Намунаи Лоиҳаи шартномаҳои меҳнатӣ
Замима
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 7 сентябри соли 2019, №457
Шакли намунавии
шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ
___________________________________________________________________________
(номи мақомоти давлатӣ)
дар шахси _____________________________________________________________________
(мансаби роҳбари мақомоти давлатӣ)
___________________________________________________________________________
(насаб, ном ва номи падари роҳбари мақомоти давлатӣ, ки ҳуқуқи бастан ва қатъ намудани шартномаи меҳнатиро дорад)
_________________________________________________________________________________________________________________
(минбаъд–корфармо) аз як тараф ва шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ________________________________________________________________
(насаб, ном, номи падар, рақам ва ҷойи дода шудани ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият)
_________________________________________________________________________________________________________________
(нишони ҷойи истиқомати доимӣ ва рақами мушаххаси андозсупоранда)
(минбаъд – корманд) аз тарафи дигар шартномаи (қарордоди) меҳнатии (минбаъд – шартномаи меҳнатӣ) мазкурро бо шартҳои зерин бастанд:
- __________________________________________________________________
(насаб, ном, номи падари корманд)
ба мансаби _____________________________________________________________
(номи пурраи мансаби ишғолнамуда)
_____________________________________________________________________________________________________________
(номи воҳиди сохтории корфармо)
аз «____» _________________ соли 20___ таъин карда шудааст.
- Муҳлати амали шартномаи меҳнатӣ
Шартномаи меҳнатӣ ба муҳлати __________________________
/номуайян яке нишон дода шавад)
муайян баста мешавад.
Санаи оғоз: «____» _________________соли 20 ____
(барои шартномаи меғнатии муғлаташ муайян)
Санаи охир: «____» _______________________соли 20____
(барои шартномаи мехнатии мухлаташ муайян)
Асосҳои ба муҳлати муайян бастани шартномаи меҳнатӣ
________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________
______________________________________________________________________________________________________________
Шартномаи меҳнатӣ ба муҳлати иҷрои кори муайян ___________________________________________________________________________
(мухтавои кори иҷрошаванда)
___________________________________________________________________________
____________________________________________________________ баста мешавад.
3.Низом ва реҷаи вақти корӣ
Барои корманд низом ва реҷаи вақти кории зерин муқаррар карда мешавад:
- ҳафтаи _________ корӣ бо давомнокии______________
(панҷрӯза/шашрӯза-яке нишон дода шавад)
соати корӣ бо _______ рӯзи истироҳат
(ду ё як)
- ҳафтаи нопурраи корӣ ____________________________
- рӯзи нопурраи корӣ _______________________________
- вақти оғози кор ___________________________________
- вақти анҷоми кор _________________________________
4.Вақти истироҳат
Ба корманд:
– Танаффусҳо дар давоми рӯзи корӣ аз соати ___ то соати
___ барои _______________________________________________
– Танаффусҳои дигари пешбининамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, созишнома ва шартномаи коллективӣ
барои____________________________________________________________________________________________________ дода мешавад.
5.Давомнокии рухсатии меҳнатӣ ва намуди дигари рухсатиҳо
Ба корманд:
– Ба муҳлати ___ рӯзи тақвимӣ рухсатии ҳарсолаи пардохтшаванда:
– Ба муҳлати _____ рӯзи тақвимӣ рухсатии иловагии ҳарсолаи пардохтшаванда:
– Ба муҳлати ____ рӯзи тақвимӣ рухсатии иловагии пардохтшавандаи ҳарсола барои кор дар шароити махсуси табиию иқлимӣ:
– ҷамъ ба муҳлати рӯзи тақвимӣ рухсатии ҳарсолаи пардохтшавандаи меҳнатӣ дода мешавад.
Намудҳои дигари рухсатиҳо (рухсатиҳои иҷтимоӣ барои ҳомиладорӣ ва таваллуд, барои нигоҳубини кӯдак, барои таҳсил, рухсатии эҷодӣ, рухсатии бемузди меҳнат, рухсатии бемуваққатии бемузд ё қисман музднок) тибқи асосҳои қонунгузории хизмати давлатӣ ва меҳнат дода мешаванд.
6.Андоза ва шартҳои пардохти музди меҳнат
Ба корманд барои иҷрои уҳдадориҳои мансабӣ пардохт карда мешаванд:
- маоши мансабӣ _____________________________ сомонӣ.
(бо рақам ва ҳарфҳо навишта мешавад)
– мукофотпулӣ, кӯмакпулӣ, иловапулӣ, ҷубронпулӣ, изофапулӣ (минбаъд-иловапулиҳо) дар ҳолати ба онҳо ҳуқуқ доштани корманд ________________________________ сомонӣ.
(бо рақам ва ҳарфҳо навишта мешавад)
– Музди меҳнати корманд тибқи ҳамин шартномаи меҳнатӣ, созишнома ва шартномаи коллективӣ ё санадҳои меъёрии дигари дохилӣ (локалӣ) ва тартиби муқаррарнамудаи Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон то санаи 5-уми моҳи ояндаи пас аз моҳи ҳисоботӣ бо роҳи гузаронидан ба корти бонкӣ пардохта мешавад.
Ба корманд барои иҷрои уҳдадориҳои иловагӣ тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқи иловапулӣ дар ҳаҷми___________________________________________________
_______________________________________пардохта мешавад.
(бо рақам ва ҳарфҳо навишта мешавад)
7.Ҳуқуқҳои корманд:
– ҷиҳати тағйир додан ё бекор кардани шартномаи меҳнатӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба корфармо таклиф пешниҳод намояд;
– музди меҳнат, аз ҷумла мукофотпулӣ, кӯмакпулӣ, иловапулӣ, ҷубронпулӣ, изофапулӣ ва кафолатҳои дигари пешбининамудаи қонунгузориро сари вақт ва дар ҳаҷми пурра гирад;
– барои зарари ба саломатӣ ва молу мулкаш бинобар иҷрои уҳдадориҳои мансабӣ расонидашуда ҷубронпулро тибқи қонунгузорӣ гирад;
– аз дигар ҳуқуқҳо, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хизмати давлатӣ”, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, созишнома ва шартномаи коллективӣ пешбинӣ намудаанд, истифода намояд.
- Уҳдадориҳои корманд:
– талаботи Конститутсия, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки ба уҳдадориҳои
мансабӣ алоқаманд мебошанд, риоя ва таъмин намояд;
– ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, инчунин ҳуқуқ ва манфиатҳои шахсони ҳуқуқиро риоя, ҳифз ва эҳтиром намояд;
– агар манфиатии шахсии корманд барои иҷрои уҳдадориҳои мансабӣ монеа гардад, ё ба манфиати давлатӣ мухолифат кунад ва ё боиси ҳолатҳои дигари бархурдӣ манфиатҳо гардад, ба роҳбари мақоми давлатӣ, ки барои таъин намудан ба мансаб ва озод намудани ӯ аз мансаб ваколат дорад, хабар диҳад;
– аз рӯзи гирифтани иттилооти расмӣ дар бораи қатъ намудани шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё соҳиб шудан ба шаҳрвандии давлати дигар ба корфармо, ки ҳуқуқи ба мансаб таъин ва аз мансаб озод намуданро дорад, хабар диҳад;
– сатҳи касбӣ ва тахассуси худро барои иҷрои самараноки уҳдадориҳои мансабӣ баланд бардорад;
– сирри давлатӣ ва сирри дигари бо қонунҳо ҳифзшавандаро, аз ҷумла баъди қатъи муносибатҳои меҳнатӣ дар давоми муҳлати муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ нигоҳ дорад;
– монеа ва маҳдудиятҳои пешбининамудаи санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро риоя намояд:
– эъломиякунонии даромадҳо ва вазъи молумулкии худро бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ намояд;
– қарорҳо, фармоишҳо, амрҳо ва дастурҳои роҳбарияти мақоми давлатӣ, мақомоти болоӣ ва шахсони мансабдорро, ки дар доираи ваколати онҳо қабул шудаанд, тибқи тартиби муқарраргардида иҷро намояд;
– талаботи Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро риоя кунад;
– қоидаҳои тартиботи дохилии меҳнатиро риоя намояд;
– интизоми меҳнатиро риоя намояд;
– молу мулки ба иҷрои уҳдадориҳои мансабӣ вобаста шударо мақсаднок истифода карда, маҳорату нигоҳ доштани онро таъмин намояд;
– шартномаи меҳнатии мазкурро, ки фаъолияти меҳнатии ӯро ба танзим медарорад, иҷро кунад.
- Ҳуқуқҳои корфармо:
– шартномаи меҳнатиро бо корманд тибқи тартиби муқаррарнамудаи конунгузорӣ бандад, тағйир диҳад ва бекор намояд;
– аз корманд иҷро намудани уҳдадориҳои мансабӣ, риояи қоидаҳои тартиботи дохилии мехнатӣ ва муносибати
эҳтиёткорона ба молу мулки ба ӯ боваркардашударо талаб намояд;
– кормандро тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ ба ҷавобгарии интизомӣ ва моддӣ кашад;
– кормандро барои хизмати поквиҷдонона ва самаранок ҳавасманд намояд;
– аз ҳуқуқҳои дигари муқаррарнамудаи қонунгузорӣ истифода намояд.
- Уҳдадориҳои корфармо:
– шартҳо ва талаботи шартномаи меҳнатии мазкурро иҷро намояд;
– кормандро бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор, аз ҷумла санадҳои меъёрии дохилии (локалии) корфармо шинос намояд;
– шароити кор, бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат, хизматрасонии беҳдоштию маишӣ ва тиббии кормандро, ки барои иҷрои уҳдадориҳои мансабии ӯ заруранд, таъмин намояд:
– сари вақт ва дар хаҷми пурра пардохт намудани музди меҳнат, аз ҷумла мукофотпулӣ, кумакпулӣ, иловапулӣ. чубронпулӣ ва изофапулӣ (дар ҳолати ба онҳо ҳуқуқ доштани корманд)-ро таъмин намояд;
– кормандро тибқи тартиби муқарраргардида ба таҳсил ва такмили ихтисос фаро гирад;
– ҳангоми барҳам додан, азнавташкилдихӣ, таҷдиди мақоми давлатӣ, ихтисори шумора ё воҳидҳои кори музди меҳнати кормандро тибқи қонунгузорӣ дар муҳлатҳои муқарраргардида нигоҳ дорад;
– ҳангоми пурра ё қисман гум кардани қобилияти меҳнатӣ ҷуброни зарарро тибқи қонунгузорӣ пардохт намояд;
– ҳифзи маълумотҳои шахсии кормандро таъмин намояд;
– кормандро тибқи қонунҳо, санадҳои меъёрии ҳуқуқии дигари созишнома ва шартномаи коллективӣ ба суғуртаи ҳатмии давлатӣ фаро гирад;
– кормандро оид ба ҳолатҳое, ки барои иҷрои шартномаи меҳнатии мазкур таъсир мерасонанд, хабардор намояд;
– барои ҳимоя ва таъмини амнияти фаъолияти корманд мусоидат намояд;
– зарари ба ҳаёт ва саломатии корманд ҳангоми иҷрои уҳдадориҳои мехнатӣ расонидашударо тибқи Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷуброн намояд;
– уҳдадориҳои дигари муқаррарнамудаи қонунгузориро иҷро намояд.
– Шартҳои дигари шартномаи меҳнатӣ, ки ба хусусияти хоси фаъолияти корманд алоқаманд мебошанд.
________________________________________________________
________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________
- Тартиби тағйир додан ва қатъ намудани шартномаи меҳнатӣ, Шартҳои шартномаи меҳнатии мазкурро бо розигии тарафҳо мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ», Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии дигар тағйир дода шуда, ё амалӣ шартномаи меҳнатӣ қатъ карда мешавад.
Баҳсҳои тарафҳо бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ ҳал карда мешаванд.
12.Ҷавобгарии тарафҳо
Тарафҳои шартномаи мазкур мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ», Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии дигари Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
13.Санаи бастан ва рақами тартибии шартномаи меҳнатӣ Шартномаи меҳнатии мазкур дар ду нусха бо забони давлатӣ
таҳия, аз тарафи корфармо имзо ва бо муҳр тасдиқ ва аз тарафи корманд имзо карда шуда, як нусха ба корманд дода
шуда, нусхаи дигар дар парвандаи шахсии корманд нигоҳ дошта мешавад.
________________________ _________________________
(корфармо) (насаб, ном, номи падар)
________________________ _________________________
(мансаби роҳбар) (мансаби корманд)
________________________ _________________________
(имзо, ному насаби роҳбар) (имзо)
________________________ _________________________
(санаи имзо) (санаи имзо)
Ҷ.М.
№ __________________________
(рақами тартибии шартномаи меҳнатӣ)