Конвенсияи Созмони Байналмилалии Меҳнат таҳти №105
Конвенсияи Созмони Байналмилалии Меҳнат таҳти №29
Конвенсияи Созмони Байналмилалии Меҳнат таҳти №111
САВОЛ ВА ҶАВОБ
1. Кадом шахсон метавонанд аъзои иттифоқи касаба шаванд?
Тибқи талаботи банди 3 моддаи 2 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттифоқҳои касаба» шахсони ба синни 15 расидае, ки ихтиёран ба иттифоқи касаба дохил шудаанд, Оинномаи (Низомномаи) онро эътироф менамоянд ва дар қайди ташкилоти ибтидоии иттифоқи касаба буда, ҳаққи аъзогӣ мепардозанд, аъзои иттифоқи касаба шуда метавонанд.
2. Муносибатҳои меҳнатиро кадом санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ оид ба меҳнат ба танзим медарорад?
Муносибатҳои меҳнатиро чунин санадҳои меъёри ҳуқуқӣ ба танзим медарорад:
1.Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
2.Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон
3.Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттифоқҳои касаба»
4.Санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалие, ки онҳоро Тоҷикистон эътироф кардааст.
3. Мақсад аз ташкил кардани иттифоқи касаба дар чист?
Дар асоси банди 1 моддаи 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттифоқҳои касаба» мақсад аз ташкил кардани иттифоқи касаба дар он аст, ки шаҳрвандон барои ҳимояи манфиатҳои худ ҳуқуқ доранд бо хоҳиши худ, бе иҷозати пешакӣ ташкилоти иттифоқи касаба таъсис диҳанд, бо шарти риояи Оиннома (Низомнома) ба иттифоқи касаба дохил ва аз он хориҷ шаванд.
4. Оё корфармо ҳуқуқ дорад кормандро берозигии ӯ ба кори дигар гузаронад?
Мувофиқи банди 1 моддаи 30 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кори дигарӣ доимӣ гузаронидан (тағйир ёфтани вазифаи меҳнатии корманд), супоридани кор аз рӯи ихтисоси дигар, тахассус ва вазифаи дигар танҳо бо розигии корманд мумкин аст.
Инчунин мутобиқи банди 4 моддаи 30 Кодекси мазкур корфармо ҳуқуқ дорад дар худи ҳамон ташкилот ба ҷои кори дигар гузаронидан, ба бахши таркибии ҳамон маҳал гузаронидан, дар доираи тахассус, дараҷаи ихтисос ё вазифа (мансаб) ва дигар дастгоҳ ё таҷҳизот кор супоридан, ки аз шарти шартномаи меҳнатӣ бармеояд ва дар айни замон шароити меҳнат моҳиятан тағйир намеёбад, ба кори дигар гузаронидан ба ҳисоб нарафта, розигии корманд гирифта намешавад.
-корфармо ҳуқуқ надорад кормандро ба коре, ки ба вазъи саломатиаш мувофиқ нест, гузаронад.
5. Агар корманд ба кори дигари доимии каммузд гузаронида шавад, чӣ гуна кафолатҳоро қонунгузор пешбинӣ менамояд?
Дар асоси моддаи 167 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми дар ҳамон ташкилот ба кори доимии каммузд гузаронидани корманд музди меҳнати пешинаи ӯ дар муҳлати ду моҳ аз рӯзи гузаронидан нигоҳ дошта мешавад.
Инчунин ҳангоми гузаронидани корманд мутобиқи хулосаи тиббӣ бинобар осеби меҳнатӣ, бемории касбиӣ ё осеби дигари вобаста ба кор, ки аз ин ба саломатии ӯ зарар расидааст, музди меҳнати пешинаи корманд дар тамоми давраи кор ё то муайян кардани маъюбӣ нигоҳ дошта мешавад.
6. Агар корманд дар давоми сол бе ягон асос аз истифода намудани рухсаии меҳнатӣ даст кашад, қонунгузор оиди ин масъала чӣ пешбинӣ менамояд?
Дар асоси моддаи 110 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон агар рухсатии меҳнатӣ бо риояи талаботи муқарраргашта пешниҳод карда шавад, аммо корманд истифодаи онро дар муҳлати муайяншудаи он то охири соли корӣ бе асоси қонунӣ рад кунад, корфармо ҳуқуқ дорад рухсатии кормандро ба вақти дигар нагузаронад ва истифода нашудани рухсатиро ҷуброн накунад, ба ғайр аз ҳолатҳое, ки дар қисми 1 моддаи 118 Кодекси мазкур пешбинӣ гардидааст, яъне ҳангоми аз кор озод намудан, новобаста аз асосҳои мавҷуда ба корманде, ки рухсатии меҳнатии худро қисман ё пурра истифода набурдааст, ҷубронпулӣ дода мешавад.
7. Муҳлатҳои огоҳонидани корфармо оиди бекор кардани шартномаи меҳнатӣ чӣ қадар аст?
Мувофиқи банди 1 моддаи 45 Кодекси меҳнати Чумҳурии Тоҷикистон корфармо уҳдадор аст кормандро дар бораи бекор кардани шартномаи меҳнатӣ, ки ба муҳлати номуайян баста шудааст, дар муҳлатҳои зерин ба таври хаттӣ огоҳ менамояд:
-ҳангоми бекор кардани шартномаи меҳнатӣ бинобар барҳам хӯрдани ташкилот ё қатъ гардидани фаъолияти корфармо – шахси воқеӣ ва ё ихтисор шудани шумора ё воҳиди кории кормандон на дертар аз ду моҳ:
– ҳангоми бекор кардани шартномаи меҳнатӣ бинобар ба кори иҷро мекардааш мувофиқ набудани корманд аз сабаби нокифоягии ихтисос ё вазъи саломатӣ на камтар аз як моҳ.
8. Агар корманд дар давраи дар рухсатии меҳнатӣ буда бемор шаваду варақаи корношоямии муваққатӣ ба муҳлати 12 рӯзи тақвимӣ пешниҳод намояд, қонунгузор оиди ин масъала чиро пешбинӣ менамояд?
Баъди ба итмом расидани муҳлати рухсатии меҳнатӣ, ба корманд 12 рӯзи тақвими рухсатӣ давом дода мешавад, лекин пардохти маблағи варақаи корношоямии муваққатӣ дар асоси банди 18 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14.10.2014, №630 яъне ҳангоми муваққатан корношоям гардидан дар давраи рухсатии меҳнатии ҳарсола (асосӣ ё иловагӣ), кӯмакпулӣ барои ҳамаи рӯзҳои озод будан аз кор, ки бо варақаи корношоямӣ тасдиқ шудаанд, дода мешавад.
9. Давомнокии вақти кӯтоҳи кории маъюбон чӣ қадар аст?
Тибқи талаботи банди 1 моддаи 260 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маъюбони гуруҳҳои 1 ва 2 вақти кори давомнокияш кӯтоҳ на зиёда аз 36 соат дар як ҳафта бе кам кардани музди меҳнат муқаррар карда шудааст.
Дар асоси банди 2 моддаи мазкур давомнокии кори ҳаррӯза (басти кории) маъюбони гуруҳои 1 ва 2 аз 6 соат зиёд буда наметавонад.
10. Рухсатии меҳнатӣ барои маъюбони гуруҳҳои I, II ва III чанд рӯзи тақвимӣ муайян карда шудааст?
Дар асосӣ банди 2 қисми 11 моддаи 94 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кормандони маъюби гуруҳҳои I, II-42 ва III-35 рӯзи тақвими муайян карда шудааст.
11. Қонун чӣ гуна кафолатҳо ва имтиёзҳоро барои кормандони аз кор озодшаванда пешбинӣ менамояд?
Мутобиқи қисим 1 моддаи 169 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кормандоне, ки бинобар ихтисор шудани воҳиди корӣ ё тағийр ёфтани шароити меҳнат аз ташкилот озод мегарданд, чунин кафолатҳои зеринро пешбинӣ менамояд.
-кӯмакпулии аз корравӣ дар ҳаҷми на камтар аз музди миёнаи моҳона;
-нигоҳ доштани музди миёнаи якмоҳа дар давраи бо кор таъмин кардан дар давоми моҳи дуюм ва сеюми аз кор озод шудан бо қарори мақомоти дахлдори давлатӣ дар соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ, агар корманд дар муҳлати даҳ рӯзи баъди аз кор озод шудан сари вақт ба ин мақомот муроҷиат карда, бо кор таъмин нашуда бошад;
– ҳуқуқ барои як сол пеш аз муҳлати муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нафақа баромадани шахсони синни нафақа, ки собиқаи меҳнатӣ доранд ва он барои аз рӯи синну сол ба нафақа баромадан ҳуқуқ медиҳад.
Бояд қайд кард, ки дар асоси қисми 1 моддаи 41 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 25 июни соли 1993 ба нафақаи пеш аз муҳлат як сол қабл аз расидани синну соли нафақа шаҳрвандоне ҳуқуқ доранд, ки ба сабабҳои новобаста аз онҳо бекор мондаанд ва ҳаққи гирифтани ёрдампулӣ аз рӯи бекорӣ дар муддати 52 ҳафтаи тақвимӣ доранд: мардҳо — бо собиқаи корӣ на камтар аз 25 сол ва занон — бо собиқаи на камтар аз 20 сол.
12. Оё ба корманд ҳангоми қатъ шудани шартномаи меҳнатӣ кумакпулӣ дода мешавад?
Дар асоси қисми 1 моддаи 51 Кодекси меҳнати Чумҳурии Тоҷикистон ба корманд ҳангоми қатъ шудани шартномаи меҳнатӣ чунин кӯмакпулиҳои яквақтина дода мешавад.
-бо ташаббуси корфармо, дар ҳолатҳои бекор кардани шартномаи меҳнатӣ дар асоси бандҳои якум, дуюм, панҷум, понздаҳум ва шонздаҳуми қисми 1 моддаи 42 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне
- банди якуми моддаи 42 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон – барҳам хӯрдани ташкилот ё қатъ гардидани фаъолияти корфармо – шахси воқеӣ ва ё ихтисор шудани шумора ё воҳиди кории кормандон;
- банди дуюми моддаи 42 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон – қатъ намудани шартномаи меҳнатӣ бинобар иваз шудани соҳибмулк, ҳангоми ошкор гардидани номувофиқатии корманд ба вазифаи (мансаби) ишғолкардааш ё кор иҷро мекардааш дар натиҷаи нокифоягии ихтисос ё вазъи саломатиаш, ки барои давом додани ҳамин кор халал мерасонад, агар ин номувофиқатии ин корманд дар натиҷаи аттестатсия ва ё дар асоси хулосаи тиббӣ тасдиқ шуда бошад;
- банди панҷуми моддаи 42 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон – ҳозир нашудан ба кор дар давоми бештар аз чор моҳи бефосила дар натиҷаи корношоямии муваққатӣ, бе ҳисоб кардани рухсатии давраи ҳомиладорӣ ва таваллуд, агар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳлати аз ин зиёдтари нигоҳ доштани ҷойи корро (вазифаро) ҳангоми бемории муайян муқаррар накарда бошад. Ба кормандоне, ки бо сабаби осеби меҳнатӣ ё бемории касбӣ қобилияти меҳнатиашонро гум кардаанд, то барқарор шудани қобилияти меҳнатӣ ё муқаррар гардидани маъюбӣ ҷойи кор (вазифа) нигоҳ дошта мешавад;
- банди понздаҳум моддаи 42 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон – қатъ кардани шартномаи меҳнатӣ бо шахси дар ду ё якчанд ҷой коркунанда бинобар қабули шахсе, ки дар ду ё якчанд ҷой кор намекунад, инчунин вобаста ба маҳдуд гардонидани кор дар якчанд ҷой, ки бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст;
- банди шонздаҳуми моддаи 42 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон – вайронкунии дағалонаи якдафъаинаи Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби роҳбари ташкилот (воҳидҳои алоҳидаи он) ва муовини ӯ;
Инчунин дар асосӣ қисми 1 банди дуюми моддаи 51 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолатҳои ба иродаи тарафҳо вобаста набуда, ба истисно ҳолати қатъ шудани шартномаи меҳнатӣ ҳангоми эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукми айбдоркунандаи суд (дар асоси зербанди 4 моддаи 48 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон яъне ҳангоми эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукми айдоркунандаи суд, ки дар асоси он корманд ва ё корфармо шахси воқеӣ ба ҷазои маҳрум кардан аз озодӣ маҳкум шудааст, ҳалномаи суд, ки бо он корманд ва ё корфармо ғайриқобили амал эътиоф гардидааст. Ё қобилияти амали ӯ маҳдуд карда шудааст ва давом додани муносбатҳои меҳнатиро истисно менамояд) ва ҳангоми вафоти корманд (дар асоси зербанди панҷуми модаи 48 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон яъне бинобар вафот кардани корманд ва ё корфармо – шахси воқеӣ, инчунин аз тарафи суд фавтида эълон шуда ё бедарак ғоиб эътироф гардидани корманд ё корфармо – шахси воқеӣ).
Мувоқи қисми 2 моддаи моддаи 51 Кодекси меҳнати Тоҷикистон ҳаҷми кумакпулӣ ҳангоми аз кор рафтан набояд аз се маоши миёнаи моҳонаи кормандон камтар бошад.
13. Рухсати барои ҳомиладорӣ ва таваллуд чанд рӯз муқарар карда шудааст?
Дар асосӣ банди 34 Боби 3 «Шартҳо ва тартиби муқаррар намудани кӯмакпулӣ барои ҳомиладорӣ ва таваллуд»-и Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 октябри соли 2014, таҳти №630 Дар бораи Тартиб ва шартҳои пардохти кӯмакпулиҳо ҳангоми корношоямии муваққатӣ, ҳомиладорию таваллуд ва кӯмакпулиҳои оилавӣ
Кӯмакпулӣ ҳангоми ҳомиладорӣ ва таваллуд ба занони суғурташуда мутаносибан барои 140 рӯзи тақвимӣ пардохт мешавад. Дар сурати таваллуди душвор, кӯмакпулӣ барои 156 рӯзи тақвимӣ ва ҳангоми таваллуди 2 ё бештар аз он кӯдак барои 180 рӯзи тақвимӣ пардохт карда мешавад.
14. Рухсатии эҷодӣ ба кадом мақсадҳо дода мешавад ва ҳангоми дар рухсатии эҷодӣ будани корманд музди меҳнати ӯ нигоҳ дошта мешавад?
Тибқи талаботи қисми 1 моддаи 115 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон рухсатии эҷодӣ бо нигоҳ доштани музди меҳнат ба корманд барои иҷрои корҳои рисолавӣ, навиштани китобҳои дарсӣ ва дар дигар ҳолатҳое, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудаанд, дода мешавад.
15. Рухсатии бемузди меҳнат дар кадом ҳолатҳо дода мешавад?
Мутобиқи қисми 1 моддаи 116 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон рухсатии бемузди меҳнат ба корманд, бинобар вазъи оилавӣ ва дигар сабабҳои узрнок , мутобиқи аризааш рухсатии бемузди меҳнат дода мешавад, ки давомнокии он бо мувофиқаи байни корманд ва корфармо муайян карда мешавад. Узрнок будани сабабҳо дода шудани чунин рухсатиро корфармо баҳо медиҳад, агар дар созишнома ва шартномаҳои коллективӣ тартиби дигар муқаррар нашуда бошад.
16. Рухсатии бемузди меҳнат ба кадом шахсон ба таври ҳатмӣ дода мешавад?
Рухсатии бемузди меҳнат мувофиқи аризаи корманд ба таври ҳатмӣ ба шахсони зерин дар асоси қисми 2 моддаи 116 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад:
– ба иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, шахсони ба онҳо баробаркардашуда, инчунин ба нафақахӯроне, кӣ кор мекунанд – ҳар сол то 14 рӯзи тақвимӣ;
– ба падару модарон ва ҳамсарони хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ки дар натиҷаи захм, контузия ё осебе, ки ҳангоми ҳимояи Ватан ва иҷрои вазифаи (мансабӣ) хизматӣ ба онҳо расидааст, ё дар натиҷаи бемории вобаста бо иштирокашон дар ҷанг ва муқовиматҳои сиёсӣ фавтидаанд – ҳар сол то 14 рӯзи тақвимӣ;
– ба маъюбоне, кӣ кор мекунанд – то 2 моҳ дар як сол;
– ба кормандон дар мавриди таваллуд шудани кӯдак, маросими бастани ақди никоҳ, вафоти хешовандон – то 7 рӯзи тақвимӣ;
– ба кормандоне, ки шахси бемори аъзои оиларо нигоҳубин мекунанд (бе додани варақаи корношоямии меҳнатӣ ё ҳуҷҷати ивазкунандаи он) – то 14 рӯзи тақвимӣ;
– ба кормандоне, ки мувофиқи хулосаи тиббӣ барои табобат роҳхати санаторӣ – курортӣ доранд, ки муҳлати он аз давомнокии рухсатии меҳнатӣ зиёд аст – ба муҳлати вақти нарасида (бо иловаи вақти рафтуомад), агар ҳамаи муҳлати рухсатии меҳнатӣ истифода шуда бошад, бо муҳлати пурраи роҳхат (бо иловаи вақти рафтуомад);
– ба кормандоне, ки барои супоридани имтиҳонҳои дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ иҷозат дода шудаанд – 10 рӯзи тақвимӣ, ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ ва муассисаҳои таълимии таҳсилоти махсус – 15 рӯзи тақвимӣ, ғайр аз вақти рафтуомад ба маҳалли ҷойгиршавии муассисаи таълимӣ;
– ба шахсони ба аспирантура ва докторантура дохилшаванда ва бе ҷудошавӣ аз истеҳсолот таҳсилкунанда – барои вақти рафтуомад ба маҳалли ҷойгиршавии муассисаҳои мазкур дар давраи супоридани имтиҳонҳои дохилшавӣ ва кори рисолавӣ;
-дар дигар ҳолатҳое, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, созишнома ва шартномаҳои коллективӣ пешбинӣ намудаанд.
17. Оё имтиёзҳо барои кормандоне, ки дар муассисаҳои таълимӣ таҳсил мекунад мавҷуд ҳаст ё не?
Кормандоне, ки дар баробари кор дар муассисаҳои таълимӣ таҳсил мекунанд, дар асоси даъвати муассисаҳои таълимӣ барои иштирок дар машғулияти таълимӣ дар муҳлати муқарраргардида аз иҷрои уҳдадории хизматӣ ё истеҳсолӣ бо нигоҳ доштани музди меҳнат озод карда мешаванд мутобиқи қисми 1 моддаи 125 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Инчунин дар созишнома ва шартномаҳои коллективӣ, дигар санадҳои меъёрии дохилии (локалии) ташкилотҳо барои кормандоне, ки дар муассисаҳои таълимӣ таҳсил мекунанд, аз ҳисоби маблағи корфармое, ки онҳоро ба таҳсил фиристодааст, мумкин аст имтиёзҳои иловагӣ муқаррар карда шаванд дар асоси қисми 2 моддаи мазкур
18. Қонунгузор кадом намуди имтиёзҳоро барои таълимгирандагони муассисаҳои таълимии таҳсилоти касбӣ муқаррар намудааст?
Ба кормандоне, ки дар баробари кор дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти касбӣ таҳсил мекунанд, барои омодагӣ ва супоридани имтиҳонҳо ва кормандоне, ки дар баробари кор дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ ва муассисаҳои таълимии таҳсилоти олӣ таҳсил мекунанд, барои иҷрои корҳои лабораторӣ, супоридани санҷишҳо ва имтиҳонҳо, омодагӣ ва дифои кори дипломӣ аз ҷойи кор ба муддати на камтар аз андозаи муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон рухсатии иловагӣ ва музди миёнаи меҳнат дода мешаванд мувофиқи қисми 1 моддаи 127 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Инчунин ба кормандоне, ки дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти касбӣ таҳсил мекунанд, ҳар ҳафтаи рӯзҳои кориаш иборат аз шаш рӯз барои тайёрӣ ба машғулият дар давоми даҳ моҳи таълимӣ пеш аз навиштани кори дипломӣ ё супоридани имтиҳонҳои хатмкунӣ камаш як рӯзи аз кор озод будан ва музди миёнаи меҳнат дода мешавад тибқи талаботи қисими 2 моддаи мазкур.
Дар сурати аз панҷ рӯз иборат будани ҳафтаи корӣ миқдори рӯзҳои аз кор озод вобаста ба давомнокии басти корӣ тағйир ёфта, миқдори соатҳои аз кор озод будан боқӣ мемонад дар асосӣ қисми 3 моддаи мазкур