ба дастгириҳо садҳо иншооти бузург дар мамлакат бунёд гардида, тамоми шаҳру навоҳии кишвар рўз аз рўз пайи ободкорӣ симои нав ба худ касб кардаанд.

Дар ин айём Тоҷикистони соҳибистиқлол тадриҷан пеш меравад. Мо мардуми сарбаланди кишвар бояд дар сафи пеши ин ҳаракат қарор гирифта, нақши худро беш аз пеш мустаҳкам намоем ва барои таъмини шароити зиндагии шоиста саҳми худро гузорем.

Бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ чун кафолати сулҳу салоҳ, рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангии ҷомеа дар мадди назари Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст. Бояд қайд кард, ки Истиқлолият муҳимтарин дастовардҳои таърихи муосири халқи тоҷик, омили наҷоти миллат ва давлатдории миллии он аст. Дар натиҷаи Истиқлолият давлати мо ҳифз гардид, миллати мо аз вартаи нобудӣ наҷот ёфт, сокинони кишвари мо ба зиндагии осудаву осоишта расиданд, сохтори давлатӣ шакли комили худро гирифт ва роҳи рушди кишвар аз тарафи худи халқ интихоб ва муайян гардид.

Ҷашни Истиқлолият дар қатори дигар ҷашнҳои мардумӣ дар рўзгори мо мақоми хоса дорад, зеро ин рўзи пурсаодат барои мо ба осонӣ наомадааст. Барои ба ин пирўзӣ расидан моро лозим омад, ки роҳи тўлонии ноҳамворро тай намоем. Ин як марҳалаи таърихии миллати мо дар он солҳост, ки аз хотири мардум ҳеҷ гоҳ фаромўш намегардад.

Аз ин рӯ саҳмгузорӣ дар ин амали неку таърихӣ барои ҳар як нафар сокини диёри мо дар баробари ифтихор бояд масъулияти шаҳрвандӣ бошад, то воқеан фардо барои фарзандону меросбарони мо мояи саодат ва шарофат гардад.