Чӣ тавр бояд ташкилоти ибтидоии иттифоқи касаба таъсис дода шавад, дар ҳолате, ки агар дар коргоҳ, ташкилот ва муассиса таъсис дода нашуда бошад?

Дар ҳолате, ки дар коргоҳ, ташкилот ва муассисаи Шумо ташкилоти ибтидоии иттифоқи касаба таъсис нашуда бошад, Шумо метавонед якҷоя бо розигии кормандон, агар шумораи кормандон  аз 5 нафар зиёд бошад, таъсис диҳед.

Барои ин бо Оинномаи иттифоқҳои касаба шинос шавед.

Баъд аз он оиди таъсиси ташкилоти ибтидоии иттифоқи касаба бо кормандон маҷлис гузаронида мешавад. Дар ин маҷлис роҳбари коргоҳ ё намояндаи ӯ оиди таъсиси иттифоқи касаба сухан меронад. Боз ягон хоҳишманд бошад сухан карда метавонад. Баъдан бо розигии кормандон як нафар шахси ташкилотчиро раиси иттифоқи касаба таъин менамоянд. Ҳайати кумитаи иттифоқи касаба иборат аз се (ё панҷ, ҳафт) нафар бошад. Бинобар ин ба раиси иттифоқи касаба боз ду (ё чор, шаш) нафари дигар ва агар кормандон зиёд бошад чор ё шаш  нафари дигарро аъзо интихоб менамоянд.

Баъди он Комиссияи тафтишотӣ бояд интихоб карда шавад. Комиссияи тафтишотӣ низ иборат аз се (ё панҷ, ҳафт) нафар бошад.

Баъди интихоби аъзоён, комиссияи тафтишотӣ қарор қабул карда мешавад.

Баъдан роҳбари ташкилот ва раиси иттифоқи касабаи коргоҳ бояд ба ташкилоти болоии иттифоқи касаба мактуб ирсол намояд, то ки ба хизматрасонӣ қабул карда шавад.

 

П Р О Т О К О Л И    №____

маҷлиси умумии ҷомеаи меҳнатии_____________________________

 

аз _______________                                            шаҳри (ноҳияи)____________________

 

Ҳамаи кормандон _____      нафар

Иштирок карданд _____      нафар

Рӯзномаи маҷлис:

  1. Оиди созмон додани ташкилоти ибтидоии иттифоқи касаба.
  2. Интихоби аъзоёни кумита ва раиси кумитаи иттифоқи касаба.
  3. Интихоби комиссияи тафтишотии ташкилоти ибтидоии иттифоқи касаба.
  1. Оиди масъалаи якӯми рӯзномаи маҷлис _________________________ баромад намуда қайд кард, ки тибқи талаботу супоришҳои Сарвари давлат ва қарорҳои имрӯзаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Созишномаи минтақавӣ байни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд ва «Ассотсиатсияи соҳибкорони вилояти Суғд» барои солҳои 2018-2020 ва дигар қарору санадҳои меъёрӣ баҳри ҳимояи манфиатҳои ҳуқуқö, иҷтимоию иқтисодии кормандон, таъмини фаъолияти самараноки коргоҳ, ҷорӣ намудани интизоми намунавии меҳнатö ташкил намудани ташкилоти ибтидоии иттифоқи касаба зарур аст.

Аз ин лиҳоз мақсад аз маҷлиси имрӯза, қайд намуд _________________ созмондиҳии ташкилоти ибтидоии иттифоқи касаба мебошад. Барои ҳамин ин масъала ба овоз монда мешавад.

Баромадкардагон __________________________ ва ҳамаи иштирокчиёни маҷлис пешниҳодро дастгирö намуда ба тарафдории ташкил кардани ташкилоти ибтидоии иттифоқи касабаи __________________________________ розигии худро изҳор намуданд.

Қ а р о р   к а р д а   ш у д :

Ташкилоти ибтидоии иттифоқи касабаи ___________________________ ташкил карда шавад.

  1. Оиди масъалаи дуюм ____________________ баромад карда таклиф намуд, ки ҳайати кумитаи иттифоқи касаба иборат аз се (ё панҷ, ҳафт) нафар ва рафиқон _________________________________________________________ интихоб карда шаванд.

Ба тарафдории номбурдагон ҳама овоз доданд. Кумитаи иттифоқи касаба аз се (ё панҷ, ҳафт) нафар интихоб шуданд. Инчунин ____________________ таклиф пешниҳод намуд, ки ба вазифаи раиси кумитаи иттифоқи касаба _________________ интихоб шавад. Дар натиҷаи овоздиҳии (пинҳонӣ ё кушод)_____________________ якдилона____________________________ раиси кумитаи иттифоқи касаба  интихоб шуд.

  1. Оиди интихоби комиссияи тафтишотии ташкилоти ибтидоии иттифоқи касаба ___________________ баромад карда пешниҳод намуд, ки комиссия иборат аз 3 (5) нафар ва рафиқон ____________________________________________________ интихоб шаванд.

Ҷамъомадагон ин пешниҳодро дастгирӣ намуда ба тарафдории номзадии рафиқон___________________________________________________________ овоз доданд.

Қ а р о р   к а р д а   ш у д : 

Рафиқон_________________________________________________________________аъзоёни комиссияи тафтишотии ташкилоти ибтидоии иттифоқи касабаи _______________________________ интихоб карда шаванд.

Дар охир _______________________ раиси кумитаи иттифоқи касабаи коргоҳ ҳозиринро бовар кунонд, ки вазифаи ба уҳда гирифтаашро ҳаматарафа бо ҳамбастагӣ алоқаи зич бо Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд, ки кумита дар хизматрасонии он аст, иҷро менамояд.

Раиси маҷлис: ________________________________

Котиб: ______________________________________

 

 

 

 

                                                                  Ба раиси Шӯрои иттифоқҳои

                                    касабаи вилояти Суғд

                               Абдуллозода Ш.Б. 

 

Роҳбарият ва кумитаи иттифоқи касабаи _________________________________________________________________________________

аз Шумо эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки ташкилоти ибтидоии иттифоқи касабаи коргоҳи моро ба аъзогӣ ва хизматрасонии Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд қабул намоед.

 

Роҳбари коргоҳ                                    ________________

 

Раиси кумитаи иттифоқи касаба               ________________