СОЗИШНОМАИ
минтақавӣ байни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд ва Ассотсиатсияи соҳибкорони вилояти Суғд
барои солҳои 2018-2020
Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Раиси вилояти Суғд
ҚАРОР
аз «21» майи соли 2018 № 205 ш.Хуҷанд
Дар бораи Созишномаи минтақавӣ байни
мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд,
Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд ва
Ассотсиатсияи соҳибкорони вилояти Суғд
барои солҳои 2018-2020
Мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», моддаҳои 301, 302, 303, 304 ва 305 Кодекси меҳнати Æумҳурии Тоҷикистон, қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2018, №77 «Дар бораи маъқул донистани Созишномаи генералии байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва Иттиҳодияи корфармоёни Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018 – 2020» ва бо мақсади танзими муносибатҳои иҷтимоию меҳнатӣ байни кормандон, корфармоён, инчунин мусоидат намудан ба рушди минбаъдаи иқтисодию иҷтимоии вилоят,
қ а р о р м е к у н а м:
- Созишномаи минтақавӣ байни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд ва Ассотсиатсияи соҳибкорони вилояти Суғд барои солҳои 2018-2020 маъқул дониста шавад (замимаи 1).
- Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар ҳамкорӣ бо Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд ва Ассотсиатсияи соҳибкорони вилояти Суғд назорати иҷрои Созишномаи мазкурро ба роҳ монанд.
- Ҳайати Комиссияи сетарафаи Созишномаи минтақавӣ оид ба танзими муносибатҳои иҷтимоию меҳнатӣ дар вилояти Суғд тасдиқ карда шавад (замимаи 2).
- Сарраёсату Раёсатҳо, шуъбаҳову бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд, Ассотсиатсияи соҳибкорони вилояти Суғд ва шуъбаву бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилоят ҷиҳати татбиқи Созишномаи минтақавии байни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд ва Ассотсиатсияи соҳибкорони вилояти Суғд тадбирҳои зарурӣ андешида, аз натиҷаи он ҳар нимсола ба Комиссияи сетарафаи танзими муносибатҳои иҷтимоию меҳнатӣ дар вилояти Суғд маълумот пешниҳод намоянд.
- Ба муассисаҳои давлатии рӯзномаҳои «Ҳақиқати Суғд», «Согдийская правда» ва «Суғд ҳақиқати» супурда шавад, ки матни Созишномаи минтақавӣ байни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд ва Ассотсиатсияи соҳибкорони вилояти Суғд барои солҳои 2018-2020-ро дар саҳифаҳои рӯзнома интишор намоянд.
- Қарори Раиси вилоят аз 18 марти соли 2015, №153 «Дар бораи Созишномаи минтақавӣ байни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, Федератсияи иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд ва Ассотсиатсияи соҳибкорони вилояти Суғд барои солҳои 2015 – 2017» аз эътибор соқит дониста шавад.
- Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини якуми Раиси вилоят ва муовинони Раиси вилоят гузошта шавад.
Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода
Замимаи 1
ба қарори Раиси вилояти Суғд
аз «21» 05 соли 2018, №205
Созишномаи минтақавӣ
байни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд,
Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд ва Ассотсиатсияи соҳибкорони вилояти Суғд барои солҳои 2018-2020
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд ва Ассотсиатсияи соҳибкорони вилояти Суғд (минбаъд «Тарафҳо» номида мешавад) Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи солҳои 2016-2020, Стратегияи давлатии рушди бозори меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Низомномаи Комиссияи сетарафаи танзими муносибатҳои иҷтимоию меҳнатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи тасдиқи Низомномаи тартиби таҳия ва бастани созишномаҳои генералӣ, соҳавӣ ва минтақавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2018, №77 “Дар бораи маъқул донистани Созишномаи генералии байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва Иттиҳодияи корфармоёни Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2020”-ро мавриди роҳбарӣ қарор дода, бо мақсади танзими муносибатҳои иҷтимоию меҳнатӣ, дарёфти ризоияти ҷамъиятӣ, суботи ҷамъиятӣ, ҷалби теъдоди ҳарчи бештари аҳолии қобили меҳнат бо меҳнати арзанда, зиёд кардани даромади кормандон, коҳиш додани сатҳи бекорию баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии аҳолӣ, афзоиши ҳиссаи шуғли расмӣ ва бахши ба қайд гирифташудаи иқтисодиёт, таъмини стандартҳои ҳадди ақали иҷтимоӣ, ҳифзи ҳуқуқ ва манфиати муҳоҷирони меҳнатӣ, Созишномаи минтақавии мазкурро барои солҳои 2018 – 2020 ба имзо расониданд. Дар музокирот Тарафҳо барои амалӣ намудани вазифаҳои зайл тавофуқ ҳосил намуданд.
БОБИ 1. СИЁСАТИ ИҚТИСОДӢ
Бо саъю кӯшиши якҷоя ҷиҳати ноил гардидан ба рушди иқтисодӣ, таҳкими вазъияти иқтисодӣ ва молиявии соҳаҳои он татбиқ намудани тадбирҳои зеринро зарур мешуморанд:
- Дар соҳаи буҷету андоз ва сиёсати нарх:
– омӯзиши масъалаи баробар кардани сатҳи андозбандӣ бо шарикони асосии иқтисодиву тиҷоратӣ ва дигар вилоятҳо бо назардошти манфиатҳои иқтисодиву молиявии вилоят;
– таҳия ва амалӣ намудани чорабиниҳо ҷиҳати баланд бардоштани фарҳанги андозсупорӣ ва риояи қонунгузории андоз дар вилоят;
– содда намудани расмиёти маъмурикунонии андоз, бо мақсади баланд бардоштани ҷамъоварӣ, шаффофият, пешгӯшаванда будани тартиби ситонидани андозҳо барои андозсупорандагон.
Дар соҳаи баланд бардоштани фаъолияти сармоягузорӣ ва рушди соҳибкорӣ:
– идома бахшидани ислоҳот ва густариши он ҷиҳати беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ бо мақсади рушди саноати ватанӣ ва истифодаи захираҳои сарватҳои зеризаминӣ;
– тақвияти ҳимояи ҳуқуқи моликият ва ҳимояи ҳуқуқи соҳибкорон, такмили ҳимояи судии ҳуқуқи соҳибкорон;
– такмили фаъолияти институтҳои дастгирикунандаи соҳибкорӣ, ба монанди Фонди дастгирии соҳибкорӣ, Агентии пешбурди сармоягузорӣ ва содирот, Маркази татбиқи лоиҳаҳои шарикии давлат ва бахши хусусӣ ва бунёди механизмҳои самараноки рушди маҳал;
– фароҳам овардани шароити мусоид, аз ҷумла низоми дастгирӣ, ҳавасмандгардонӣ ва кафолатҳои муассир барои ҷалб намудани захираҳои бахши хусусӣ ба татбиқи лоиҳаҳои шарикии давлат ва бахши хусусӣ;
– татбиқи пайдарҳами сиёсати кам кардани сарбории маъмурии пешбурди тиҷорат ва ташаккули низоми ҳамроҳии маъмурии лоиҳаҳои миёнаву калони сармоягузории бахши хусусӣ аз рӯи принсипи «равзанаи ягона»;
– фароҳам овардани шароит барои сафарбар намудани захираҳои сармоягузорӣ ва баланд бардошдани самаранокии лоиҳаҳои сармоягузорӣ;
– баланд бардошдани сатҳи ҷолибияти иқтисодиёт барои сармоягузорон ва беҳтар намудани мавқеи кишвар дар рейтинги «Пешбурди соҳибкорӣ» аз рӯи индикатори «Ҳимояи сармоягузорон»;
– ташкил намудани мониторинги фазои сармоягузорӣ, ки на танҳо барои арзёбии натиҷабахшии кор вобаста ба ҷалби сармоягузориҳо, балки инчунин барои тағйир додани фарҳанги мавҷудаи маъмурӣ, ки дар он сармоягузор ҳоло ҳамчун субъекти камаҳамият ҳисобида мешавад, муҳим аст;
– рушди инфрасохтори фаъолияти сармоягузорӣ ва беҳтар намудани ҷолибияти сармоягузорӣ ба бахши истифодаи қаъри замин;
– истифодаи имкониятҳои нави сармоягузорӣ дар занҷираи арзиши иловашудаи тиҷорати кишоварзӣ дар вилоят;
– мукаммалгардонии заминаи ҳуқуқии дастгирӣ ва рушди соҳибкорӣ, фароҳам овардани шароит барои дастёбии субъектҳои соҳибкорӣ ба бозорҳои байналмилалии мол, кор ва хизматрасониҳо;
– ташкил намудани фаъолияти самараноки институти ҳамкориҳои мутақобилаи сохторҳои тиҷоратӣ ва мақомоти ҳокимияти давлатӣ;
– мусоидат барои рушди соҳибкории инноватсионӣ, ташкил намудани технопаркҳо ва бизнес-инкубаторҳо;
– такмили низоми таҳсилоти миллии соҳибкорӣ барои омӯзиш ва тайёр намудани мутахассисони баландихтисоси рақобатпазир дар соҳаҳои гуногун мутобиқи талаботи иқтисоди бозоргонӣ ва стандартҳои байналмилалӣ;
– бо назардошти имконияти буҷет зиёд намудани ҳаҷми маблағҳои Фонди дастгирии соҳибкорӣ ва паст кардани меъёри фоиз;
– такмили сиёсати андоз барои ҳавасмандгардонии фаъолнокии инвеститсионии соҳибкорони хусусӣ.
Дар соҳаи азнавсозӣ, ислоҳот ва устувор гардонидани иқтисодиёти миллӣ:
– таҳия ва андешидани тадбирҳо оид ба дастгирии давлатии молистеҳсолкунандагони вилоят дар доираи меъёрҳои Созмони умумиҷаҳонии савдо;
– такмил додани заминаи меъёрии ҳуқуқии мусоидат ба содирот ва воридотивазкунӣ, ҳавасмандгардонии содироткунандагон;
– густариши ислоҳоти аграрӣ бо мақсади ташаккул ва инкишофи истеҳсолоти кишоварзии сердаромад;
– идомаи азхудкунӣ ва истифодаи самараноки иқтидори гидроэнергетикӣ тибқи амалӣ намудани “Барномаи аз худ намудани манбаъҳои барқароршавандаи энергия ва сохтмони нерӯгоҳҳои хурди барқи обӣ барои солҳои 2016 – 2020” ва “Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалӣ намудани лоиҳаҳои афзалиятнок дар соҳаи энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015 – 2020” ҳамчунин, таҷдиди нерӯгоҳҳои барқии обии мавҷуда ва сохтани нерӯгоҳҳои барқии обии нав;
– андешидани тадбирҳои судманд ҷиҳати рушди содирот ва воридотивазкунӣ.
– баланд бардоштани самаранокии соҳаҳои коркарди маҳсулоти вилоят, воситаҳои асосӣ, технологияву таҷҳизот;
– баланд бардоштани самаранокии идоракунии комплекси сӯзишворию энергетикӣ ва таъмини дастрасии устувору баробари ҳамаи субъектҳои иқтисоди миллӣ ба захираҳои энергетикӣ;
– андешидани тадбирҳои судманд ҷиҳати рушди содирот ва воридотивазкунӣ;
– рушди низоми миллии воридотивазкунии интихобӣ, пеш аз ҳама дар соҳаи комплекси агросаноатӣ (коркарди маҳсулоти меваю сабзавот ва зиёд кардани истеҳсоли он);
– вусъат бахшидан ба ҷараёни коркарди маъдан, тилло, нуқра ва сангҳои ороишӣ;
– тақвият бахшидани вазъи коркарди аввалияи ашёи хоми саноативу маҳсулоти кишоварзӣ;
– ҷорӣ намудани низоми стандартҳои байналмилалии сифат дар корхонаҳои саноатӣ;
– бунёди корхонаҳои хурду миёнаи дӯзандагӣ, қолинҳои дастбоф, коркарди пашм, пӯст, пилла, меваю сабзавот ва масолеҳи сохтмонӣ;
– ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоте, ки дар вилоят барои тавлидоти он шароити мусоиди истеҳсолӣ ва ашёи хом вуҷуд дошта;
– инкишофи барномаҳои шарикии давлат ва бахши хусусӣ дар истеҳсолоти кишоварзӣ;
– таҳияи механизми пешниҳоди қарзҳои кӯтоҳмуҳлат, миёнамуҳлат, дарозмуҳлат ва қарзҳои имтиёзнок ба истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ, инкишофи кооперативҳои қарзӣ;
– бунёди истгоҳҳои моддию техникӣ дар заминаи Ассотсиаисияи хоҷагиҳои деҳқонӣ, рушди агролизинг, баланд бардоштани сатҳи механизатсияи истеҳсолоти кишоварзӣ;
– баланд бардоштани дараҷаи тиҷоратикунонии истеҳсолот тавассути инкишофи малакаҳои маркетингӣ ва касбии кормандони соҳаи кишоварзӣ;
– идомаи корҳо оид ба кашф ва азхудкунии захираҳои сӯзишвории органикӣ, зиёд кардани ҳаҷми истихроҷи ангишт ва истеҳсоли газ аз он дар асоси таҳия ва татбиқи барномаи мақсадноки инкишофи истихроҷ (аз ҷумла бо усули шахтагӣ) ва коркарди ангишт;
– таъмини дастрасӣ барои истеъмолкунандагон, новобаста аз категория, мансубияти минтақавиашон ва фасли сол, ба энергия дар асоси ворид намудани иқтидорҳои нав ва истифодаи самараноки иқтидорҳои ҷойдошта, инкишофи инфрасохтори энергетикӣ, аз ҷумла дар минтақаҳои таъмини ғайримарказонидашудаи барқ;
– таҳияи низоми чораҳо оид ба ҳавасмандгардонии сарфи энергия ва баланд бардоштани самаранокии энергетикии истеҳсолот;
– таҳияи маҷмӯи чораҳо оид ба баланд бардоштани ҷолибияти лоиҳаҳои сармоягузорӣ, ташаббусҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар бахши соҳибкории энергетикӣ.
- Кори аз ҷониби Тарафҳо гузаронидашаванда бояд дар давоми солҳои 2018 – 2020 афзоиши ҳарсолаи маҷмӯи маҳсулоти дохилиро тибқи пешбиниҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии вилоят таъмин намояд.
БОБИ 2. ДАРОМАДҲО, МУЗДИ МЕҲНАТ
ВА САТҲИ ЗИНДАГИИ АҲОЛӢ
- Тарафҳо дар ин давра таҳия ва татбиқи тадбирҳое, ки ҳуқуқи кормандонро ба меҳнати арзанда, баланд бардоштани сатҳи музди воқеӣ, такмили сиёсати даромад ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолиро таъмин менамояд, зарур мешуморанд. Бо ин мақсад, Тарафҳо уҳдадор мешаванд:
– бо назардошти натиҷаҳои воқеии рушди иҷтимоию иқтисодӣ таҷдиди назар намудани низоми пардохти музди меҳнат дар доираи созишномаҳои соҳавӣ ва шартномаҳои коллективӣ;
– таъмини назорати давлатӣ ва ҷамъиятӣ аз рӯи пардохти саривақтии музди меҳнат дар ташкилоту муассисаҳои новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва намуди фаъолият;
– мунтазам пешбурдани корҳо оид ба солимгардонии молиявии ташкилотҳо, таъмини фаъолияти безарари онҳо бо мақсади нигоҳ доштани шуғлнокии доимии кормандон ва баландшавии музди меҳнат;
– тибқи муқаррароти моддаи 144 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон индексатсия намудани музди меҳнат бо назардошти сатҳи таваррум;
– идомаи таҳияи чораҳо барои муҳофизати ҳуқуқҳои моддии корманд дар сурати муфлисшавии ташкилоту корхона ва муассисаҳои новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва намуди фаъолият;
– ҳамасола гузаронидани мониторинги иҷроиши моддаҳои 140 ва 143 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкилоту корхона ва муассисаҳои новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва намуди фаъолият.
БОБИ 3. ҲИФЗИ ИҶТИМОӢ, КАФОЛАТҲО
ВА СУҒУРТАИ ИҶТИМОӢ
- Тарафҳо бо мақсади тақвияти соҳаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, таъмини кафолатҳои иҷтимоӣ ва суғуртаи иҷтимоии шаҳрвандони вилоят амалӣ намудани тадбирҳои зайлро ҳатмӣ мешуморанд:
– баррасии меъёрҳои минималии стандартҳои иҷтимоӣ оид ба пешниҳоди хизматрасониҳои иҷтимоӣ ба аҳолӣ, аз ҷумла дар самти хизматрасонии манзилию коммуналӣ;
– идомаи додани механизми таҷрибавии кӯмакҳои унвонии иҷтимоӣ ба оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат;
– ҳамасола саривақт аз ҳисоби буҷети вилоят ҷудо намудани маблағҳо барои таҳкими заминаи моддию техникӣ ва ба мавсими тобистона тайёр кардани солимгардонии кӯдакон, ки дар тобеият ё дар истифодаи иттифоқҳои касаба мебошанд, аз он ҷумла харидани асбобу таҷҳизот барои мактабҳои варзишии кӯдакон ва наврасон;
– андешидани маҷмӯи тадбирҳо оид ба рушди заминаи иттилоотии низоми ҳифзи иҷтимоӣ, аз ҷумла дар соҳаи суғуртаи иҷтимоӣ ва таъминоти нафақа;
– таҳия ва дар амал татбиқ намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи низоми нави таъминоти нафақа дар доираи ислоҳоти амалишаванда;
– ташаккули маҷмӯи ҳавасмандиҳо барои корфармоён ҷиҳати бо кор таъмин намудани шахсони маъюб дар бахши расмӣ;
– паҳн намудани иттилооти умумӣ оид ба маъюбӣ, ҳуқуқи шахсони маъюб, уҳдадориҳои давлат дар ин самт, ҳам дар байни мақомоти ҳокимияти масъул ва ҳам дар байни табақаи васеи аҳолӣ;
– таҳия ва тасдиқи стандартҳои кафолатҳои минималии дастрасӣ ба даромадҳо ва хизматрсониҳои иҷтимоӣ;
– андешидани маҷмӯи тадбирҳо ҷиҳати мусоидат ба сохтмони манзилҳои дастрас мутобиқи эҳтиёҷот ва талаботи аҳолӣ;
– нигоҳ доштани танзими давлатии нархҳо ба хизматрасонии коммуналӣ, газ, сӯзишворӣ, қувваи барқ, доруворӣ, молҳои зарурии аввалия ва маводи ғизоӣ ба аҳолӣ;
– таъмин намудани ҳаҷми сохтмони манзил мувофиқи нишондиҳандаҳои дурнамои рушди вилоят барои солҳои 2018-2020;
– таъмин намудани сохтмони саривақтии иншооти соҳаҳои тандурустӣ ва маориф, аз он ҷумла муассисаҳои таълимии томактабӣ дар шаҳру ноҳияҳо аз нав сохташавандаи вилоят;
– таъмин намудани маблағгузории хароҷотҳо барои тандурустӣ ва маориф мувофиқи дурнамои нишондиҳандаҳо, вале на камтар аз ҳаҷми солҳои пешин;
– дар солҳои 2018-2020 нигоҳ доштани намудҳои ҳатмии ёрии тиббии ройгон барои аҳолии вилоят бе коҳишёбӣ аз сатҳи солҳои пешин;
– пешбинӣ намудани зиёдшавии меъёрҳои хароҷоти пулӣ барои хӯрок ба тарбиятгирандагон, хонандагон ва донишҷӯёне, ки дар муассисаҳои таълимии томактабӣ, таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ таҳсил мекунанд;
– давра ба давра баланд бардоштани андозаи ҳамаи намудҳои идрорпулии (стипендияи) хонандагон ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ибтидоии касбӣ, миёна ва олии касбӣ;
– бо риояи тартиби муайяншуда самаранок истифода бурдани андозаи 1,4 – фоиза дар корхонаву ташкилотҳои новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва намуди фаъолият, ҷиҳати харидани роҳхат барои истироҳатгоҳи тобистонаи кӯдакон ва наврасон ба истироҳатгоҳ ва мавзеҳои истироҳатии вилоят;
– бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар маблағгузорӣ ва омода намудани истироҳатгоҳҳои тобистона ба мавсими қабул;
– маблағгузории саривақтии хароҷот оид ба омодагии касбӣ, такмили ихтисос ва бозомӯзии бекорон, аз ҷумла пардохти стипендия, пардохти корҳои ҷамъиятӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ барои шаҳрвандони бекоре, ки ба ҳифзи иҷтимоӣ эҳтиёҷ доранд;
– таъмини худмашғулияти аҳолии бекор ва таъсиси ҷойҳои иловагии корӣ, барои фаъолияти илмию тадқиқотӣ оид ба масъалаҳои шуғл ва бозори меҳнат, маблағгузории тадбирҳои ҳамкории бозори меҳнат, рушди байналмилалӣ оид ба масъалаҳои шуғл ва бекорӣ;
– пардохти ҷубронпулӣ ба ивази роҳхатҳои истифоданашудаи муолиҷаи санаторию курортӣ ба маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ашхоси имтиёзашон ба онҳо баробар;
– таҷдиди назар намудани тартиби пардохти кӯмакпулиҳои иҷтимоӣ барои корношоямии муваққатӣ, ҳомиладорию таваллуд ва кумакпулиҳои оилавӣ ба аъзоёни хоҷагиҳои деҳқонӣ ва соҳибкорони инфиродӣ ва мутобиқ намудани андозаи чунин кӯмакпулиҳо ба саҳмгузории онҳо дар низоми суғуртаи давлатии иҷтимоӣ;
– татбиқи чораҳои ҳавасмандгардонӣ барои рушди соҳаи сайёҳӣ, истироҳатгоҳҳо ва санаторияю профилакторияҳои вилоят;
– таҳия ва қабули Барномаи давлатии азнавсозии истироҳатгоҳҳои амалкунанда ва сохтмони истироҳатгоҳҳои нав;
– андешидани чораҳои лозима дар доираи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иҷро намудани талаботҳои Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби роҳбарони ширкатҳои трансмиллӣ, корфармоёни хориҷӣ нисбати шаҳрвандони ҷумҳурӣ ва шаҳрвандони кирояи хориҷӣ дар самти бархурдор будан аз имтиёзҳои мавҷудаи иҷтимоӣ ва меҳнатӣ.
БОБИ 4. РУШДИ БОЗОРИ МЕҲНАТ
ВА МУСОИДАТ БА ШУҒЛИ АҲОЛӢ
- Тарафҳо ҷиҳати танзим ва рушди бозори меҳнат ва таъмини шаҳрвандон бо шуғли арзанда татбиқи чорабиниҳои зеринро ҳатмӣ мешуморанд:
– такмил додани заминаи меъёрию ҳуқуқии ташаккули (аввал дар сатҳи миллӣ ва пас аз он дар сатҳи минтақаҳо) низоми таҳлил ва пешгӯии бозори меҳнат;
– рушди инфарсохтори оморӣ барои таҳлил ва пешгӯии бозори меҳнат, пайваста гузаронидани тадқиқоти қувваи корӣ (бо дохил намудани маҷмӯи масъалаҳои алоқаи таҳсилот, шуғл ва даромадҳо), тадқиқоти корхонаҳо ва ташкилотҳо, пурсишҳо ҷиҳати бокортаъминкунии хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти касбӣ);
– ҷорӣ намудани низоми ҳисоботдиҳии фаврии баҳодиҳии ҳолати бозори меҳнат (ҳар семоҳа бо инъикоси равандҳои таъсис ва барҳам додани ҷойҳои корӣ, муҳоҷирати меҳнатии хориҷӣ ва дохилӣ) ба низоми таъминоти иттилоотии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ;
– таҳия ва татбиқи Барномаи миёнамуҳлати мақсадноки «Мусоидат ба шуғли шахсони маъюб ва таъсиси гурӯҳҳои худёрирасон»;
– таҳияи Барномаи рушди худиштиғол ва корҳои хонагӣ (хонакорӣ);
– татбиқи барномаҳои давлатӣ ва минтақавии мусоидат ба шуғли аҳолӣ бо додани афзалият ба чораҳои фаъоли сиёсати шуғл дар бозори меҳнат;
– роҳ надодан ба ивазшавии муносибатҳои меҳнатӣ, бо қарордоди шартномавии хусусиятҳои шаҳрвандию ҳуқуқӣ дошта, барои иҷрои коре, ки бояд мувофиқи қонунгузорӣ дар бораи меҳнат дар асоси шартномаи меҳнатӣ амалӣ гардад;
– ёрӣ расонидан ба бекорон дар ташкили худиштиғолӣ, аз он ҷумла бо роҳи додани қарзҳои имтиёзнок;
– дар ҳаҷми пурра таъмин намудани дастгирии иҷтимоии бекорон, ки бо қонунгузорӣ пешбинӣ шудааст;
– татбиқи механизмҳои шарикии иҷтимоӣ дар бозори меҳнат (аз ҷумла барномаҳо оид ба ҳамкории ассотсиатсияҳои кордиҳандагон, соҳибкорон, иттифоқҳои касабаи соҳавӣ ва раёсату шӯъбаҳои соҳавӣ);
– инкишофи низоми таъминоти иттилоотии мусоидат ба таъмини шуғл;
– таҳияи маҷмӯи тадбирҳо ҷиҳати ба расмият даровардани шуғл ва пардохти меҳнат дар доираи паст намудани сатҳи шуғли ба қайд гирифтанашуда;
– андешидани тадбирҳо ҷиҳати аз байн бурдани иқтисодиёти пинҳон ва кам кардани ҳаҷми шуғли ба қайдгирифтанашуда.
БОБИ 5. ҲИФЗИ МЕҲНАТ
- Бо мақсади таъмин намудани ҳифзи меҳнат, Тарафҳо амалӣ кардани чорабиниҳои зеринро зарур мешуморанд:
– гузаронидани санҷиши шароит ва ҳифзи меҳнат, иҷрои уҳдадориҳои корфармоён оид ба ҳифзи меҳнат, тибқи қонунгузории пешбинигардида;
– ба роҳ мондани назорати қатъӣ аз болои иҷрои моддаи 348 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муоинаи тиббӣ;
– дар ташкилоту муассисаҳои новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва намуди фаъолият пешбинӣ намудани маблағҳои зарурӣ барои чорабиниҳои ҳифзи меҳнат.
- Тарафҳо конвенсияҳои зерини Ташкилоти байналмилалии Меҳнатро бо мақсади муайян намудани зарурати ҳамроҳшавӣ ба онҳо мавриди омӯзиш ва таҳлил қарор медиҳанд:
– Конвенсияи №102 “Дар бораи ҳадди аққали таъминоти иҷтимоӣ”;
– Конвенсияи №167 “Дар бораи бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат дар сохтмон”;
– Конвенсияи №183 “Дар бораи ҳифзи модар”.
БОБИ 6. ТАЪМИНОТИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ
МУҲОҶИРОНИ МЕҲНАТӢ
- Бо мақсади таъмини ҳифзи ҳуқуқҳои муҳоҷирони меҳнатӣ Тарафҳо амалӣ намудани чорабиниҳои зеринро зарур мешуморанд:
– таҳия ва ҷорӣ намудани низомҳои иттилоотии ҳамкории байнисоҳавӣ дар доираи идоракунии муҳоҷирати меҳнатии хориҷӣ;
– такмил додани низоми меъёрию ҳуқуқии ҳифзи муҳоҷирони меҳнатӣ;
– фаъолгардонии саъю талошҳо оид ба таъмини ҳифзи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии муҳоҷирони меҳнатӣ ва оилаҳои онҳо, аз ҷумла ба воситаи созишномаҳои дутарафа доир ба ҷалби муташаккилонаи муваққатии шаҳрвандони кишвар ва таъминоти нафақавӣ;
– таҳияи маҷмӯи амалҳои ҳассоси гендерӣ оид ба омодасозии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо;
– ташаккули махзани маълумоти талаботи соҳавӣ ва ҳудудии ҷумҳурӣ ва кишварҳои асосии воридкунандагони қувваи корӣ;
– интишори боз ҳам васеъи маҷмӯи иттилооту маълумот оид ба ҳуқуқу уҳдадориҳо, шартҳо ва тартиби бақайдгирии муҳоҷирони меҳнатӣ дар кишварҳои асосии воридкунандагони қувваи корӣ;
– бисёрҷониба намудани раванди муҳоҷирати меҳнатӣ;
– андешидани тадбирҳо бо мақсади додани бартарият ба кормандони ватанӣ дар лоиҳаҳое, ки барои амалисозии онҳо ба мутахассисони хориҷӣ квота муқаррар гардидааст;
– танзими муҳоҷирати меҳнатии дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ, пешгирии муҳоҷирати меҳнатии ғайриқонунӣ.
БОБИ 7. ШАРИКИИ ИҶТИМОӢ ВА
ТАНЗИМИ ФАЪОЛИЯТИ ТАРАФҲО
- Тарафҳо ӯҳдадор мешаванд, чораҳое андешанд, ки ба минбаъда инкишоф ёфтани низоми шарикии иҷтимоӣ ва баланд бардоштани самаранокии он нигаронида шуда бошад, аз ҷумла:
– муносибатҳои худро дар асоси принсипҳои шарикии иҷтимоӣ, ки ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва конвенсияҳои аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон қабулгардидаи Ташкилоти Байналмилалии Меҳнат асос ёфтааст, ба роҳ монда, оид ба ин масъала дар маҳалҳо ба корфармоён ва ташкилотҳои иттифоқи касаба кӯмаки доимӣ расонанд;
– дар бастани созишномаҳо ва шартномаҳои коллективӣ, такмил додани фаъолияти комиссияҳои соҳавӣ ва минтақавӣ оид ба танзими муносибатҳои иҷтимоию меҳнатӣ мусоидат намоянд;
– дар мавриди аз ҷониби сармоягузорон хусусӣ гардонидани ташкилот ва пайдо намудани ҳуқуқи моликият дар шартномаҳои сармоягузорӣ ҷиҳати дар муддати на камтар аз 6 моҳ нигоҳ доштани шуғли кормандон дар ҳамон сатҳи то хусусигардонӣ қарордошта, инчунин кафолатҳо ва имтиёзҳо, на камтар аз ҳаҷми пешбининамудаи созишномаи амалкунанда, шартномаи коллективӣ уҳдадориҳоро пешбинӣ намоянд;
– оид ба таъсис додани ташкилотҳои ибтидоии иттифоқи касаба дар муассиса ва корхона новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва намуди фаъолият;
– ба шарикони иҷтимоӣ лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқиро оид ба масъалаҳои сиёсати иҷтимоию иқтисодӣ, муносибатҳои меҳнатӣ ва шарикии иҷтимоӣ мувофиқа намоянд;
– аз ҷониби Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят ва шаҳру ноҳияҳо ба Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилоят ва Ассотсиатсияи соҳибкорони вилоят иттилооти омориро дар асоси ройгон тибқи Барномаи корҳои оморӣ муайянгардида пешниҳод карда шавад;
– ҳама гуна чораҳои аз онҳо вобаста бударо ба бартараф кардан ва ҳалли асосноки баҳсҳои меҳнатии коллективӣ, ки дар соҳаи иҷтимоию меҳнатӣ ба миён омадаанд, ба амал бароранд.
- Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд:
– дастгирии нақши аз ҷиҳати иҷтимоӣ муҳими иттифоқҳои касаба (иттиҳодияҳои онҳо) ва Ассотсиатсияи соҳибкорон (иттиҳодияҳои онҳо)- ро дар пешбурди сиёсати мувофиқашудаи иҷтимоию иқтисодӣ ва рушди шарикии иҷтимоӣ таъмин менамояд;
– бо пешниҳоди Тарафҳо ба баррасии пешакии Комиссияи сетарафаи танзими муносибатҳои иҷтимоию меҳнатӣ дар вилоят лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқиро, ки ба салоҳияти Комиссияи мазкур марбут аст, пешниҳод мекунад;
– ҳангоми омода намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки масъалаҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва вобаста ба онҳо манфиатҳои иқтисодии кормандон ва корфармоёнро дар бар мегирад, ба Тарафҳо дар шахсияти ҳамоҳангсозии Комиссияи сетарафаи танзими муносибатҳои иҷтимоию меҳнатии вилоят лоиҳаҳои дахлдорро барои баррасӣ ва дохил кардани эроду пешниҳодҳо равона карда, мавқеи онҳоро то қабул шудани қарор муайян мекунад;
– дар доираи салоҳияти худ ҷиҳати риоя кардани қонунҳо дар соҳаи иҷтимоию меҳнатӣ чораҳо меандешад, роҷеъ ба ин масъала бо иттифоқҳои касаба (иттиҳодияҳои онҳо) ва Ассотсиатсияи соҳибкорон (иттиҳодияҳои онҳо) ҳамкорӣ менамояд, низоми батанзимдарории баҳсҳои меҳнатии коллективиро инкишоф медиҳад.
- Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд:
– чораҳое меандешад, ки ба самаранокӣ ва рақобатпазирии истеҳсолот, таъсис додани ҷойҳои босамари корӣ, таъмин кардани музди меҳнат ва кафолатҳои иҷтимоӣ, ҳифзи меҳнат ва саломатии кормандон дар истеҳсолот мусоидат менамояд;
– бо мақсади минбаъд такмил додани низоми шарикии иҷтимоӣ, ба таври баробар тақсим кардани масъулияти шарикони иҷтимоӣ дар соҳаи муносибатҳои меҳнатии коллективӣ ҷиҳати инкишофи сохтори иттиҳодияи корфармоён дар сатҳи вилоят ва маҳаллӣ чораҳо меандешад, ба иштироки фаъолонаи онҳо дар раванди коллективию шартномавӣ мусоидат менамояд;
Ҳамоҳангсози Тарафи Ассотсиатсияи соҳибкорони вилоят:
– ба Ассотсиатсияи соҳибкорон дастрас кардани лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии пешниҳоднамудаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятро таъмин менамояд;
– ба намояндагони Ассотсиатсияи соҳибкорон фиристодани маводи ба Комиссияи сетарафаи танзими муносибатҳои иҷтимоию меҳнатӣ дар вилоят пешниҳодгардида, қарорҳои Комиссия, инчунин бо иштироки Ассотсиатсияи соҳибкорон номбаршуда баррасӣ намудани масъалаҳои вобаста ба татбиқи қарори Комиссияи болозикрро оид ба муносибатҳои меҳнатию иҷтимоӣ ташкил менамояд.
- Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд:
– дар таҳия ва татбиқи сиёсати иҷтимоию иқтисодии вилоят иштирок мекунад;
– ба воситаи намояндагони ваколатдори худ дар кори мақомоти машваратии раёсату шӯъбаҳо, дигар мақомоти вилоятӣ, ҷаласаҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ва мақомоти идоракунии ташкилотҳо иштирок менамояд;
– ҳангоми ҳамоҳангсозии фаъолияти созмонҳои аъзо, сохтори ташкилии онҳо оид ба бастани созишномаҳо ва шартномаҳои коллективӣ зарурати мунтазам баланд бардоштани самаранокии иқтисодии кори корхонаҳо, афзоиши ҳосилнокии меҳнат, кам кардани хароҷоти истеҳсолот, баланд бардоштани ҳавасмандӣ ба меҳнат, пурзӯр намудани интизом, тартибот ва муташаккилӣ дар истеҳсолотро ба инобат мегиранд;
– ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо дар бораи ҷой доштани ҳодисаҳои сари вақт надодани музди меҳнат хабар медиҳад.
Ҳамоҳангсози Тарафи Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд:
– ба Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилоят ва иттифоқҳои касабаи соҳавӣ расонидани лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии пешниҳоднамудаи Тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд;
– ба намояндагони Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилоят ва иттифоқҳои касабаи соҳавӣ фиристодани маводи ба Комиссияи сетарафаи танзими муносибатҳои иҷтимоию меҳнатӣ дар вилоят оид ба масъалаҳои меҳнатию иҷтимоӣ пешниҳодшуда, қарорҳои Комиссия, инчунин бо иштироки иттифоқҳои касабаи номбаршуда баррасӣ намудани масъалаҳои вобаста ба татбиқи қарори Комиссия оид ба масъалаҳои меҳнатию иҷтимоиро ташкил менамояд.
- Тарафҳо оид ба масъалаҳои зерин ба мувофиқа омаданд:
– риоя намудани нуқтаҳои дар Созишномаи минтақавӣ бадастомада;
– мусоидатнамоӣ ба ташкили пардохти ғайринақдии ҳаққи узвияти иттифоқҳои касаба дар як вақт бо пардохти музди меҳнат (аз ҷумла аз ҳисоби қарзҳо ва кредитҳои бонкҳо пардохтшуда) мутобиқи қонунгузорӣ;
– ҷиҳати дар асоси шартномаи коллективӣ дар ташкилотҳо амалкунанда ба иттифоқҳои касаба беподош пешниҳод намудани ҷой, таҷҳизот, воситаи нақлиёт, васоити алоқа, инчунин муҳайё намудани дигар шарту шароитҳои зарурӣ барои фаъолияти иттифоқҳои касаба тибқи қонунгузории ҷорӣ.
- Намояндагони ваколатдори иттифоқҳои касаба ва Ассотсиатсияи соҳибкорон тибқи қонунгузорӣ дар хусусигардонӣ ва таҷдиди корхонаҳои воҳидии давлатӣ иштирок менамоянд.
- Бо мақсади мусоидат намудан ба татбиқи манфиатҳои меҳнатӣ ва иҷтимоию иқтисодии кормандон, аз ҷумла ба кормандон фароҳам овардани шароити нисбатан имтиёзнок, ки инро қонунгузорӣ пешбинӣ менамояд, мустаҳкам кардани интизоми меҳнатӣ ва баланд бардоштани ҳисси масъулияти кормандон дар қисмати риоя намудани талаботи муқаррарнамудаи Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳифзи меҳнат тарафҳо тавсия медиҳанд, ки дар шартномаҳои коллективӣ чунин муқаррарот дохил карда шавад:
– дар ташкилоту муассисаҳои новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва намуди фаъолият ба кор бурдани низоми босамари пардохти музди меҳнати кормандон, ки ба ҳосилнокии баланди меҳнат нигаронида шудааст;
– барои пардохти музди меҳнати кормандон, новобаста аз шакли моликияти корхона, музди меҳнат аз андозаи ҳадди ақали муқарраркардаи давлат камтар буда наметавонад. Дар шартномаҳои (созишномаҳои) коллективӣ (ғайри онҳое, ки як тарафашон ташкилоте мебошад, ки аз буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешавад ва дотатсияи давлатиро истифода мебарад) метавонад миқдори баландтари ҳадди ақали музди меҳнат пешбинӣ карда шавад;
– расонидани кӯмак ба кормандони аз кор озодшуда бинобар сабаби ихтисори ҷойҳои корӣ (штат), барҳамхӯрии корхона ҷиҳати ёфтани ҷои кор ё бозомӯзӣ;
– пешниҳод намудани ҳуқуқи бартарӣ (дар мавриди дагар шароитҳои баробар) барои нигоҳ доштан дар ҷои кор ҳангоми ихтисори шумораи кормандон ё ҷои корӣ ба гуруҳҳои алоҳидаи кормандоне, ки қонунгузории меҳнат пешбинӣ намудааст;
– бо кормандоне, ки интизоми меҳнат ва истеҳсолиро вайрон накарда, ки то ба синни умумии нафақа расидан се сол (ва камтар) мондааст, бастани шартнома ба муддати на камтар аз муҳлати то расиданашон ба синни нафақа;
– бо кормандоне, ки интизоми меҳнатӣ ва иҷрокунандагиро вайрон накардаанд, шахсоне, ки сатҳи баланди касбият ва тахассус доранд бо розигии онҳо тамдиди шартномаи меҳнатии муҳлатнок ба муҳлати номуайян;
– додани ҳуқуқ барои тамдиди шартномаи меҳнатӣ ба кормандони интизоми меҳнатӣ ва иҷрокунандагиро вайрон накарда, шахсоне, ки сатҳи баланди касбият ва тахассус доранд, бо розигии онҳо ба муҳлати номуайян;
– бекор кардани шартномаи меҳнатӣ бо ташаббуси корфармо дар мувофиқаи пешакӣ бо иттифоқи касаба;
– ҷудо кардани маблағ барои гузаронидани чорабинӣ оид ба ҳифзи меҳнат;
– чораҳои иловагии дастгирии иҷтимоӣ ба собиқадороне, ки пеш дар ташкилот кор кардаанд;
– фароҳам овардани шароит барои бо хӯроки гарм таъмин кардани кормандон ва арзон кардани арзиши он;
– дар ҳамбастагӣ бо кумитаи иттифоқи касаба муқаррар кардан, иваз намудан ва аз нав дида баромадани меъёрҳои меҳнат;
– расонидани дастгирии молиявӣ ба коллективҳои ҳаваскорони бадеӣ, новобаста аз тобеияти идории онҳо;
– ба аъзои иттифоқҳои касаба, нозирони ҷамъиятӣ оид ба ҳифзи меҳнат додани имконият (вақт) барои иштирок кардан дар кори мақомоти иттифоқҳои касаба ба сифати вакилони конференсияҳо, пленумҳо, анҷуманҳо, таҳсили кормандони иттифоқҳои касаба бо нигоҳ доштани маоши ҳисоби миёна;
– омӯзондани нозирони ҷамъиятӣ оид ба ҳифзи меҳнат ва ташкил кардани шароит барои фаъолияти босамари онҳо;
– қатъ кардани шартномаи меҳнатӣ бо ташаббуси корфармо (ба ғайр аз ҳолатҳои бо айби корманд бамиёномада) бо кормандон, роҳбарони интихобшудаи мақомоти иттифоқҳои касаба ва онҳое, ки аз кори асосӣ ҷудо нестанд, танҳо бо розигии мақомоти болоии иттифоқи касаба ва бо кормандоне, ки дар ҳайати мақомоти иттифоқи касаба, нозирони ҷамъиятӣ оид ба ҳифзи меҳнат мебошанд, бо розигии ташкилоти иттифоқи касабаи корхона, ки онҳо дар қайди он ҳастанд, сурат мегирад. Муҳлати шартнома бо кормандони роҳбарони иттифоқи касаба интихобшуда ва аз кори асосӣ озоднабуда аз муҳлати ваколати онҳо камтар буда наметавонад;
– муқаррар намудани кафолати пешниҳод кардани кори пештара ё баробар бо он дар ташкилот баъди анҷом ёфтани ваколат дар вазифаи интихобӣ дар мақомоти иттифоқи касаба ба кормандоне, ки аз кори асосӣ ба сабаби интихоб шудани онҳо дар мақомоти иттифоқи касаба озод шудаанд;
– нигоҳ доштани имтиёз ва кафолатҳое, ки барои кормандони ташкилот бо шартномаи меҳнатӣ пешбинӣ гардидаанд, кормандони иттифоқи касабаи аз кори асосӣ озод гардида, ки ба вазифаҳои интихобии мақомоти иттифоқи касаба дар ташкилот интихоб гардидаанд;
– дар ҳолати бекор истодан ба сабаби набудани кор вобаста ба истеҳсолот ё хусусияти иқтисодӣ (аз кор баромадани таҷҳизот, механизмҳо, набудани ашёи хом, масолеҳ, қувваи барқ ва ғайраҳо) пардохти маблағи вақти бекористӣ ба андозаи 100 фоизи музди тариф барои тамоми давраи бозистодани истеҳсолот бо анҷом додани тартиби муайянкардаи шартномаи коллективӣ;
– вазифадор намудани кормандон ҷиҳати ҳамкорӣ ва мусоидат дар кори таъмин намудани шароити солим ва бехатари меҳнат бо корфармо фавран хабардоркунӣ оид ба вайрон будани таҷҳизот, олоти меҳнат, воситаи нақлиёт, воситаи ҳифозат, бад шудани вазъи саломатии корманд, роҳбари бевоситаи худ ва ё дигар шахси мансабдори ваколатдори корфармо;
– иҷрои дигар уҳдадориҳоро дар асоси Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои меҳёрии ҳуқуқии амалкунандаи соҳаи меҳнат.
БОБИ 8. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
- Созишномаи минтақавии мазкур аз рӯзи ба имзо расидан аз ҷониби Тарафҳо эътибор пайдо намуда, то имзои Созишномаи минтақавии нав амал мекунад. Дар давраи амали ҳамин Созишномаи минтақавӣ бо мувофиқаи Тарафҳо ба он тағйиру иловаҳо дохил карда мешаванд. Тағйиру иловаҳои воридгардида қисми ҷудонашавандаи Созишномаи минтақавӣ ба шумор мераванд.
- Ҳар кадоме аз Тарафҳо барои татбиқи Созишномаи минтақавӣ дар доираи салоҳияти худ дорои масъулият мебошад.
Тарафҳо ба Комиссияи сетарафаи танзими муносибатҳои иҷтимоию меҳнатӣ дар вилояти Суғд ҷиҳати иҷрои чорабиниҳо барои татбиқи Созишнома маълумот медиҳанд. Комиссияи сетарафаи танзими муносибатҳои иҷтимоию меҳнатӣ дар вилояти Суғд рафти иҷрои Созишномаи минтақавиро назорат мебарад, дар ҳалли ихтилофот, ки дар раванди иҷрои Созишноми минтақавӣ ба амал меояд, ширкат меварзад.
- Созишномаи минтақавӣ нисбати ҳамаи корфармоён (иттиҳодияҳои онҳо), иттифоқҳои касаба, кормандон, донишҷӯён ва хонандагони муассисаҳои маорифи вилояти Суғд, ки таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ медиҳанд, амал мекунад.
Додани имтиёзҳо ва кафолатҳои зиёда аз меъёр, ки қонунгузорӣ муқаррар кардааст, ҳангоми ҷой дода шудани онҳо дар созишномаҳо, шартномаҳои коллективӣ тибқи қонунгузорӣ басташуда ва оид ба масъалаҳои ба салоҳияти Тарафҳо вобастабуда, татбиқ мегардад.
- Созишномаи минтақавӣ қисми таркибии раванди коллективӣ ва шартномавӣ дар системаи шарикии иҷтимоӣ мебошад ва ҳамчун асос барои таҳия ва бастани созишномаҳои соҳавӣ ва минтақавӣ хизмат мекунад. Созишномаҳои соҳавӣ, минтақавӣ ва шартномаҳои коллективӣ метавонанд, ки нисбат ба Созишномаи минтақавӣ шароити беҳтари имтиёзноки меҳнатӣ ва иҷтимоию иқтисодӣ дошта бошанд.
- Тарафҳо дар муҳлати як моҳи баъди ба имзо расидани Созишномаи минтақавӣ Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи минтақавиро таҳия ва барои тасдиқ ба Комиссияи сетарафа манзур менамоянд.
- Ҷаласаҳои Комиссияи сетарафаи танзими муносибатҳои иҷтимоию меҳнатӣ дар вилояти Суғд тариқи телевизион ва воситаҳои ахбори омма инъикос карда шаванд.
Бо супориши Тарафҳо имзо намуданд:
Аз ҷониби:
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд: Раиси вилояти Суғд
Аз ҷониби: Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд: Раиси Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд
Аз ҷониби Ассотсиатсияи соҳибкорони вилояти Суғд: Раиси Ассотсиатсияи соҳибкорони вилояти Суғд |
Раҷаббой Аҳмадзода
Шарифулло Абдуллозода
Абдураҳмон ²усейнов |
«Тасдиқ менамоям»
Раиси вилояти Суғд
________Раҷаббой Аҳмадзода
аз «05» июли соли 2018
Нақшаи чорабиниҳо
оид ба татбиқи Созишномаи минтақавӣ байни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд ва Ассотсиатсияи соҳибкорони вилояти Суғд
барои солҳои 2018-2020
№ | Номгӯи чорабинҳо | Мӯҳлати иҷро | Масъулин |
1. |
Гузаронидани ҷаласаи Комиссияи сетарафаи танзими муносибатҳои иҷтимоию меҳнатӣ дар вилояти Суғд |
ҳар нимсола |
Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Суғд, Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд ва Ассотсиатсияи соҳибкорони вилояти Суғд, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо |
2. |
Пешниҳод намудани маълумот аз ҷараёни иҷрои ӯҳдадориҳои қабулгардида ва ҳифзи манфиатҳои иҷтимоию меҳнатии шаҳрвандон мутобиқи Нақшаи мазкур ба Комиссияи сетарафаи танзими муносибатҳои иҷтимоию меҳнатӣ дар вилояти Суғд | ҳамасола то 1 июл ва
1 январ |
Сарраёсатҳо, Раёсатҳо, шӯъбаю бахшҳои вилоят, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо |
3. |
Тавассути телевизион ва воситаҳои ахбори омма таҳия намудани барномаҳои махсус (мизҳои мудаввар) оид ба самтҳои асосии Созишномаи минтақавӣ ва раванди татбиқи он |
мунтазам |
Шӯъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи Раиси вилоят, Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Суғд, Идораи телевизион ва радиои вилоят, Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд ва Ассотсиатсияи соҳибкорони вилояти Суғд, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо |
I. Сиёсати иқтисодӣ:
А. Дар соҳаи буҷету андоз ва сиёсати нарх |
|||
4. | Таҳия ва амалӣ намудани чорабиниҳо ҷиҳати баланд бардоштани фарҳанги андозсупорӣ, содда намудани расмиёти маъмурикунонии андоз бо мақсади баланд бардоштани масъулияти ҷамъоварӣ, шаффофият ва пешгӯишаванда будани тартиби ситонидани андозҳо барои андозсупорандагон | солҳои
2018-2020 |
Раёсати минтақавии рушди иқтисод ва савдои вилояти Суғд, Раёсати андози вилояти Суғд Ассотсиатсияи соҳибкорони вилояти Суғд
|
Б. Дар соҳаи беҳтаргардонии фаъолияти сармоягузорӣ ва рушди соҳибкорӣ | |||
5. |
Идома бахшидани ислоҳот ва густариши он ҷиҳати беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ бо мақсади рушди саноати ватанӣ ва истифодаи захираҳои сарватҳои зеризаминӣ | солҳои
2018-2020 |
Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии вилояти Суғд, Ассотсиатсияи соҳибкорони вилояти Суғд, Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо |
6.
|
Тақвияти ҳимояи ҳуқуқи моликият, ташкили институти ваколатдор (омбудсмен) оид ба ҳимояи ҳуқуқи соҳибкорон, такмили ҳимояи судии ҳуқуқи соҳибкорон |
солҳои
2018-2020 |
Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии вилояти Суғд,
Ассотсиатсияи соҳибкорони вилояти Суғд, Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо |
7. |
Фароҳам овардани шароити мусоид, аз ҷумла низоми дастгирӣ, ҳавасмандгардонӣ ва кафолатҳои муассир барои ҷалб намудани захираҳои бахши хусусӣ ба татбиқи лоиҳаҳои шарикии давлат ва бахши хусусӣ | солҳои
2018-2020 |
мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд, Ассотсиатсияи соҳибкорони вилояти Суғд
|
8. |
Татбиқи пайдарҳами сиёсати кам кардани монеаҳои маъмурии пешбурди тиҷорат ва ташаккули низоми ҳамроҳии маъмурии лоиҳаҳои миёнаву калони сармоягузории бахши хусусӣ аз рӯи принсипи «равзанаи ягона»
|
солҳои
2018-2020 |
Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии вилоят Суғд, Раёсати минтақавии рушди иқтисод ва савдои вилояти Суғд, Шӯъбаи маъмурию ҳуқуқии дастгоҳи Раиси вилоят, Ассотсиатсияи соҳибкорони вилояти Суғд, Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд |
9. |
Фароҳам овардани шароит барои сафарбар намудани захираҳои сармоягузорӣ ва баланд бардошдани самаранокии лоиҳаҳои сармоягузорӣ | солҳои
2018-2020 |
Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии вилоят Суғд, Раёсати минтақавии рушди иқтисод ва савдои вилояти Суғд
|
10. |
Баланд бардошдани сатҳи ҷолибияти иқтисодиёт барои сармоягузорон ва беҳтар намудани мавқеи кишвар дар рейтинги «Пешбурди соҳибкорӣ» аз рӯи нишондиҳандаҳои «Ҳимояи сармоягузорон» |
солҳои
2018-2020 |
Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии вилоят Суғд, Раёсати минтақавии рушди иқтисод ва савдои вилояти Суғд, Шӯъбаи энергетика ва саноати вилояти Суғд, Бахши кишоварзии вилояти дастгоҳи Раиси вилояти Суғд, Сарраёсати кишоварзии вилояти Суғд, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо |
11. |
Ташкил намудани мониторинги фазои сармоягузорӣ, ки на танҳо барои арзёбии натиҷабахшии кор вобаста ба ҷалби сармоягузориҳо, балки инчунин барои тағйир додани фарҳанги мавҷудаи маъмурӣ, ки дар он сармоягузор ҳоло ҳамчун субъекти камаҳамият ҳисобида мешавад, муҳим аст | солҳои
2018-2020 |
Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии вилоят Суғд, Раёсати минтақавии рушди иқтисод ва савдои вилояти Суғд. |
12. |
Истифодаи имкониятҳои нави сармоягузорӣ дар занҷираи арзиши иловашудаи тиҷорати кишоварзӣ дар кишвар |
солҳои
2018-2020 |
Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии вилоят Суғд, Раёсати минтақавии рушди иқтисод ва савдои вилояти Суғд, Сарраёсати кишоварзии вилояти Суғд, Бахши кишоварзии дастгоҳи Раиси вилояти вилояти Суғд
|
13. |
Мусоидат барои рушди соҳибкории инноватсионӣ, ташкил намудани технопаркҳо ва бизнес-инкубаторҳо |
солҳои
2018-2020 |
Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии вилояти Суғд, Раёсати минтақавии рушди иқтисод ва савдои вилояти Суғд, Раёсати андози вилояти Сғд, Ассотсиатсияи соҳибкорони вилояти Суғд
|
14. |
Такмили низоми таҳсилоти миллии соҳибкорӣ барои омӯзиш ва тайёр намудани мутахассисони баландихтисоси рақобатпазир дар соҳаҳои гуногун мутобиқи талаботи иқтисоди бозоргонӣ ва стандартҳои байналмилалӣ | солҳои
2018-2020 |
Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии вилоят Суғд, Раёсати минтақавии рушди иқтисод ва савдои вилояти Суғд, Раёсати андози вилояти Суғд, Ассотсиатсияи соҳибкорони вилояти Суғд, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо |
В. Дар соҳаи азнавсозӣ, ислоҳот ва устувор гардонидани
иқтисодиёти миллӣ |
|||
15. |
Таҳия ва андешидани тадбирҳо оид ба дастгирии давлатии молистеҳсолкунандагони ватанӣ дар доираи меъёрҳои Созмони умумиҷаҳонии савдо |
солҳои
2018-2020 |
Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии вилояти Суғд, Раёсати минтақавии рушди иқтисод ва савдои вилояти Суғд, Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғд, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо |
16. |
Таҳияи пешниҳодҳо барои такмил додани заминаи меъёрии ҳуқуқии мусоидат ба содирот ва воридотивазкунӣ, ҳавасмандгардонии содироткунандагон | солҳои
2018-2020 |
Раёсати минтақавии рушди иқтисод ва савдои вилояти Суғд, Шӯъбаи энергетика ва саноати вилояти Суғд |
17. |
Густариши ислоҳоти аграрӣ бо мақсади ташаккул ва инкишофи истеҳсолоти кишоварзии сердаромад | солҳои
2018-2020 |
Бахши кишоварзии дастгоҳи Раиси вилояти Суғд, Сараёсати кишоварзии вилояти Суғд |
18. |
Идомаи азхудкунӣ ва истифодаи самараноки иқтидори гидроэнергетикӣ тибқи амалӣ намудани Барномаи аз худ намудани манбаъҳои барқароршавандаи энергия ва сохтмони нерӯгоҳҳои хурди барқи обӣ барои солҳои 2016 – 2020 ва Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалӣ намудани лоиҳаҳои афзалиятнок дар соҳаи энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015 – 2020 ҳамчунин, таҷдиди нерӯгоҳҳои барқии обии мавҷуда ва сохтани нерӯгоҳҳои барқии обии нав | солҳои
2018-2020 |
Шӯъбаи энергетика ва саноати вилояти Суғд, Раёсаи беҳдошти замин ва обёрии вилояти Суғд, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Суғд |
19. |
Баланд бардоштани самаранокии соҳаҳои коркарди маҳсулоти ватанӣ, воситаҳои асосӣ, технологияву таҷҳизот |
солҳои
2018-2020 |
Шӯъбаи энергетика ва саноати вилояти Суғд, Шӯъбаи энергетика ва саноати вилояти Суғд, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо |
20. |
Баланд бардоштани самаранокии идоракунии комплекси сӯзишворию энергетикӣ ва таъмини дастрасии устувору баробари ҳамаи субъектҳои иқтисоди миллӣ ба захираҳои энергетикӣ | солҳои
2018-2020 |
Шӯъбаи энергетика ва саноати вилояти Суғд, Раёсати беҳдошти замин ва обёрии вилояти Суғд, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Суғд
|
21. |
Рушди низоми миллии воридотивазкунии интихобӣ, пеш аз ҳама дар соҳаи комплекси агросаноатӣ (коркарди маҳсулоти меваю сабзавот ва зиёд кардани истеҳсоли он) | солҳои
2018-2020 |
Бахши кишоврзии дастгоҳи Раиси вилояти Суғд, Сарраёсати кишоварзии вилояти Суғд
|
22. |
Вусъат бахшидан ба ҷараёни коркарди маъдан, тилло, нуқра ва сангҳои ороишӣ |
солҳои
2018-2020 |
Шӯъбаи энергетика ва саноати вилояти Суғд, Раёсати минтақавии рушди иқтисод ва савдои вилояти Суғд, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Суғд |
23. |
Тақвият бахшидани вазъи коркарди аввалияи ашёи хоми саноативу маҳсулоти кишоварзӣ |
солҳои
2018-2020 |
Шӯъбаи энергетика ва саноати вилояти Суғд, Раёсати минтақавии рушди иқтисод ва савдои вилояти Суғд, Бахши кишоварзии дастгоҳи Раиси вилоят, Сарраёсати кишоварзии вилояти Суғд, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Суғд |
24. |
Ҷорӣ намудани низоми стандартҳои байналмилалии сифат дар корхонаҳои саноатӣ |
солҳои
2018-2020 |
Маркази стандартизатсия, метрология, сертификтсия ва нозироти савдои вилояти Суғд, Шӯъбаи энергетика ва саноати вилояти Суғд, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо |
25. |
Бунёди корхона ва коргоҳҳои хурду миёнаи дӯзандагӣ, қолинҳои дастбофӣ, коркарди пашм, пӯст, пилла, меваю сабзавот ва масолеҳи сохтмонӣ |
солҳои
2018-2020 |
Шӯъбаи энергетика ва саноати вилояти Суғд, Раёсати минтақавии рушди иқтисод ва савдои вилояти Суғд, Бахши кишоварзии дастгоҳи Раиси вилояти Суғд, Сарраёсати кишоварзии вилояти Суғд, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо |
26. |
Инкишофи барномаҳои шарикии давлат ва бахши хусусӣ дар истеҳсолоти кишоварзӣ |
солҳои
2018-2020 |
Бахши кишоварзии дастгоҳи Раиси вилоят, Сарраёсти кишоврзии вилояти Суғд, Раёсати минтақавии рушди иқтисод ва савдои вилояти Суғд, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо |
27. |
Бо дарназардошти имконияти буҷети давлатӣ, таҳияи пешниҳод оид ба такмил додани механизми андозбандии корхонаҳои кишоварзӣ
|
солҳои
2018-2020 |
Раёсати андози вилояти Суғд, Ассотсиатсияи соҳибкорони вилояти Суғд
|
28. |
Таҳияи пешниҳод оид ба механизми пешниҳоди қарзҳои кӯтоҳмӯҳлат, миёнамуҳлат, дарозмуҳлат ва қарзҳои имтиёзнок ба истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ, инкишофи кооперативҳои қарзӣ |
солҳои
2018-2020 |
Раёсати минтақавии рушди иқтисод ва савдои вилояти Суғд, Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии вилояти Суғд, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо |
29. |
Бунёди истгоҳҳои моддию техникӣ дар заминаи Ассотсиатсияи хоҷагиҳои деҳқонӣ, рушди агролизинг, баланд бардоштани сатҳи механизатсияи истеҳсолоти кишоварзӣ | солҳои
2018-2020 |
Бахши кишоварзии дастгоҳи Раиси вилояти Суғд, Сарраёсати кишоварзии вилояти Суғд |
30. |
Баланд бардоштани дараҷаи тиҷоратикунонии истеҳсолот тавассути инкишофи малакаҳои маркетингӣ ва касбии кормандони соҳаи кишоварзӣ; | солҳои
2018-2020 |
Бахши кишоварзии дастгоҳи Раиси вилояти Суғд, Сарраёсати кишоварзии вилояти Суғд |
31. |
Идомаи корҳо оид ба кашф ва азхудкунии захираҳои сӯзишвории органикӣ, зиёд кардани ҳаҷми истихроҷи ангишт ва истеҳсоли газ аз он дар асоси таҳия ва татбиқи барномаи мақсадноки инкишофи истихроҷ (аз ҷумла бо усули шахтагӣ) ва коркарди ангишт | солҳои
2018-2020 |
Шӯъбаи энергетика ва саноати вилояти Суғд, Раёсати минтақавии рушди иқтисод ва савдои вилояти Суғд, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Суғд
|
32. |
Таъмини дастрасии истеъмолкунандагон, новобаста аз категория, мансубияти минтақавиашон ва фасли сол, ба истифодаи нерӯи барқ дар асоси ворид намудани иқтидорҳои нав ва истифодаи самараноки иқтидорҳои ҷойдошта, инкишофи инфрасохтори энергетикӣ, аз ҷумла дар минтақаҳои таъмини ғайри марказонидашудаи барқ | солҳои
2018-2020 |
Шӯъбаи энергетика ва саноати вилояти Суғд, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Суғд |
33. |
Таҳияи низоми чораҳо оид ба ҳавасмандгардонии сарфи энергия ва баланд бардоштани самаранокии энергетикии истеҳсолот |
солҳои
2018-2020 |
Шӯъбаи энергетика ва саноати вилояти Суғд, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Суғд |
34. |
Таҳияи маҷмӯи чораҳо оид ба баланд бардоштани ҷолибияти лоиҳаҳои сармоягузорӣ, ташаббусҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар бахши соҳибкории энергетикӣ |
солҳои
2018-2020 |
Шӯъбаи энергетика ва саноати вилояти Суғд, Раёсаи беҳдошти замин ва обёрии вилояти Суғд, Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии вилояти Суғд, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо |
II. Даромадҳо, музди меҳнат ва сатҳи зиндагии аҳолӣ | |||
35. |
Таъмини назорати давлатӣ ва ҷамъиятӣ аз рӯи пардохти саривақтии музди меҳнат дар ташкилоту муассисаҳо, новобаста аз шакли моликият |
солҳои
2018-2020 |
Раёсати Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Суғд, Раёсати Агентии меҳнат ва шуғл аҳолӣ дар вилояти Суғд, Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд, Ассотсиатсияи соҳибкорони вилояти Суғд, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо |
36. |
Мунтазам бурдани корҳо оид ба солимгардонии молиявии ташкилотҳо, таъмин намудани фаъолияти безарари онҳо бо мақсади нигоҳ доштани шуғлнокии доимии кормандон ва баландшавии музди меҳнат | солҳои
2018-2020 |
Сарраёсати молияи вилояти Суғд, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо
|
37. |
Тибқи муқаррароти моддаи 144 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон индексатсия намудани музди меҳнат бо дар назардошти сатҳи таваррум |
солҳои
2018-2020 |
Раёсату шӯъбаҳои дахлдори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, шаҳру ноҳияҳо, сарварони ташкилоту муассисаҳо новобаста аз мансубият ва шакли моликият |
38. |
Ҳамасола гузаронидани мониторинги моддаҳои татбиқи 140 ва 143 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон |
солҳои
2018-2020 |
Раёсати Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Суғд, Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Суғд, Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд, Ассотсиатсияи соҳибкорони вилояти Суғд, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо |
39. |
Идомаи ҷорӣ намудани механизми таҷрибавии кӯмакҳои унвонии иҷтимоӣ ба оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат |
солҳои
2018-2020 |
Раёсати тандурустии вилояти Суғд, Шӯъбаи ҳифзи иҷтимоии вилояти Суғд |
40. |
Ҳамасола сари вақт ҷудо намудани маблағҳо барои таҳкими заминаи моддию техникӣ ва ба мавсими тобистона тайёр намудани лагерҳои солимгардонии кӯдакон, ки дар тобеият ё дар истифодаи иттифоқҳои касаба мебошанд |
солҳои
2018-2020 |
Сарраёсати молияи вилояти Суғд, Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи вилояти Суғд, Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо
|
41. |
Андешидани маҷмӯи тадбирҳо оид ба рушди заминаи иттилоотии низоми ҳифзи иҷтимоӣ, аз ҷумла дар соҳаи суғуртаи иҷтимоӣ ва таъминоти нафақа |
солҳои
2018-2020 |
Раёсати тандурустии вилояти Суғд, Шӯъбаи ҳифзи иҷтимоии вилояти Суғд, Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи вилояти Суғд, Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо |
42. | Паҳн намудани иттилооти умумӣ оид ба маъюбӣ, ҳуқуқи шахсони маъюб, ӯҳдадориҳои давлат дар ин самт, ҳам дар байни мақомоти масъули ҳокимиятӣ ва ҳам дар байни табақаи васеи аҳолӣ | солҳои
2018-2020 |
Раёсти тандурустии вилояти Суғд, Шӯъбаи ҳифзи иҷтимоии вилояти Суғд, Раёсати Хадамоти назорти давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Суғд, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо |
43. |
Андешидани маҷмӯи тадбирҳо ҷиҳати мусоидат ба сохтмони манзилҳои дастрас мутобиқи эҳтиёҷот ва талаботи аҳолӣ |
солҳои
2018-2020 |
Бахш оид ба сохтмони дастгоҳи Раиси вилояти Суғд, Идораи сохтмони асосии вилояти Суғд, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо |
44. |
Нигоҳ доштани танзими давлатии нархҳо ба хизматрасонии коммуналӣ, газ, сӯзишворӣ, қувваи барқ, доруворӣ, молҳои зарурии аввалия ва маводи ғизоӣ ба аҳолӣ |
солҳои
2018-2020 |
Шӯъбаи энергетика ва саноати вилояти Суғд, Раёсаи беҳдошти замин ва обёрии вилояти Суғд, Раёсати тадурустии вилояти Суғд, Сарраёсати молияи вилояти Суғд, Раёсти минтақавии рушди иқтисод ва савдои вилояти Суғд, Шӯъбаи нақлиёт ва коммуникатсияи датгоҳи Раиси вилояти Суғд, Раёсти Хадамоти зиддиинҳисории вилояти Суғд, КДФ «Хоҷагии манзилию коммуналӣ»-и вилояти Суғд |
45. |
Таъмин намудани сохтмони саривақтии иншооти соҳаҳои тандурустӣ ва маориф, аз он ҷумла муассисаҳои таълимии томактабӣ дар ноҳияҳо (маҳаллаҳо), шаҳрҳои аз нав сохташавандаи ҷумҳурӣ | солҳои
2018-2020 |
Бахш оид ба сохтмони дастгоҳи Раиси вилояти Суғд, Идораи сохтмони асосии вилояти Суғд, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо
|
46. |
Таъмин намудани маблағгузории хароҷоти ҷории (ба ғайр аз хароҷоти асосӣ) соҳаҳои тандурустӣ ва маориф мувофиқи дурнамои нишондиҳандаҳо, вале на камтар аз ҳаҷми солҳои пешин | солҳои
2018-2020 |
Сарраёсати молияи вилояти Суғд |
47. |
Дар солҳои 2018-2020 нигоҳ доштани намудҳои кафолатноки ёрии тиббии ройгон барои аҳолии ҷумҳурӣ бе коҳишёби аз сатҳи солҳои пешин | солҳои
2018-2020 |
Раёсти тандурстии вилояти Суғд |
48. |
Пешбинӣ намудани зиёдшавии меъёрҳои хароҷоти пулӣ барои хӯрок ба тарбиятгирандагон, хонандагон ва донишҷӯёне, ки дар муассисаҳои таълимии томактабӣ, таҳсилоти умумӣ ва ибтидоӣ касбӣ таҳсил мекунанд | солҳои
2018-2020 |
Сарраёсти молияи вилояти Суғд, Раёсати маорифи вилояти Суғд, Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд, Ассотсиатсияи соҳибкорони вилояти Суғд |
49. |
Бо риояи тартиби муайяншуда самаранок истифода намудани маблағҳои суғуртаи давлатии иҷтимоии 1,4 фоиза дар корхонаву ташкилотҳо новобаста аз шакли моликияташон, ҷиҳати харидории роҳхатҳои истироҳатгоҳҳои тобистонаи кӯдакон ва наврасон ба истироҳатгоҳҳо ва мавзеҳои истироҳатӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, иштироки корфармоён ва ташкилотҳои иттифоқҳои касаба дар паст кардани арзиши роҳхатҳои истироҳатгоҳҳо | солҳои
2018-2020 |
Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд, Ассотсиатсияи соҳибкорони вилояти Суғд, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо |
50. |
Саҳм гирифтани мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар маблағгузорӣ ва омода намудани истироҳатгоҳҳои тобисто-на ба мавсими қабул | солҳои
2018-2020 |
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо |
51. |
Маблағгузории саривақтии хароҷот оид ба омодагии касбӣ, такмили ихтисос ва бозомӯзии бекорон, аз ҷумла пардохти стипендия, пардохти корҳои ҷамъиятӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ барои шаҳрвандони бекоре, ки ба ҳифзи иҷтимоӣ эҳтиёҷ доранд | солҳои
2018-2020 |
Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Суғд, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, Ассотсиатсияи соҳибкорони вилояти Суғд |
52. |
Таъмини худмашғулияти аҳолии бекор ва таъсиси ҷойҳои иловагии корӣ барои фаъолияти илмию тадқиқотӣ оид ба масъалаҳои шуғл ва бозори меҳнат, маблағгузории тадбирҳои ҳамкории бозори меҳнат, рушди байналмилалӣ оид ба масъалаҳои шуғл ва бекорӣ | солҳои
2018-2020 |
Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Суғд, Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи вилояти Суғд, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо |
53. |
Пардохти ҷубронпулӣ ба ивази роҳхатҳои истифоданашудаи муолиҷаи санаторию курортӣ ба маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ашхоси ба онҳо баробаркардашуда | солҳои
2018-2020 |
Раёсати тандурустии вилояти Суғд, Шӯъбаи ҳифзи иҷтимоии вилояти Суғд, Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи вилояти Суғд
|
54. |
Таҷдиди назар намудани тартиби пардохти кӯмакпулиҳои иҷтимоӣ барои корношоямии муваққатӣ, ҳомиладорию таваллуд ва кӯмакпулиҳои оилавӣ ба аъзои хоҷагиҳои деҳқонӣ ва соҳибкорони инфиродӣ, мутобиқ намудани андозаи чунин кӯмакпулиҳо ба саҳмгузории онҳо дар низоми суғуртаи давлатии иҷтимоӣ | солҳои
2018-2020 |
Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи вилояти Суғд, Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд, Ассотсиатсияи соҳибкорони вилояти Суғд |
55. |
Татбиқи чораҳои ҳавасмандгардонӣ барои рушди соҳаи туризм, истироҳатгоҳҳо ва санаторияю профилакторияҳои ҷумҳурӣ | солҳои
2018-2020 |
Шӯъбаи рушди сайёҳии вилояти Суғд, Раёсати ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд |
56. |
Таҳия ва қабули Барномаи вилоятии азнавсозии истироҳатгоҳҳои амалкунанда ва сохтмони истироҳатгоҳҳои нав | солҳои
2018-2020 |
Шӯъбаи рушди сайёҳии вилояти Суғд, Раёсати ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд |
57. |
Андешидани чораҳои зарурӣ дар доираи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иҷро намудани талаботи Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби роҳбарони ширкатҳои трансмиллӣ, корфармоёни хориҷӣ нисбати шаҳрвандони ҷумҳурӣ ва шаҳрвандони кирояи хориҷӣ дар самти бархӯрдор будан аз имтиёзҳои мавҷудаи иҷтимоӣ ва меҳнатӣ | солҳои
2018-2020 |
Раёсати Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Суғд, Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд, Ассотсиатсияи соҳибкорони вилояти Суғд |
58. |
Таҳияи пешниҳод оид ба такмил додани заминаи меъёрии ҳуқуқии ташаккули (дар навбати аввал дар сатҳи миллӣ ва пас аз он дар сатҳи минтақаҳо) низоми таҳлил ва пешгӯии бозори меҳнат | солҳои
2018-2020 |
Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Суғд, Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд, Ассотсиатсияи соҳибкорони вилояти Суғд, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо |
III. Рушди бозори меҳнат ва мусоидат ба шуғли аҳолӣ | |||
59. |
Рушди инфарсохтори оморӣ барои таҳлил ва пешгӯии бозори меҳнат, пайваста гузаронидани тадқиқоти қувваи корӣ (бо дохил намудани маҷмӯи масъалаҳои алоқаи таҳсилот, шуғл ва даромадҳо), тадқиқоти корхонаҳо ва ташкилотҳо, пурсишҳо ҷиҳати бокортаъминкунии хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти касбӣ); | солҳои
2018-2020 |
Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Суғд, Сарраёсати омори вилояти Суғд, Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд, Ассотсиатсияи соҳибкорони вилояти Суғд, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, шарикони иҷтимоӣ |
60. |
Ҷорӣ намудани низоми ҳисоботдиҳии фаврии баҳодиҳии ҳолати бозори меҳнат (ҳар семоҳа бо инъикоси равандҳои таъсис ва барҳам додани ҷойҳои корӣ, муҳоҷирати меҳнатии хориҷӣ ва дохилӣ) ба низоми таъминоти иттилоотии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ | солҳои
2018-2020 |
Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Суғд, Сарраёсати омори вилояти Суғд, Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд, Ассотсиатсияи соҳибкорони вилояти Суғд, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо
|
61. |
Татбиқи барномаҳои давлатӣ ва минтақавии мусоидат ба шуғли аҳолӣ бо додани афзалият ба чораҳои фаъоли сиёсати шуғл дар бозори меҳнат |
солҳои
2018-2020 |
Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Суғд, Сарраёсати омори вилояти Суғд, Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд, Ассотсиатсияи соҳибкорони вилояти Суғд, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо |
62. |
Роҳ надодан ба ивазшавии муносибатҳои меҳнатӣ, бо қарордоди шартномавии хусусиятҳои шаҳрвандию ҳуқуқидошта, барои иҷрои коре, ки бояд мувофиқи қонунгузорӣ дар бораи меҳнат дар асоси шартномаи меҳнатӣ амалӣ гардад | солҳои
2018-2020 |
Раёсати Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Суғд, Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд, Ассотсиатсияи соҳибкорони вилояти Суғд |
63. |
Ёрӣ расонидан ба бекорон дар ташкили худиштиғолӣ, аз он ҷумла бо роҳи додани қарзҳои имтиёзнок | солҳои
2018-2020 |
Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Суғд, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо |
64. | Дар ҳаҷми пурра таъмин намудани дастгирии иҷтимоии бекорон, ки бо қонунгузорӣ пешбинӣ шудааст | солҳои
2018-2020 |
Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Суғд
|
65. |
Татбиқи механизмҳои шарикии иҷтимоӣ дар бозори меҳнат (аз ҷумла барномаҳо оид ба ҳамкории ассотсиатсияҳои кордиҳандагон, соҳибкорон, иттифоқҳои касабаи соҳавӣ ва вазоратҳои соҳавӣ); | солҳои
2018-2020 |
Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд, Ассотсиатсияи соҳибкорони вилояти Суғд |
66. |
Инкишофи низоми таъминоти иттилоотии мусоидат ба таъмини шуғл | солҳои
2018-2020 |
Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Суғд |
67. |
Андешидани тадбирҳо ҷиҳати аз байн бурдани иқтисодиёти пинҳон ва кам кардани ҳаҷми шуғли ба қайдгирифтанашуда |
солҳои
2018-2020 |
Раёсати Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Суғд, Раёсати андози вилояти Суғд, Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд, Ассотсиатсияи соҳибкорони вилояти Суғд, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо |
IV. Ҳифзи меҳнат | |||
68. |
Гузаронидани санҷиши шароит ва ҳифзи меҳнат, иҷрои ӯҳдадориҳои корфармоён оид ба ҳифзи меҳнат, ки бо қонунгузорӣ пешбинӣ гардидаанд | солҳои
2018-2020 |
Раёсати Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Суғд, Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд, Ассотсиатсияи соҳибкорони вилояти Суғд |
69. |
Ба роҳ мондани назорати қатъӣ аз болои иҷрои моддаи 348 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муоинаи тиббӣ | солҳои
2018-2020 |
Раёсати Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Суғд, Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд, Ассотсиатсияи соҳибкорони вилояти Суғд |
70. |
Дар ташкилоту муассисаҳо, новобаста аз шакли моликият пешбинӣ намудани маблағҳои зарурӣ барои амалигардонии чорабиниҳои ҳифзи меҳнат
|
солҳои
2018-2020 |
Сарраёсати молияи вилояти Суғд, Сарраёсатҳо, Раёсатҳо, Шӯъбаю бахшҳои вилояти Суғд |
71. |
Мавриди омӯзиш ва таҳлил қарор медиҳанд:
– Конвенсияи №102 «Дар бораи меъёри ҳадди ақалии таъминоти иҷтимоӣ»; – Конвенсияи №167 «Дар бораи бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат дар сохтмон»; – Конвенсияи №183 «Дар бораи ҳифзи модар». |
солҳои
2018-2020 |
Раёсати Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Суғд, Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Суғд, Раёсати тандурустии вилояти Суғд, Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд. |
V. Ҳифзи ҳуқуқҳои муҳоҷирони меҳнатӣ | |||
72. |
Таҳия ва ҷорӣ намудани низомҳои иттилоотии ҳамкории байнисоҳавӣ дар доираи идоракунии муҳоҷирати меҳнатии хориҷӣ | солҳои
2018-2020 |
Раёсати Хадамоти муҳоҷирати вилояти Суғд |
73. | Таҳияи пешниҳод оид ба такмил додани низоми меъёрии ҳуқуқии ҳифзи муҳоҷирони меҳнатӣ | солҳои
2018-2020 |
Раёсати Хадамоти муҳоҷирати вилояти Суғд |
74. |
Фаъолгардонии саъю талошҳо оид ба таъмини ҳифзи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии муҳоҷирони меҳнатӣ ва оилаҳои онҳо, аз ҷумла ба воситаи созишномаҳои дутарафа доир ба ҷалби муташаккилонаи муваққатии шаҳрвандони кишвар ва таъминоти нафақавӣ | солҳои
2018-2020 |
Раёсати Хадамоти муҳоҷирати вилояти Суғд, Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи вилояти Суғд |
75. |
Таҳияи маҷмӯи амалҳои ҳассоси гендерӣ оид ба омодасозии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо | солҳои
2018-2020 |
Раёсати Хадамоти муҳоҷирати вилояти Суғд |
76. |
Ташаккули махзани маълумоти талаботи соҳавӣ ва ҳудудии вилоят ва кишварҳои асосии воридкунандагони қувваи корӣ | солҳои
2018-2020 |
Раёсати Хадамоти муҳоҷирати вилояти Суғд |
77. | Интишори боз ҳам васеъи маҷмӯи иттилооту маълумот оид ба ҳуқуқу ӯҳдадориҳо, шартҳо ва тартиби бақайдгирии муҳоҷирони меҳнатӣ дар кишварҳои асосии воридкунандагони қувваи корӣ | солҳои
2018-2020 |
Раёсати Хадамоти муҳоҷирати вилояти Суғд |
78. |
Андешидани тадбирҳо бо мақсади додани бартарият ба кормандони ватанӣ дар лоиҳаҳое, ки барои амалисозии онҳо ба мутахассисони хориҷӣ квота муқаррар гардидааст | солҳои
2018-2020 |
Раёсати Хадамоти муҳоҷирати вилояти Суғд
|
79. |
Танзими муҳоҷирати меҳнатии дохилӣ ва хориҷии вилоят ва пешгирии муҳоҷирати меҳнатии ғайриқонунӣ | солҳои
2018-2020 |
Раёсати Хадамоти муҳоҷирати вилояти Суғд
|