СОЗИШНОМАИ
генералӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва Иттиҳодияи корфармоёни Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2020
Созишномаи генералӣ
байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи иттифоқҳои
касабаи мустақили Тоҷикистон ва Иттиҳодияи корфармоёни
Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2020
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва Иттиҳодияи корфармоёни Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – «Тарафҳо») Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи солҳои 2016-2020, Стратегияи давлатии рушди бозори меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Низомномаи Комиссияи сетарафаи танзими муносибатҳои иҷтимоию меҳнатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи тасдиқи Низомномаи тартиби таҳия ва бастани созишномаҳои генералӣ, соҳавӣ ва минтақавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» – ро ба роҳбарӣ гирифта, бо мақсади танзими муносибатҳои иҷтимоию меҳнатӣ, дарёфти ризоияти ҷамъиятӣ, суботи ҷамъиятӣ, ҷалби теъдоди ҳарчи бештари аҳолии қобили меҳнат бо меҳнати арзанда, зиёд кардани даромади кормандон, коҳиш додани сатҳи бекорию баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии аҳолӣ, афзоиши ҳиссаи шуғли расмӣ ва бахши ба қайд гирифтанашудаи иқтисодиёт, таъмини стандартҳои ҳадди ақали иҷтимоӣ, ҳифзи ҳуқуқ ва манфиати муҳоҷирони меҳнатӣ, Созишномаи генералии мазкурро барои солҳои 2018 – 2020 ба имзо расониданд. Дар музокирот Тарафҳо ҷиҳати амалӣ намудани вазифаҳои зайл тавофуқ ҳосил намуданд:
БОБИ I. СИЁСАТИ ИҚТИСОДӢ
Бо саъю кӯшиши якҷоя ҷиҳати ноил гардидан ба рушди иқтисодӣ, таҳкими вазъияти иқтисодӣ ва молиявии соҳаҳои он татбиқ намудани тадбирҳои зеринро зарур мешуморанд:
- Дар соҳаи буҷету андоз ва сиёсати нарх:
– омӯзиши масъалаи баробар кардани сатҳи андозбандӣ бо шарикони асосии иқтисодиву тиҷоратӣ ва давлатҳои ҳамсоя бо дар назардошти манфиатҳои иқтисодиву молиявии давлат;
– таҳия ва амалӣ намудани чорабиниҳо ҷиҳати баланд бардоштани фарҳанги андозсупорӣ ва риояи қонунгузории андоз;
– содда намудани расмиёти маъмурикунонии андоз бо мақсади баланд бардоштани масъулияти ҷамъоварӣ, шаффофият, пешгӯишаванда будани тартиби ситонидани андозҳо барои андозсупорандагон.
- Дар соҳаи беҳтаргардонии фаъолияти сармоягузорӣ ва рушди соҳибкорӣ:
– идома бахшидани ислоҳот ва густариши он ҷиҳати беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ бо мақсади рушди саноати ватанӣ ва истифодаи захираҳои сарватҳои зеризаминӣ;
- тақвияти ҳимояи ҳуқуқи моликият, ташкили институти ваколатдор (омбудсмен) оид ба ҳимояи ҳуқуқи соҳибкорон, такмили ҳимояи судии ҳуқуқи соҳибкорон;
- такмили фаъолияти институтҳои дастгирикунандаи соҳибкорӣ, ба монанди Фонди дастгирии соҳибкорӣ, Агентии пешбурди сармоягузорӣ ва содирот, Маркази татбиқи лоиҳаҳои шарики давлат ва бахши хусусӣ ва бунёди механизмҳои самараноки рушди маҳал;
- фароҳам овардани шароити мусоид, аз ҷумла низоми дастгирӣ, ҳавасмандгардонӣ ва кафолатҳои муассир барои ҷалб намудани захираҳои бахши хусусӣ ба татбиқи лоиҳаҳои шарикии давлат ва бахши хусусӣ;
- татбиқи пайдарҳами сиёсати кам кардани монеаҳои маъмурии пешбурди тиҷорат ва ташаккули низоми ҳамроҳии маъмурии лоиҳаҳои миёнаву калони сармоягузории бахши хусусӣ аз рӯи принсипи «равзанаи ягона»;
- фароҳам овардани шароит барои сафарбар намудани захираҳои сармоягузорӣ ва баланд бардошдани самаранокии лоиҳаҳои сармоягузорӣ;
- баланд бардошдани сатҳи ҷолибияти иқтисодиёт барои сармоягузорон ва беҳтар намудани мавқеи кишвар дар рейтинги «Пешбурди соҳибкорӣ» аз рӯи нишондиҳандаҳои «Ҳимояи сармоягузорон»;
- ташкил намудани мониторинги фазои сармоягузорӣ, ки на танҳо барои арзёбии натиҷабахшии кор вобаста ба ҷалби сармоягузориҳо, балки инчунин барои тағйир додани фарҳанги мавҷудаи маъмурӣ, ки дар он сармоягузор ҳоло ҳамчун субъекти камаҳамият ҳисобида мешавад, муҳим аст;
- рушди инфрасохтори фаъолияти сармоягузорӣ ва беҳтар намудани ҷолибияти сармоягузорӣ дар бахши истифодаи қаъри замин;
- истифодаи имкониятҳои нави сармоягузорӣ дар занҷираи арзиши иловашудаи тиҷорати кишоварзӣ дар кишвар;
- мукаммалгардонии заминаи ҳуқуқии дастгирӣ ва рушди соҳибкорӣ, фароҳам овардани шароит барои дастёбии субъектҳои соҳибкорӣ ба бозорҳои байналмилалии мол, кор ва хизматрасониҳо;
- ташкил намудани фаъолияти самараноки институти ҳамкориҳои мутақобилаи сохторҳои тиҷоратӣ ва мақомоти ҳокимияти давлатӣ;
- мусоидат барои рушди соҳибкории инноватсионӣ, ташкил намудани технопаркҳо ва бизнес-инкубаторҳо;
- такмили низоми таҳсилоти миллии соҳибкорӣ барои омӯзиш ва тайёр намудани мутахассисони баландихтисоси рақобатпазир дар соҳаҳои гуногун мутобиқи талаботи иқтисоди бозаргонӣ ва стандартҳои байналмилалӣ;
- бо назардошти имконияти буҷет зиёд намудани ҳаҷми маблағҳои Фонди дастгирии соҳибкорӣ ва паст кардани меъёри фоиз;
- такмили сиёсати андоз барои ҳавасмандгардонии фаъолнокии инвеститсионии соҳибкорони хусусӣ.
- Дар соҳаи азнавсозӣ, ислоҳот ва устувор гардонидани иқтисодиёти миллӣ:
– таҳия ва андешидани тадбирҳо оид ба дастгирии давлатии молистеҳсолкунандагони ватанӣ дар доираи меъёрҳои Созмони умумиҷаҳонии савдо;
– такмил додани заминаи меъёрии ҳуқуқии мусоидат ба содирот ва воридотивазкунӣ, ҳавасмандгардонии содироткунандагон;
– густариши ислоҳоти аграрӣ бо мақсади ташаккул ва иникшофи истеҳсолоти кишоварзии сердаромад;
– идомаи азхудкунӣ ва истифодаи самараноки иқтидори гидроэнергетикӣ тибқи амалӣ намудани Барномаи аз худ намудани манбаъҳои барқароршавандаи энергия ва сохтмони нерӯгоҳҳои хурди барқи оби барои солҳои 2016 – 2020 ва Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалӣ намудани лоиҳаҳои афзалиятнок дар соҳаи энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015 – 2020 ҳамчунин, таҷдиди нерӯгоҳҳои барқии обии мавҷуда ва сохтани нерӯгоҳҳои барқии обии нав;
– андешидани тадбирҳои судманд ҷиҳати рушди содирот ва воридотивазкунӣ.
- баланд бардоштани самаранокии соҳаҳои коркарди маҳсулоти ватанӣ, воситаҳои асосӣ, технологияву таҷҳизот;
- баланд бардоштани самаранокии идоракунии комплекси сӯзишворию энергетикӣ ва таъмини дастрасии устувору баробари ҳамаи субъектҳои иқтисоди миллӣ ба захираҳои энергетикӣ;
- рушди низоми миллии воридотивазкунии интихобӣ, пеш аз ҳама дар соҳаи комплекси агросаноатӣ (коркарди маҳсулоти меваю сабзавот ва зиёд кардани истеҳсоли он);
- вусъат бахшидан ба ҷараёни коркарди маъдан, тилло, нуқра ва сангҳои ороишӣ;
- тақвият бахшидани вазъи коркарди аввалияи ашёи хоми саноативу маҳсулоти кишоварзӣ;
- ҷорӣ намудани низоми стандартҳои байналмилалии сифат дар корхонаҳои саноатӣ;
- бунёди корхона ва коргоҳҳои хурду миёнаи дӯзандагӣ, қолинҳои дастбофӣ, коркарди пашм, пӯст, пилла, меваю сабзавот ва масолеҳи сохтмонӣ;
- ба роҳ мондани истеҳсолимаводу маҳсулоте, ки дар ҷумҳурӣ барои тавлидоти он шароити мусоиди истеҳсолӣ ва ашёи хом вуҷуд дошта;
- инкишофи барномаҳои шарикии давлат ва бахши хусусӣ дар истеҳсолоти кишоварзӣ;
- бо дарназардошти имконияти буҷети давлатӣ, такмил додани механизми андозбандии корхонаҳои кишоварзӣ;
– таҳияи механизми пешниҳоди қарзҳои кӯтоҳмуҳлат, миёнамуҳлат, дарозмуҳлат ва қарзҳои имтиёзнок ба истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ, инкишофи кооперативҳои қарзӣ;
- бунёди истгоҳҳои моддию техникӣ дар заминаи Ассотсиатсияи хоҷагиҳои деҳқонӣ, рушди агролизинг, баланд бардоштани сатҳи механизатсияи истеҳсолоти кишоварзӣ;
- баланд бардоштани дараҷаи тиҷоратикунонии истеҳсолот тавассути инкишофи малакаҳои маркетингӣ ва касбии кормандони соҳаи кишоварзӣ;
– идомаи корҳо оид ба кашф ва азхудкунии захираҳои сӯзишвории органикӣ, зиёд кардани ҳаҷми истихроҷи ангишт ва истеҳсоли газ аз он дар асоси таҳия ва татбиқи барномаи мақсадноки инкишофи истихроҷ (аз ҷумла бо усули шахтагӣ) ва коркарди ангишт;
- таъмини дастрасии истеъмолкунандагон, новобаста аз категория, мансубияти минтақавиашон ва фасли сол, ба истифодаи нерӯи барқ дар асоси ворид намудани иқтидорҳои нав ва истифодаи самараноки иқтидорҳои ҷойдошта, инкишофи инфрасохтори энергетикӣ, аз ҷумла дар минтақаҳои таъмини ғайримарказонидашудаи барқ;
- таҳияи низоми чораҳо оид ба ҳавасмандгардонии сарфи энергия ва баланд бардоштани самаранокии энергетикии истеҳсолот;
- таҳияи маҷмӯи чораҳо оид ба баланд бардоштани ҷолибияти лоиҳаҳои сармоягузорӣ, ташаббусҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар бахши соҳибкории энергетикӣ.
- Кори аз ҷониби Тарафҳо гузаронидашаванда бояд дар давоми солҳои 2018 – 2020 афзоиши ҳарсолаи маҷмӯи маҳсулоти дохилиро тибқи пешбиниҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин намояд.
БОБИ II. ДАРОМАҲО, МУЗДИ МЕҲНАТ
ВА САТҲИ ЗИНДАГИИ АҲОЛӢ
- Тарафҳо дар ин давра таҳия ва татбиқи тадбирҳое, ки ҳуқуқи кормандонро ба меҳнати арзанда, баланд бардоштани сатҳи музди воқеӣ, такмили сиёсати даромад ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолиро таъмин менамояд зарур, мешуморанд. Бо ин мақсад, Тарафҳо барои ин чораҳо уҳдадор мешаванд:
– зиёд намудани андозаи ҳадди ақали музди меҳнат, андозаи музди меҳнат;
– бо дар назардошти натиҷаҳои воқеии рушди иҷтимоию иқтисодӣ таҷдиди назар намудани низоми пардохти музди меҳнат дар доираи созишномаҳои соҳавӣ ва шартномаҳои коллективӣ;
– таъмини назорати давлатӣ ва ҷамъиятӣ аз рӯи пардохти саривақтии музди меҳнат дар ташкилоту муассисаҳо, новобаста аз шакли моликият;
– мунтазам бурдани корҳо оид ба солимгардонии молиявии ташкилотҳо, таъмин намудани фаъолияти безарари онҳо бо мақсади нигоҳ доштани шуғлнокии доимии кормандон ва баландшавии музди меҳнат;
– тибқи муқаррароти моддаи 144 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон индексатсия намудани музди меҳнат бо дар назардошти сатҳи таваррум;
– идомаи таҳияи чораҳо барои муҳофизати ҳуқуқҳои моддии корманд дар сурати муфлисшавии ташкилот;
– ҳамасола гузаронидани мониторинги моддаҳои 140 ва 143 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
БОБИ III. ҲИФЗИ ИҶТИМОӢ, КАФОЛАТҲО
ВА СУҒУРТАИ ИҶТИМОӢ
- Тарафҳо бо мақсади рушди соҳаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, таъмини кафолатҳои иҷтимоӣ ва суғуртаи иҷтимоии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ намудани тадбирҳои зайлро ҳатмӣ мешуморанд:
– баррасии меъёрҳои ҳадди ақалии стандартҳои иҷтимоӣ оид ба пешниҳоди хизматрасониҳои иҷтимоӣ ба аҳолӣ, аз ҷумла дар самти хизматрасонии манзилию коммуналӣ;
– идомаи ҷорӣ намудани механизми таҷрибавии кумакҳои унвонии иҷтимоӣ ба оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат;
– ҳамасола сари вақт ҷудо намудани маблағҳо барои таҳкими заминаи моддию техникӣ ва ба мавсими тобистона тайёр намудани лагерҳои солимгардонии кӯдакон, ки дар тобеият ё дар истифодаи иттифоқҳои касаба мебошанд;
– андешидани маҷмӯи тадбирҳо оид ба рушди заминаи иттилоотии низоми ҳифзи иҷтимоӣ, аз ҷумла дар соҳаи суғуртаи иҷтимоӣ ва таъминоти нафақа;
- таҳия ва дар амал татбиқ намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи низоми нави таъминоти нафақа дар доираи ислоҳоти амалишаванда;
- ташаккули маҷмӯи ҳавасмандиҳо барои корфармоён ҷиҳати бо кор таъмин намудани шахсони маъюб дар бахши расмӣ;
- паҳн намудани иттилооти умумӣ оид ба маъюбӣ, ҳуқуқи шахсони маъюб, уҳдадориҳои давлат дар ин самт, ҳам дар байни мақомоти масъули ҳокимиятӣ ва ҳам дар байни табақаи васеи аҳолӣ;
- таҳия ва тасдиқи стандартҳои кафолатҳои ҳаддиақалии дастрасӣ ба даромадҳо ва хизматрасониҳои иҷтимоӣ;
- андешидани маҷмӯи тадбирҳо ҷиҳати мусоидат ба сохтмони манзилҳои дастрас мутобиқи эҳтиёҷот ва талаботи аҳолӣ;
– нигоҳ доштани танзими давлатии нархҳо ба хизматрасонии коммуналӣ, газ, сӯзишворӣ, қувваи барқ, доруворӣ, молҳои зарурии аввалия ва маводи ғизоӣ ба аҳолӣ;
– таъмин намудани ҳаҷми сохтмони манзил мувофиқи нишондиҳандаҳои дурнамои рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2020;
– таъмин намудани сохтмони саривақтии иншооти соҳаҳои тандурустӣ ва маориф, аз он ҷумла муассисаҳои таълимии томактабӣ дар ноҳияҳо (маҳаллаҳо), шаҳрҳои аз нав сохташавандаи ҷумҳурӣ;
– таъмин намудани маблағгузории хароҷоти ҷории (ба ғайр аз хароҷоти асосӣ) соҳаҳои тандурустӣ ва маориф мувофиқи дурнамои нишондиҳандаҳо, вале на камтар аз ҳаҷми солҳои пешин;
– дар солҳои 2018-2020 нигоҳ доштани намудҳои кафолатноки ёрии тиббии ройгон барои аҳолии ҷумҳурӣ бе коҳишёби аз сатҳи солҳои пешин;
– пешбинӣ намудани зиёдшавии меъёрҳои хароҷоти пулӣ барои хӯрок ба тарбиятгирандагон, хонандагон ва донишҷӯёне, ки дар муассисаҳои таълимии томактабӣ, таҳсилоти умумӣ ва ибтидоӣ касбӣ таҳсил мекунанд;
– давра ба давра баланд бардоштани андозаи ҳамаи намудҳои идрорпулии (стипендияи) хонандагон ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ибтидоии касбӣ, миёна ва олии касбӣ;
– бо риояи тартиби муайяншуда самаранок истифода намудани маблағҳои суғуртаи давлатии иҷтимоии 1,4 фоиза дар корхонаву ташкилотҳо новобаста аз шакли моликияташон, ҷиҳати харидории роҳхатҳои истироҳатгоҳҳои тобистонаи кӯдакон ва наврасон ба истироҳатгоҳҳо ва мавзеҳои истироҳатӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон. Иштироки корфармоён ва ташкилотҳои иттифоқҳои касаба дар паст кардани арзиши роҳхатҳои истироҳатгоҳҳо;
– саҳм гирифтани мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар маблағғузорӣ ва омода намудани истироҳатгоҳҳои тобистона ба мавсими қабул;
– маблағгузории саривақтии хароҷот оид ба омодагии касбӣ, такмили ихтисос ва бозомӯзии бекорон, аз ҷумла пардохти стипендия, пардохти корҳои ҷамъиятӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ барои шаҳрвандони бекоре, ки ба ҳифзи иҷтимоӣ эҳтиёҷ доранд;
– таъмини худмашғулияти аҳолии бекор ва таъсиси ҷойҳои иловагии корӣ барои фаъолияти илмию тадқиқотӣ оид ба масъалаҳои шуғл ва бозори меҳнат, маблағгузории тадбирҳои ҳамкории бозори меҳнат, рушди байналмилалӣ оид ба масъалаҳои шуғл ва бекорӣ;
– пардохти ҷубронпулӣ ба ивази роҳхатҳои истифоданашудаи муолиҷаи санаторию курортӣ ба маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ашхоси ба онҳо баробаркардашуда;
– таҷдиди назар намудани тартиби пардохти кумакпулиҳои иҷтимоӣ барои корношоямии муваққатӣ, ҳомиладорию таваллуд ва кумакпулиҳои оилавӣ ба аъзои хоҷагиҳои деҳқонӣ ва соҳибкорони инфиродӣ, мутобиқ намудани андозаи чунин кӯмакпулиҳо ба саҳмгузории онҳо дар низоми суғуртаи давлатии иҷтимоӣ;
– татбиқи чораҳои ҳавасмандгардонӣ барои рушди соҳаи туризм, истироҳатгоҳҳо ва санаторияю профилакторияҳои ҷумҳурӣ;
– таҳия ва қабули Барномаи давлатии азнавсозии истироҳатгоҳҳои амалкунанда ва сохтмони истироҳатгоҳҳои нав;
– андешидани тадбирҳо ҷиҳати таҳия ва нашри тафсири Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
– андешидани чораҳои зарурӣ дар доираи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иҷро намудани талаботи Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби роҳбарони ширкатҳои трансмиллӣ, корфармоёни хориҷӣ нисбати шаҳрвандони ҷумҳурӣ ва шаҳрвандони кирояи хориҷӣ дар самти бархӯрдор будан аз имтиёзҳои мавҷудаи иҷтимоӣ ва меҳнатӣ.
БОБИ IV. РУШДИ БОЗОРИ МЕҲНАТ
ВА МУСОИДАТ БА ШУҒЛИ АҲОЛӢ
- Тарафҳо ҷиҳати танзим ва рушди бозори меҳнат ва таъмини шаҳрвандон бо шуғли арзанда татбиқи чорабиниҳои зеринро ҳатмӣ мешуморанд:
- такмил додани заминаи меъёрии ҳуқуқии ташаккули (дар навбати аввал дар сатҳи миллӣ ва пас аз он дар сатҳи минтақаҳо) низоми таҳлил ва пешгӯии бозори меҳнат;
- рушди инфарсохтори оморӣ барои таҳлил ва пешгӯии бозори меҳнат, пайваста гузаронидани тадқиқоти қувваи корӣ (бо дохил намудани маҷмӯи масъалаҳои алоқаи таҳсилот, шуғл ва даромадҳо), тадқиқоти корхонаҳо ва ташкилотҳо, пурсишҳо ҷиҳати бокортаъминкунии хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти касбӣ);
- ҷорӣ намудани низоми ҳисоботдиҳии фаврии баҳодиҳии ҳолати бозори меҳнат (ҳар семоҳа бо инъикоси равандҳои таъсис ва барҳам додани ҷойҳои корӣ, муҳоҷирати меҳнатии хориҷӣ ва дохилӣ) ба низоми таъминоти иттилоотии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ;
- таҳия ва татбиқи Барномаи миёнамуҳлати мақсадноки мусоидат ба шуғли шахсони маъюб ва таъсиси гурӯҳҳои худёрирасон;
- таҳияи Барномаи рушди худиштиғол ва корҳои хонагӣ (хонакорӣ);
– татбиқи барномаҳои давлатӣ ва минтақавии мусоидат ба шуғли аҳолӣ бо додани афзалият ба чораҳои фаъоли сиёсати шуғл дар бозори меҳнат;
– роҳ надодан ба ивазшавии муносибатҳои меҳнатӣ, бо қарордоди шартномавии хусусиятҳои шаҳрвандию ҳуқуқидошта, барои иҷрои коре, ки бояд мувофиқи қонунгузорӣ дар бораи меҳнат дар асоси шартномаи меҳнатӣ амалӣ гардад;
– ёрӣ расонидан ба бекорон дар ташкили худиштиғолӣ, аз он ҷумла бо роҳи додани қарзҳои имтиёзнок;
– дар ҳаҷми пурра таъмин намудани дастгирии иҷтимоии бекорон, ки бо қонунгузорӣ пешбинӣ шудааст;
- татбиқи механизмҳои шарикии иҷтимоӣ дар бозори меҳнат (аз ҷумла барномаҳо оид ба ҳамкории ассотсиатсияҳои кордиҳандагон/ соҳибкорон, иттифоқҳои касабаи соҳавӣ ва вазоратҳои соҳавӣ);
- инкишофи низоми таъминоти иттилоотии мусоидат ба таъмини шуғл;
– андешидани тадбирҳо ҷиҳати аз байн бурдани иқтисодиёти пинҳон ва кам кардани ҳаҷми шуғли ба қайдгирифтанашуда.
БОБИ V. ҲИФЗИ МЕҲНАТ
- Бо мақсади таъмин намудани ҳифзи меҳнат Тарафҳо амалӣ кардани чорабиниҳои зеринро зарур мешуморанд:
– гузаронидани санҷиши шароит ва ҳифзи меҳнат, иҷрои уҳдадориҳои корфармоён оид ба ҳифзи меҳнат, ки бо қонунгузорӣ пешбинӣ гардидаанд;
– ба роҳ мондани назорати қатъӣ аз болои иҷрои моддаи 348 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муоинаи тиббӣ;
– дар ташкилоту муассисаҳо, новобаста аз шакли моликият пешбинӣ намудани маблағҳои зарурӣ барои амалигардонии чорабиниҳои ҳифзи меҳнат.
- Тарафҳо конвенсияҳои зерини Ташкилоти байналмилалии меҳнатро бо мақсади муайян намудани зарурати ҳамроҳшавӣ ба онҳо мавриди омӯзиш ва таҳлил қарор медиҳанд:
– Конвенсияи №102 «Дар бораи меъёри ҳадди ақалии таъминоти иҷтимоӣ»;
– Конвенсияи №167 «Дар бораи бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат дар сохтмон»;
– Конвенсияи №183 «Дар бораи ҳифзи модар».
БОБИ VI. ТАЪМИНОТИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ
МУҲОҶИРОНИ МЕҲНАТӢ
- Бо мақсади таъмини ҳифзи ҳуқуқҳои муҳоҷирони меҳнатӣ Тарафҳо амалӣ намудани чорабиниҳои зеринро зарур мешуморанд:
- таҳия ва ҷорӣ намудани низомҳои иттилоотии ҳамкории байнисоҳавӣ дар доираи идоракунии муҳоҷирати меҳнатии хориҷӣ;
- такмил додани низоми меъёрии ҳуқуқии ҳифзи муҳоҷирони меҳнатӣ;
- фаъолгардонии саъю талошҳо оид ба таъмини ҳифзи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии муҳоҷирони меҳнатӣ ва оилаҳои онҳо, аз ҷумла ба воситаи созишномаҳои дутарафа доир ба ҷалби муташаккилонаи муваққатии шаҳрвандони кишвар ва таъминоти нафақавӣ;
- таҳияи маҷмӯи амалҳои ҳассоси гендерӣ оид ба омодасозии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо;
- ташаккули махзани маълумоти талаботи соҳавӣ ва ҳудудии ҷумҳурӣ ва кишварҳои асосии воридкунандагони қуваи корӣ;
- интишори боз ҳам васеъи маҷмӯи иттилооту маълумот оид ба ҳуқуқу уҳдадориҳо, шартҳо ва тартиби бақайдгирии муҳоҷирони меҳнатӣ дар кишварҳои асосии воридкунандагони қувваи корӣ;
– бисёрҷониба намудани раванди муҳоҷирати меҳнатӣ;
– андешидани тадбирҳо бо мақсади додани бартарият ба кормандони ватанӣ дар лоиҳаҳое, ки барои амалисозии онҳо ба мутахассисони хориҷӣ квота муқаррар гардидааст;
– танзими муҳоҷирати меҳнатии дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ, пешгирии муҳоҷирати меҳнатии ғайриқонунӣ.
БОБИ VII. ШАРИКИИ ИҶТИМОӢ ВА
ТАНЗИМИ ФАЪОЛИЯТИ ТАРАФҲО
- Тарафҳо уҳдадор мешаванд, чораҳое андешанд, ки ба инкишофи минбаъдаи низоми шарикии иҷтимоӣ ва баланд бардоштани самаранокии он нигаронида шуда бошанд, аз ҷумла:
– муносибатҳои худро дар асоси принсипҳои шарикии иҷтимоӣ, ки ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва конвенсияҳои аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон қабулгардидаи Ташкилоти байналмилалии меҳнат асос ёфтааст, ба роҳ монда, оид ба ин масъала дар маҳалҳо ба корфармоён ва ташкилотҳои иттифоқи касаба кумаки доимӣ расонанд;
– дар бастани созишномаҳо ва шартномаҳои коллективӣ, такмил додани фаъолияти комиссияҳои соҳавӣ ва минтақавӣ оид ба танзими муносибатҳои иҷтимоию меҳнатӣ мусоидат намоянд;
– дар мавриди аз ҷониби сармоягузорон хусусӣ гардонидани ташкилот ва пайдо намудани ҳуқуқи моликият дар шартномаҳои сармоягузорӣ ҷиҳати дар муддати на камтар аз 6 моҳ нигоҳ доштани шуғли кормандон дар ҳамон сатҳи то хусусигардонӣ қарордошта, инчунин кафолатҳо ва имтиёзҳо, на камтар аз ҳаҷми пешбининамудаи созишномаи амалкунанда ва шартномаи коллективӣ уҳдадориҳоро пешбинӣ намоянд;
– оид ба таъсис додани ташкилотҳои ибтидоии иттифоқи касаба дар муассиса ва корхона новобаста аз шакли моликият тарғибу ташвиқ намуда, корҳои фаҳмондадиҳӣ баранд;
– бо шарикони иҷтимоӣ лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқиро оид ба масъалаҳои сиёсати иҷтимоию иқтисодӣ, муносибатҳои меҳнатӣ ва шарикии иҷтимоӣ мувофиқа намоянд;
– аз ҷониби Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои маҳаллии он ба Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва Иттиҳодияҳои корфармоёни Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилооти омориро дар асоси ройгон тибқи Барномаи корҳои оморӣ муайянгардида, пешниҳод карда шавад;
– ҳама гуна чораҳои аз онҳо вобастабударо ба бартараф кардан ва ҳалли асосноки баҳсҳои меҳнатии коллективи, ки дар соҳаи иҷтимоию меҳнатӣ ба миён омадаанд, ба амал бароранд.
- Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:
– дастгирии нақши аз ҷиҳати иҷтимоӣ муҳими иттифоқҳои касаба (иттиҳодияҳои онҳо) ва корфармоён (итгиҳодияҳои онҳо) – ро дар пешбурди сиёсати мувофиқашудаи иҷтимоию иқтисодӣ ва рушди шарикии иҷтимоӣ таъмин менамояд;
– бо пешниҳоди Тарафҳо ба баррасии пешакии Комиссияи сетарафаи танзими муносибатҳои иҷтимоию меҳнатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқиро, ки ба салоҳияти Комиссияи мазкур марбут аст, пешниҳод мекунад;
– ҳангоми омода намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки масъалаҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва вобаста ба онҳо манфиатҳои иқтисодии кормандон ва корфармоёнро дар бар мегирад, ба Тарафҳо дар шахсияти ҳамоҳангсози Комиссияи сетарафаи танзими муносибатҳои иҷтимоию меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаҳои дахлдорро барои баррасӣ ва дохил кардани эроду пешниҳодҳо равона карда, мавқеи онҳоро то қабул шудани қарор муайян мекунад;
– дар доираи салоҳияти худ ҷиҳати риоя кардани қонунҳо дар соҳаи иҷтимоию меҳнатӣ чораҳо меандешад, роҷеъ ба ин масъала бо иттифоқҳои касаба (иттиҳодияҳои онҳо) ва корфармоён (иттиҳодияҳои онҳо) ҳамкорӣ менамояд, низоми батанзимдарории баҳсҳои меҳнатии коллективиро инкишоф медиҳад.
- Иттиҳодияи корфармоёни Ҷумҳурии Тоҷикистон:
– чораҳое меандешад, ки ба самаранокӣ ва рақобатпазирии истеҳсолот, таъсис додани ҷойҳои босамари корӣ, таъмин кардани музди меҳнат ва кафолатҳои иҷтимоӣ, ҳифзи меҳнат ва саломатии кормандон дар истеҳсолот мусоидат менамоянд;
– бо мақсади минбаъд такмил додани низоми шарикии иҷтимоӣ, ба таври баробар тақсим кардани масъулияти шарикони иҷтимоӣ дар соҳаи муносибатҳои меҳнатии коллективӣ ҷиҳати инкишофи сохтори иттиҳодияи корфармоён дар сатҳи ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ чораҳо меандешад, ба иштироки фаъолонаи онҳо дар раванди коллективию шартномавӣ мусоидат менамояд.
Ҳамоҳангсози Тарафи корфармоён:
– ба иттиҳодияҳои корфармоён дастрас кардани лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии пешниҳоднамудаи Тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъмин менамояд;
– ба намояндагони иттиҳодияҳои корфармоён фиристодани маводи ба Комиссияи сетарафаи танзими муносибатҳои иҷтимоию меҳнатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодгардида, қарорҳои Комиссия, инчунин бо иштироки иттиҳодияҳои корфармоёни номбаргардида баррасӣ намудани масъалаҳои вобаста ба татбиқи қарори Комиссияи болозикрро оид ба муносибатҳои меҳнатию иҷтимоӣ ташкил менамояд.
- Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон:
– дар таҳия ва татбиқи сиёсати иҷтимоию иқтисодии давлат иштирок мекунад;
– ба воситаи намояндагони ваколатдори худ дар кори мақомоти машваратии вазоратҳо, дигар мақомоти ҷумҳуриявии идораи давлатӣ, ҷаласаҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳрҳо, ноҳияҳо ва мақомоти идоракунии ташкилотҳо иштирок менамояд;
– зимни ҳамоҳангсозии фаъолияти ташкилотҳои аъзо, сохтори ташкилии онҳо оид ба бастани созишномаҳо ва шартномаҳои коллективӣ зарурати мунтазам баланд бардоштани самаранокии иқтисодии кори корхонаҳо, афзоиши ҳосилнокии меҳнат, кам кардани хароҷоти истеҳсолот, баланд бардоштани ҳавасмандӣ ба меҳнат, пурзӯр намудани интизом, тартибот ва муташаккилӣ дар истеҳсолотро ба инобат мегиранд;
– ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти идораи давлатии ҷумҳуриявӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо дар бораи ҷой доштани ходисаҳои сари вақт надодани музди меҳнат хабар медиҳад.
Ҳамоҳангсози Тарафи иттифоқҳои касаба:
– ба Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва иттифоқҳои касабаи соҳавӣ расонидани лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии пешниҳоднамудаи Тарафи ҳукумат;
– ба намояндагони Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақил ва иттифоқҳои касабаи соҳавӣ фиристодани маводи ба Комиссияи сетарафаи танзими муносибатҳои иҷтимоию меҳнатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои меҳнатию иҷтимоӣ пешниҳодшуда, қарорҳои Комиссия, инчунин бо иштироки иттифоқҳои касабаи номбаргардида баррасӣ намудани масъалаҳои вобаста ба татбиқи қарори Комиссия оид ба масъалаҳои меҳнатию иҷтимоиро ташкил менамояд.
- Тарафҳо оид ба масъалаҳои зерин ба мувофиқа омаданд:
– риоя намудани нуқтаҳои дар Созишномаи генералӣ бадастомада;
– мусоидатнамоӣ ба ташкили пардохти ғайринақдии ҳаққи узвияти иттифоқҳои касаба дар як вақт бо пардохти музди меҳнат (аз ҷумла аз ҳисоби қарзҳо ва кредитҳои бонкҳо пардохтшуда) мутобиқи қонунгузорӣ;
– ҷиҳати дар асоси шартномаи коллективии дар ташкилотҳо амалкунанда ба иттифоқҳои касаба беподош пешниҳод намудани ҷой, таҷҳизот, воситаи нақлиёт, васоити алоқа, инчунин муҳайё намудани дигар шарту шароитҳои зарурӣ барои фаъолияти иттифоқҳои касаба тибқи қонунгузории ҷорӣ.
- Намояндагони ваколатдори иттифоқҳои касаба ва корфармоён тибқи қонунгузорӣ дар хусусигардонӣ ва таҷдиди корхонаҳои воҳидии давлатӣ иштирок менамоянд.
- Бо мақсади мусоидат намудан ба татбиқи манфиатҳои меҳнатӣ ва иҷтимоию иқтисодии кормандон, аз ҷумла ба кормандон фароҳам овардани шароити нисбатан имтиёзнок, ки инро қонунгузорӣ пешбинӣ менамояд, мустаҳкам кардани интизоми меҳнатӣ ва баланд бардоштани ҳисси масъулияти кормандон дар самти риоя намудани талаботи муқаррарнамудаи Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳифзи меҳнат Тарафҳо тавсия медиҳанд, ки дар шартномаҳои коллективӣ чунин муқаррарот дохил карда шавад:
– дар ташкилотҳо, новобаста аз шакли моликият ба кор бурдани низоми босамари пардохти музди меҳнати кормандон, ки ба ҳосилнокии баланди меҳнат нигаронида шудааст;
– барои пардохти музди меҳнати кормандон, новобаста аз шакли моликияти корхона, музди меҳнат аз андозаи ҳадди ақали муқаррарнамудаи давлат камтар буда наметавонад. Дар шартномаҳои (созишномаҳои) коллективӣ (ба истиснои онҳое, ки Тарафашон ташкилоте мебошад, ки аз буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешавад ва дотатсияи давлатиро истифода мебарад) метавонад миқдори баландтари ҳадди ақали музди меҳнат пешбинӣ карда шавад;
– расонидани кумак ба кормандони аз кор озодшуда бинобар сабаби ихтисори ҷойҳои корӣ (штат), барҳамхӯрии корхона ҷиҳати ёфтани ҷои кор ё бозомӯзӣ;
– пешниҳод намудани ҳуқуқи афзалиятнок (дар ҳолати шароитҳои баробар) барои нигоҳ доштан дар ҷои кор ҳангоми ихтисори шумораи кормандон ё ҷойи корӣ ба гурӯҳҳои алоҳидаи кормандоне, ки қонунгузории меҳнат пешбинӣ намудааст;
– бо кормандони интизоми меҳнатӣ ва истеҳсолиро вайроннакардае, ки то расиданашон ба синни умумии муқарраргардидаи нафақа се сол (ва камтар) мондааст, бастани шартнома ба муддати на камтар аз муҳлати то расиданашон ба синни нафақа;
– додани ҳуқуқ барои тамдид кардани шартномаи меҳнатӣ ба кормандони интизоми меҳнатӣ ва иҷрокунандагиро вайрон накарда, шахсоне, ки сатҳи баланди касбият ва тахассус доранд, бо розигии онҳо ба муҳлати номуайян.
– бекор кардани шартномаи меҳнатӣ бо ташаббуси корфармо дар мувофиқаи пешакӣ бо ташкилоти иттифоқи касаба;
– ҷудо кардани маблағ барои гузаронидани чорабинӣ оид ба ҳифзи меҳнат;
– чораҳои иловагии дастгирии иҷтимоӣ ба собиқадороне, ки пеш дар ташкилот кор кардаанд;
– фароҳам овардани шароит барои бо хӯроки гарм таъмин кардани кормандон ва арзон кардани нархи он;
– дар ҳамбастагӣ бо кумитаи иттифоқи касаба муқаррар кардан, иваз кардан ва аз нав дида баромадани меъёрҳои меҳнат;
– расонидани дастгирии молиявӣ ба коллективҳои ҳаваскорони бадеӣ, новобаста аз тобеияти идории онҳо;
– ба аъзои иттифоқҳои касаба, нозирони ҷамъиятӣ оид ба ҳифзи меҳнат додани имконият (вақт) ҷиҳати ширкат дар кори мақомоти иттифоқҳои касаба ба сифати вакилони конференсияҳо, пленумҳо, анҷуманҳо, таҳсили кормандони иттифоқҳои касаба бо нигоҳ доштани музди миёнаи маош;
– омӯзондани нозирони ҷамъиятӣ оид ба ҳифзи меҳнат ва ташкил кардани шароит барои кори самараноки онҳо;
– қатъ кардани шартномаи меҳнатӣ бо ташаббуси корфармо (ба ғайр аз ҳолатҳои бо айби корманд бамиёномада) бо кормандон, роҳбарони интихобшудаи мақомоти иттифоқҳои касаба ва онҳое, ки аз кори асосӣ ҷудо нестанд, танҳо бо розигии мақомоти болоии иттифоқи касаба ва бо кормандоне, ки дар ҳайати мақомоти иттифоқи касаба, нозирони ҷамъиятӣ оид ба ҳифзи меҳнат мебошанд, бо розигии ташкилоти иттифоқи касабаи корхона, ки онҳо дар қайди он ҳастанд, сурат мегирад. Муҳлати шартнома бо кормандони роҳбарони иттифоқи касаба интихобшуда ва аз кори асосӣ озоднабуда аз муҳлати ваколати онҳо камтар буда наметавонад;
– муқаррар намудани кафолати пешниҳод кардани кори пештара ё баробар бо он дар ташкилот баъди анҷом ёфтани ваколат дар вазифаи интихобӣ дар мақомоти иттифоқи касаба ба кормандоне, ки аз кори асосӣ ба сабаби интихоб шудани онҳо дар мақомоти иттифоқи касаба озод шудаанд;
– нигоҳ доштани имтиёз ва кафолатҳое, ки барои кормандони ташкилот бо шартномаи меҳнатӣ пешбинӣ гардидаанд, кормандони иттифоқи касабаи аз кори асосӣ озодгардида, ки ба вазифаҳои интихобии мақомоти иттифоқи касаба дар ташкилот интихоб гардидаанд;
– дар ҳолати бекор истодан ба сабаби набудани кор вобаста ба истеҳсолот ё хусусияти иқтисодӣ (аз кор баромадани таҷҳизот, механизмҳо, набудани ашёи хом, масолеҳ, қувваи барқ ва ғайраҳо) пардохти маблағи вақти бекористӣ ба андозаи 100 фоизи ставкаи тарифӣ (оклад) барои тамоми давраи бозистодани истеҳсолот бо анҷом додани тартиби муайянкардаи шартномаи коллективӣ;
– вазифадор намудани кормандон ҷиҳати ҳамкорӣ ва мусоидат дар кори таъмин намудани шароити мусоиду солим ва бехатари меҳнат бо корфармо, фавран хабардоркунӣ оид ба вайрон будани таҷҳизот, олоти меҳнат, воситаи нақлиёт, воситаи ҳифозат, бад шудани вазъи саломатии корманд, роҳбари бевоситаи худ ва ё дигар шахси мансабдори ваколатдори корфармо;
– иҷрои дигар уҳдадориҳо дар асоси Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои меҳёрии ҳуқуқии амалкунандаи соҳаи меҳнат.
БОБИ VIII. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
- Созишномаи генералии мазкур аз рӯзи ба имзо расидан аз ҷониби Тарафҳо эътибор пайдо намуда, то имзои Созишномаи генералии нав амал мекунад. Дар давраи амали ҳамин Созишномаи генералӣ бо мувофиқаи Тарафҳо ба он тағйиру иловаҳо дохил карда мешаванд. Тағйиру иловаҳои воридгардида қисми ҷудонашавандаи Созишномаи генералӣ ба шумор мераванд.
- Ҳар кадоме аз Тарафҳо барои татбиқи Созишномаи генералӣ дар доираи салоҳияти худ дорои масъулият мебошад.
Тарафҳо ба Комиссияи сетарафаи танзими муносибатҳои иҷтимоию меҳнатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои чорабиниҳо оид ба амалисозии Созишномаи генералӣ маълумот медиҳанд. Комиссияи сетарафаи танзими муносибатҳои иҷтимоию меҳнатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон рафти иҷрои Созишномаи генералиро назорат мебарад, дар ҳалли ихтилофот, ки дар раванди иҷрои Созишноми генералӣ ба амал меояд, ширкат меварзад.
- Созишномаи генералӣ нисбати ҳамаи корфармоён (иттиҳодияҳои онҳо), иттифоқҳои касаба, кормандон, донишҷӯён ва хонандагони муассисаҳои маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки гирифтани таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ таъмин мекунанд, амал мекунад.
Додани имтиёзҳо ва кафолатҳои зиёда аз меъёр, ки қонунгузорӣ муқаррар кардааст, ҳангоми ҷой дода шудани онҳо дар созишномаҳо, шартномаҳои коллективии тибқи қонунгузорӣ басташуда ва оид ба масъалаҳои ба салоҳияти Тарафҳо вобастабуда, татбиқ мегардад.
- Созишномаи генералӣ қисми таркибии раванди коллективӣ ва шартномавӣ дар системаи шарикии иҷтимоӣ мебошад ва ҳамчун асос барои таҳия ва бастани созишномаҳои соҳавӣ ва минтақавӣ хизмат мекунад. Созишномаҳои соҳавӣ, минтақавӣ ва шартномаҳои коллективӣ метавонанд, ки нисбат ба Созишномаи генералӣ шароити беҳтари имтиёзноки меҳнатӣ ва иҷтимоию иқтисодӣ дошта бошанд.
- Тарафҳо дар мӯҳлати як моҳи баъди ба имзо расидани Созишномаи генералӣ Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи генералиро таҳия ва барои тасдиқ ба Комиссияи сетарафа манзур менамоянд.
- Ҷаласаҳои Комиссияи сетарафаи танзими муносибатҳои иҷтимоию меҳнатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тариқи телевизион ва воситаҳои ахбори омма инъикос карда шаванд.
Бо супориши Тарафҳо имзо намуданд, аз ҷониби:
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон
Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон:
Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон
Иттиҳодияи корфармоёни Ҷумҳурии Тоҷикистон:
Раиси Иттиҳодияи корфармоёни Ҷумҳурии Тоҷикистон |
Қоҳир Расулзода
Қодири Қосим
Азизбек Шарипов |
«Тасдиқ мекунам»
муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон,
ҳамоҳангсози Комиссияи сетарафаи
танзими муносибатҳои иҷтимоию меҳнатӣ
дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
Азим Иброҳим
аз «23» апрели соли 2018
Нақшаи чорабиниҳо
оид ба татбиқи Созишномаи генералии байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва Иттиҳодияи корфармоёниҶумҳурии Тоҷикистон
барои солҳои 2018-2020
№ | Номгӯи чорабинҳо | Мӯҳлати иҷро | Масъулин |
1. | Гузаронидани ҷаласаи Комиссияи сетарафаи танзими муносибатҳои иҷтимоию меҳнатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон на камтар аз як маротиба дар ним сол | ҳар нимсола | Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо шарикони иҷтимоӣ |
2. | Пешниҳод намудани маълумот аз ҷараёни иҷрои уҳдадориҳои қабулгардида ва ҳифзи манфиатҳои иҷтимоию меҳнатии шаҳрвандон мутобиқи Нақшаи мазкур ба Комиссияи сетарафа | ҳамасола то 10 июл ва 10 январ | Вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ |
3. | Тавассути телевизион ва воситаҳои ахбори омма таҳия намудани барномаҳои махсус (мизҳои мудаввар) оид ба самтҳои асосии Созишномаи генералӣ ва раванди татбиқи он | мунтазам | Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи телевизион ва радио назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо шарикони иҷтимоӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ |
Сиёсати иқтисодӣ:
А. Дар соҳаи буҷету андоз ва сиёсати нарх |
|||
4. | Омӯзиши масъалаи баробар кардани сатҳи андозбандӣ бо шарикони асосии иқтисодиву тиҷоратӣ ва давлатҳои ҳамсоя бо назардошти манфиатҳои иқтисодиву молиявии давлат | солҳои
2018-2020 |
Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон |
5. | Таҳия ва амалӣ намудани чорабиниҳо ҷиҳати баланд бардоштани фарҳанги андозсупорӣ, содда намудани расмиёти маъмурикунонии андоз бо мақсади баланд бардоштани масъулияти ҷамъоварӣ, шаффофият ва пешгӯишаванда будани тартиби ситонидани андозҳо барои андозсупорандагон | солҳои
2018-2020 |
Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттиҳодияи корфармоёни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон |
Б. Дар соҳаи беҳтаргардонии фаъолияти сармоягузорӣ ва рушди соҳибкорӣ | |||
6. | Идома бахшидани ислоҳот ва густариши он ҷиҳати беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ бо мақсади рушди саноати ватанӣ ва истифодаи захираҳои сарватҳои зеризаминӣ | солҳои
2018-2020 |
Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, Иттиҳодияи корфармоёни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон |
7. | Тақвияти ҳимояи ҳуқуқи моликият, ташкили институти ваколатдор (омбудсмен) оид ба ҳимояи ҳуқуқи соҳибкорон, такмили ҳимояи судии ҳуқуқи соҳибкорон | солҳои
2018-2020 |
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон |
8. | Такмили институтҳои фаъолияти дастгирикунандаи соҳибкорӣ, ба монанди Фонди дастгирии соҳибкорӣ, Агентии пешбурди сармоягузорӣ ва содирот, Маркази татбиқи лоиҳаҳои шарики давлат ва бахши хусусӣ ва бунёди механизмҳои самараноки рушди маҳал | солҳои
2018-2020 |
Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳо, Иттиҳодияи корфармоёни Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ |
9. | Фароҳам овардани шароити мусоид, аз ҷумла низоми дастгирӣ, ҳавасмандгардонӣ ва кафолатҳои муассир барои ҷалб намудани захираҳои бахши хусусӣ ба татбиқи лоиҳаҳои шарикии давлат ва бахши хусусӣ | солҳои
2018-2020 |
Вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, Иттиҳодияи корфармоёни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон |
10. | Татбиқи пайдарҳами сиёсати кам кардани монеаҳои маъмурии пешбурди тиҷорат ва ташаккули низоми ҳамроҳии маъмурии лоиҳаҳои миёнаву калони сармоягузории бахши хусусӣ аз рӯи принсипи «равзанаи ягона»
|
солҳои
2018-2020 |
Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттиҳодияи корфармоёни Ҷумҳурии Тоҷикистон |
11. | Фароҳам овардани шароит барои сафарбар намудани захираҳои сармоягузорӣ ва баланд бардоштани самаранокии лоиҳаҳои сармоягузорӣ
|
солҳои
2018-2020 |
Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон |
12. | Баланд бардоштани сатҳи ҷолибияти иқтисодиёт барои сармоягузорон ва беҳтар намудани мавқеи кишвар дар рейтинги «Пешбурди соҳибкорӣ» аз рӯи нишондиҳандаҳои «Ҳимояи сармоягузорон» | солҳои
2018-2020 |
Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Вазоратҳои саноат ва технологияхои нав, рушди иқтисод ва савдо, кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ |
13. | Ташкил намудани мониторинги фазои сармоягузорӣ, ки на танҳо барои арзёбии натиҷабахшии кор вобаста ба ҷалби сармоягузориҳо, инчунин барои тағйир додани фарҳанги мавҷудаи маъмурӣ, ки дар он сармоягузор ҳоло ҳамчун субъекти камаҳамият ҳисобида мешавад, муҳим аст | солҳои
2018-2020 |
Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон |
14. | Рушди инфрасохтори фаъолияти сармоягузорӣ ва беҳтар намудани ҷолибияти сармоягузорӣ дар бахши истифодаи қаъри замин | солҳои
2018-2020 |
Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, вазоратҳои саноат ва технологияи нав, рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон |
15. | Истифодаи имкониятҳои нави сармоягузорӣ дар занҷираи арзиши иловашудаи тиҷорати кишоварзӣ дар кишвар | солҳои
2018-2020 |
Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, вазоратҳои кошварзӣ, рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон |
16. | Ташкил намудани фаъолияти самараноки институти ҳамкориҳои мутақобилаи сохторҳои тиҷоратӣ ва мақомоти ҳокимияти давлатӣ | солҳои
2018-2020 |
Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, вазоратҳои саноат ва технологияи нав, рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ |
17. | Мусоидат барои рушди соҳибкории инноватсионӣ, ташкил намудани технопаркҳо ва бизнес-инкубаторҳо | солҳои
2018-2020 |
Кумитаҳои давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттиҳодияи корфармоёни Ҷумҳурии Тоҷикистон
|
18. | Такмили низоми таҳсилоти миллии соҳибкорӣ барои омӯзиш ва тайёр намудани мутахассисони баландихтисоси рақобатпазир дар соҳаҳои гуногун мутобиқи талаботи иқтисоди бозаргонӣ ва стандартҳои байналмилалӣ
|
солҳои
2018-2020 |
Кумитаҳои давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ |
19. | Бо назардошти имконияти буҷет зиёд намудани ҳаҷми маблағҳои Фонди дастгирии соҳибкорӣ ва паст кардани меъёри фоиз
|
солҳои
2018-2020 |
Кумитаҳои давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ |
В. Дар соҳаи азнавсозӣ, ислоҳот ва устувор гардонидани иқтисодиёти миллӣ | |||
20. | Таҳия ва андешидани тадбирҳо оид ба дастгирии давлатии молистеҳсолкунандагони ватанӣ дар доираи меъёрҳои Созмони умумиҷаҳонии савдо
|
солҳои
2018-2020 |
Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ |
21. | Такмил додани заминаи меъёрии ҳуқуқии мусоидат ба содирот ва воридотивазкунӣ, ҳавасмандгардонии содироткунандагон
|
солҳои
2018-2020 |
Вазоратҳои адлия, рушди иқтисодод ва савдо, саноат ва технологияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон |
22. | Густариши ислоҳоти аграрӣ бо мақсади ташаккул ва иникшофи истеҳсолоти кишоварзии сердаромад
|
солҳои
2018-2020 |
Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон |
23. | Идомаи азхудкунӣ ва истифодаи самараноки иқтидори гидроэнергетикӣ тибқи амалӣ намудани Барномаи аз худ намудани манбаъҳои барқароршавандаи энергия ва сохтмони нерӯгоҳҳои хурди барқи оби барои солҳои 2016 – 2020 ва Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалӣ намудани лоиҳаҳои афзалиятнок дар соҳаи энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015 – 2020 ҳамчунин, таҷдиди нерӯгоҳҳои барқии обии мавҷуда ва сохтани нерӯгоҳҳои барқии обии нав
|
солҳои
2018-2020 |
Вазоратҳои энергетика ва хоҷагии об, саноат ва технологияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ |
24. | Баланд бардоштани самаранокии соҳаҳои коркарди маҳсулоти ватанӣ, воситаҳои асосӣ, технологияву таҷҳизот | солҳои
2018-2020 |
Вазоратҳои саноат ва технологияи нав, рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ |
25. | Баланд бардоштани самаранокии идоракунии комплекси сӯзишворию энергетикӣ ва таъмини дастрасии устувору баробари ҳамаи субъектҳои иқтисоди миллӣ ба захираҳои энергетикӣ
|
солҳои
2018-2020 |
Вазоратҳои энергетика ва хоҷагии об, саноат ва технологияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ |
26. | Рушди низоми миллии воридотивазкунии интихобӣ, пеш аз ҳама дар соҳаи комплекси агросаноатӣ (коркарди маҳсулоти меваю сабзавот ва зиёд кардани истеҳсоли он) | солҳои
2018-2020 |
Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон
|
27. | Вусъат бахшидан ба ҷараёни коркарди маъдан, тилло, нуқра ва сангҳои ороишӣ | солҳои
2018-2020 |
Вазоратҳои саноат ва технологияи нав, рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ |
28. | Тақвият бахшидани вазъи коркарди аввалияи ашёи хоми саноативу маҳсулоти кишоварзӣ | солҳои
2018-2020 |
Вазоратҳои саноат ва технологияи нав, рушди иқтисод ва савдо, кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ |
29. | Ҷорӣ намудани низоми стандартҳои байналмилалии сифат дар корхонаҳои саноатӣ | солҳои
2018-2020 |
Вазоратҳои саноат ва технологияи нав, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ |
30. | Бунёди корхона ва коргоҳҳои хурду миёнаи дӯзандагӣ, қолинҳои дастбофӣ, коркарди пашм, пӯст, пилла, меваю сабзавот ва масолеҳи сохтмонӣ | солҳои
2018-2020 |
Вазоратҳои саноат ва технологияи нав, рушди иқтисод ва савдо, кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ |
31. | Инкишофи барномаҳои шарикии давлат ва бахши хусусӣ дар истеҳсолоти кишоварзӣ | солҳои
2018-2020 |
Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ |
32. | Бо дарназардошти имконияти буҷети давлатӣ, такмил додани механизми андозбандии корхонаҳои кишоварзӣ | солҳои
2018-2020 |
Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттиҳодияи корфармоёни Ҷумҳурии Тоҷикистон |
33. | Таҳияи механизми пешниҳоди қарзҳои кӯтоҳмуҳлат, миёнамуҳлат, дарозмуҳлат ва қарзҳои имтиёзнок ба истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ, инкишофи кооперативҳои қарзӣ | солҳои
2018-2020 |
Боки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ |
34. | Бунёди истгоҳҳои моддию техникӣ дар заминаи Ассотсиатсияи хоҷагиҳои деҳқонӣ, рушди агролизинг, баланд бардоштани сатҳи механизатсияи истеҳсолоти кишоварзӣ
|
солҳои
2018-2020 |
Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон |
35. | Баланд бардоштани дараҷаи тиҷоратикунонии истеҳсолот, тавассути инкишофи малакаҳои маркетингӣ ва касбии кормандони соҳаи кишоварзӣ;
|
солҳои
2018-2020 |
Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон |
36. | Идомаи корҳо оид ба кашф ва азхудкунии захираҳои сӯзишвории органикӣ, зиёд кардани ҳаҷми истихроҷи ангишт ва истеҳсоли газ аз он дар асоси таҳия ва татбиқи барномаи мақсадноки инкишофи истихроҷ (аз ҷумла бо усули шахтагӣ) ва коркарди ангишт
|
солҳои
2018-2020 |
Вазоратҳои саноат ва технологияи нав, рушди иқтисод ва савдо, кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ |
37. | Таъмини дастрасии истеъмолкунандагон, новобаста аз категория, мансубияти минтақавиашон ва фасли сол, ба истифодаи нерӯи барқ дар асоси ворид намудани иқтидорҳои нав ва истифодаи самараноки иқтидорҳои ҷойдошта, инкишофи инфрасохтори энергетикӣ, аз ҷумла дар минтақаҳои таъмини ғайри марказонидашудаи барқ
|
солҳои
2018-2020 |
Вазорати энергетика ва хоҷагии об, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ |
38. | Таҳияи низоми чораҳо оид ба ҳавасмандгардонии сарфи энергия ва баланд бардоштани самаранокии энергетикии истеҳсолот
|
солҳои
2018-2020 |
Вазорати энергетика ва хоҷагии об, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ |
39. | Таҳияи маҷмӯи чораҳо оид ба баланд бардоштани ҷолибияти лоиҳаҳои сармоягузорӣ, ташаббусҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар бахши соҳибкории энергетикӣ | солҳои
2018-2020 |
Вазорати энергетика ва хоҷагии об, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ваидораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ |
I. Даромадҳо, музди меҳнат ва сатҳи зиндагии аҳолӣ | |||
40. | Зиёд намудани андозаи ҳадди ақали музди меҳнат, андозаи музди меҳнат | солҳои
2018-2020 |
Вазоратҳои меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, молия, рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шарикони иҷтимоӣ |
41. | Таъмини назорати давлатӣ ва ҷамъиятӣ аз рӯи пардохти саривақтии музди меҳнат дар ташкилоту муассисаҳо, новобаста аз шакли моликият | солҳои
2018-2020 |
Вазоратҳои меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ |
42. | Мунтазам бурдани корҳо оид ба солимгардонии молиявии ташкилотҳо, таъмин намудани фаъолияти безарари онҳо бо мақсади нигоҳ доштани шуғлнокии доимии кормандон ва баландшавии музди меҳнат | солҳои
2018-2020 |
Вазорати молия, вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ |
43. | Тибқи муқаррароти моддаи 144 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон индексатсия намудани музди меҳнат бо дар назардошти сатҳи таваррум | солҳои
2018-2020 |
Вазоратҳои меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ,вазорату идораҳо |
44. | Ҳамасола гузаронидани мониторинги моддаҳои 140 ва 143 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон | солҳои
2018-2020 |
Вазоратҳои меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ |
II. Ҳифзи иҷтимоӣ, кафолатҳо ва суғуртаи иҷтимоӣ | |||
45. | Баррасии меъёрҳои ҳадди ақали стандартҳои иҷтимоӣ оид ба пешниҳоди хизматрасониҳои иҷтимоӣ ба аҳолӣ | солҳои
2018-2020 |
Вазоратҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, меҳнат, муҳоҷиорат ва шуғли аҳолии ҶТ, Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон |
46. | Идомаи ҷорӣ намудани механизми таҷрибавии кумакҳои унвонии иҷтимоӣ ба оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат | солҳои
2018-2020 |
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон |
47. | Ҳамасола сари вақт ҷудо намудани маблағҳо барои таҳкими заминаи моддию техникӣ ва ба мавсими тобистона тайёр намудани лагерҳои солимгардонии кӯдакон, ки дар тобеият ё дар истифодаи иттифоқҳои касаба мебошанд | солҳои
2018-2020 |
Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шарикони иҷтимоӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ |
48. | Андешидани маҷмӯи тадбирҳо оид ба рушди заминаи иттилоотии низоми ҳифзи иҷтимоӣ, аз ҷумла дар соҳаи суғуртаи иҷтимоӣ ва таъминоти нафақа | солҳои
2018-2020 |
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шарикони иҷтимоӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ |
49. | Таҳия ва дар амал татбиқ намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи низоми нави таъминоти нафақа дар доираи ислоҳоти амалишаванда | солҳои
2018-2020 |
Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, |
50. | Ташаккули маҷмӯи ҳавасмандиҳо барои корфармоён ҷиҳати бо кор таъмин намудани шахсони маъюб дар бахши расмӣ | солҳои
2018-2020 |
Вазоратҳои меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, Иттиҳодияи корфармоёни Ҷумҳурии Тоҷикистон |
51. | Паҳн намудани иттилооти умумӣ оид ба маъюбӣ, ҳуқуқи шахсони маъюб, уҳдадориҳои давлат дар ин самт, ҳам дар байни мақомоти масъули ҳокимиятӣ ва ҳам дар байни табақаи васеи аҳолӣ | солҳои
2018-2020 |
Вазоратҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ |
52. | Андешидани маҷмӯи тадбирҳо ҷиҳати мусоидат ба сохтмони манзилҳои дастрас мутобиқи эҳтиёҷот ва талаботи аҳолӣ | солҳои
2018-2020 |
Кумитаи сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ |
53. | Нигоҳ доштани танзими давлатии нархҳо ба хизматрасонии коммуналӣ, газ, сӯзишворӣ, қувваи барқ, доруворӣ, молҳои зарурии аввалия ва маводи ғизоӣ ба аҳолӣ | солҳои
2018-2020 |
Вазоратҳои энергетика ва захираҳои об, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, меҳнат ва шуғли аҳолӣ, молия, рушди иқтисод ва савдо, нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти зиддиинҳисории назди ҲҶТ, КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» |
54. | Таъмин намудани сохтмони саривақтии иншооти соҳаҳои тандурустӣ ва маориф, аз он ҷумла муассисаҳои таълимии томактабӣ дар ноҳияҳо (маҳаллаҳо), шаҳрҳои аз нав сохташавандаи ҷумҳурӣ | солҳои
2018-2020 |
Кумитаи сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, вазорату идораҳои дахлдор |
55. | Таъмин намудани маблағгузории хароҷоти ҷории (ба ғайр аз хароҷоти асосӣ) соҳаҳои тандурустӣ ва маориф мувофиқи дурнамои нишондиҳандаҳо, вале на камтар аз ҳаҷми солҳои пешин | солҳои
2018-2020 |
Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон |
56. | Дар солҳои 2018-2020 нигоҳ доштани намудҳои кафолатноки ёрии тиббии ройгон барои аҳолии ҷумҳурӣ бе коҳишёби аз сатҳи солҳои пешин | солҳои
2018-2020 |
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон |
57. | Пешбинӣ намудани зиёдшавии меъёрҳои хароҷоти пулӣ барои хӯрок ба тарбиятгирандагон, хонандагон ва донишҷӯёне, ки дар муассисаҳои таълимии томактабӣ, таҳсилоти умумӣ ва ибтидоӣ касбӣ таҳсил мекунанд | солҳои
2018-2020 |
Вазоратҳои молия, маориф ва илм, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, Иттиҳодияи корфармоёни Ҷумҳурии Тоҷикистон |
58. | Бо риояи тартиби муайяншуда самаранок истифода намудани маблағҳои суғуртаи давлатии иҷтимоии 1,4 фоиза дар корхонаву ташкилотҳо новобаста аз шакли моликияташон, ҷиҳати харидории роҳхатҳои истироҳатгоҳҳои тобистонаи кӯдакон ва наврасон ба истироҳатгоҳҳо ва мавзеҳои истироҳатӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон. Иштироки корфармоён ва ташкилотҳои иттифоқҳои касаба дар паст кардани арзиши роҳхатҳои истироҳатгоҳҳо | солҳои
2018-2020 |
Вазорату идораҳо, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, вазорату идораҳо, Иттиҳодияи корфармоёни Ҷумҳурии Тоҷикистон |
59. | Саҳм гирифтани мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар маблағғузорӣ ва омода намудани истироҳатгоҳҳои тобистона ба мавсими қабул | солҳои
2018-2020 |
мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ |
60. | Маблағгузории саривақтии хароҷот оид ба омодагии касбӣ, такмили ихтисос ва бозомӯзии бекорон, аз ҷумла пардохти стипендия, пардохти корҳои ҷамъиятӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ барои шаҳрвандони бекоре, ки ба ҳифзи иҷтимоӣ эҳтиёҷ доранд | солҳои
2018-2020 |
Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, Иттиҳодияи корфармоёни Ҷумҳурии Тоҷикистон |
61. | Таъмини худмашғулияти аҳолии бекор ва таъсиси ҷойҳои иловагии корӣ барои фаъолияти илмию тадқиқотӣ оид ба масъалаҳои шуғл ва бозори меҳнат, маблағгузории тадбирҳои ҳамкории бозори меҳнат, рушди байналмилалӣ оид ба масъалаҳои шуғл ва бекорӣ | солҳои
2018-2020 |
Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ |
62. | Пардохти ҷубронпулӣ ба ивази роҳхатҳои истифоданашудаи муолиҷаи санаторию курортӣ ба маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ашхоси ба онҳо баробаркардашуда | солҳои
2018-2020 |
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон |
63. | Таҷдиди назар намудани тартиби пардохти кумакпулиҳои иҷтимоӣ барои корношоямии муваққатӣ, ҳомиладорию таваллуд ва кумакпулиҳои оилавӣ ба аъзои хоҷагиҳои деҳқонӣ ва соҳибкорони инфиродӣ, мутобиқ намудани андозаи чунин кӯмакпулиҳо ба саҳмгузории онҳо дар низоми суғуртаи давлатии иҷтимоӣ | солҳои
2018-2020 |
Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, Иттиҳодияи корфармоёни Ҷумҳурии Тоҷикистон |
64. | Татбиқи чораҳои ҳавасмандгардонӣ барои рушди соҳаи туризм, истироҳатгоҳҳо ва санаторияю профилакторияҳои ҷумҳурӣ | солҳои
2018-2020 |
Кумитаҳои рушди сайёҳӣ, ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон |
65. | Таҳия ва қабули Барномаи давлатии азнавсозии истироҳатгоҳҳои амалкунанда ва сохтмони истироҳатгоҳҳои нав | солҳои
2018-2020 |
Кумитаҳои рушди сайёҳӣ, ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шарикони иҷтимоӣ |
66. | Андешидани чораҳои зарурӣ дар доираи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иҷро намудани талаботи Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби роҳбарони ширкатҳои трансмиллӣ, корфармоёни хориҷӣ нисбати шаҳрвандони ҷумҳурӣ ва шаҳрвандони кирояи хориҷӣ дар самти бархӯрдор будан аз имтиёзҳои мавҷудаи иҷтимоӣ ва меҳнатӣ | солҳои
2018-2020 |
Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шарикони иҷтимоӣ |
III. Рушди бозори меҳнат ва мусоидат ба шуғли аҳолӣ | |||
67. | Такмил додани заминаи меъёрии ҳуқуқии ташаккули (дар навбати аввал дар сатҳи миллӣ ва пас аз он дар сатҳи минтақаҳо) низоми таҳлил ва пешгӯии бозори меҳнат | солҳои
2018-2020 |
Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шарикони иҷтимоӣ |
68. | Рушди инфарсохтори оморӣ барои таҳлил ва пешгӯии бозори меҳнат, пайваста гузаронидани тадқиқоти қувваи корӣ (бо дохил намудани маҷмӯи масъалаҳои алоқаи таҳсилот, шуғл ва даромадҳо), тадқиқоти корхонаҳо ва ташкилотҳо, пурсишҳо ҷиҳати бокортаъминкунии хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти касбӣ); | солҳои
2018-2020 |
Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, шарикони иҷтимоӣ |
69. | Ҷорӣ намудани низоми ҳисоботдиҳии фаврии баҳодиҳии ҳолати бозори меҳнат (ҳар семоҳа бо инъикоси равандҳои таъсис ва барҳам додани ҷойҳои корӣ, муҳоҷирати меҳнатии хориҷӣ ва дохилӣ) ба низоми таъминоти иттилоотии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ
|
солҳои
2018-2020 |
Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, шарикони иҷтимоӣ |
70. | Таҳия ва татбиқи Барномаи миёнамуҳлати мақсадноки мусоидат ба шуғли шахсони маъюб ва таъсиси гурӯҳҳои худёрирасон | солҳои
2018-2020 |
Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, шарикони иҷтимоӣ |
71. | Таҳияи Барномаи рушди худиштиғол ва корҳои хонагӣ (хонакорӣ)
|
солҳои
2018-2020 |
Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, шарикони иҷтимоӣ
|
72. | Татбиқи барномаҳои давлатӣ ва минтақавии мусоидат ба шуғли аҳолӣ бо додани афзалият ба чораҳои фаъоли сиёсати шуғл дар бозори меҳнат | солҳои
2018-2020 |
Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, шарикони иҷтимоӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ
|
73. | Роҳ надодан ба ивазшавии муносибатҳои меҳнатӣ, бо қарордоди шартномавии хусусиятҳои шаҳрвандию ҳуқуқидошта, барои иҷрои коре, ки бояд мувофиқи қонунгузорӣ дар бораи меҳнат дар асоси шартномаи меҳнатӣ амалӣ гардад
|
солҳои
2018-2020 |
Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шарикони иҷтимоӣ |
74. | Ёрӣ расонидан ба бекорон дар ташкили худиштиғолӣ, аз он ҷумла бо роҳи додани қарзҳои имтиёзнок | солҳои
2018-2020 |
Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ |
75. | Дар ҳаҷми пурра таъмин намудани дастгирии иҷтимоии бекорон, ки бо қонунгузорӣ пешбинӣ шудааст | солҳои
2018-2020 |
Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, |
76. | Татбиқи механизмҳои шарикии иҷтимоӣ дар бозори меҳнат (аз ҷумла барномаҳо оид ба ҳамкории ассотсиатсияҳои кордиҳандагон/соҳибкорон, иттифоқҳои касабаи соҳавӣ ва вазоратҳои соҳавӣ)
|
солҳои
2018-2020 |
Иттиҳодияи корфармоёни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон |
77. | Инкишофи низоми таъминоти иттилоотии мусоидат ба таъмини шуғл | солҳои
2018-2020 |
Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
|
78. | Андешидани тадбирҳо ҷиҳати аз байн бурдани иқтисодиёти пинҳон ва кам кардани ҳаҷми шуғли ба қайдгирифтанашуда | солҳои
2018-2020 |
Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, шарикони иҷтимоӣ |
IV. Ҳифзи меҳнат | |||
79. | Гузаронидани санҷиши шароит ва ҳифзи меҳнат, иҷрои уҳдадориҳои корфармоён оид ба ҳифзи меҳнат, ки бо қонунгузорӣ пешбинӣ гардидаанд | солҳои
2018-2020 |
Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шарикони иҷтимоӣ |
80. | Ба роҳ мондани назорати қатъӣ аз болои иҷрои моддаи 348 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муоинаи тиббӣ | солҳои
2018-2020 |
Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шарикони иҷтимоӣ |
81. | Дар ташкилоту муассисаҳо, новобаста аз шакли моликият пешбинӣ намудани маблағҳои зарурӣ барои амалигардонии чорабиниҳои ҳифзи меҳнат
|
солҳои
2018-2020 |
Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳо |
82. | Мавриди омӯзиш ва таҳлил қарор медиҳанд:
– Конвенсияи №102 «Дар бораи меъёри ҳадди ақалии таъминоти иҷтимоӣ»; – Конвенсияи №167 «Дар бораи бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат дар сохтмон»; – Конвенсияи №183 «Дар бораи ҳифзи модар». |
Солҳои
2018-2020 |
Вазоратҳои тандурустӣ ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шарикони иҷтимоӣ |
V. Ҳифзи ҳуқуқҳои муҳоҷирони меҳнатӣ | |||
83. | Таҳия ва ҷорӣ намудани низомҳои иттилоотии ҳамкории байнисоҳавӣ дар доираи идоракунии муҳоҷирати меҳнатии хориҷӣ | солҳои
2018-2020 |
Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон |
84. | Такмил додани низоми меъёрии ҳуқуқии ҳифзи муҳоҷирони меҳнатӣ
|
солҳои
2018-2020 |
Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон |
85. 94. | Фаъолгардонии саъю талошҳо оид ба таъмини ҳифзи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии муҳоҷирони меҳнатӣ ва оилаҳои онҳо, аз ҷумла ба воситаи созишномаҳои дутарафа доир ба ҷалби муташаккилонаи муваққатии шаҳрвандони кишвар ва таъминоти нафақавӣ | солҳои
2018-2020 |
Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон |
86. | Таҳияи маҷмӯи амалҳои ҳассоси гендерӣ оид ба омодасозии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо | солҳои
2018-2020 |
Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон |
87. 96. | Ташаккули махзани маълумоти талаботи соҳавӣ ва ҳудудии ҷумҳурӣ ва кишварҳои асосии воридкунандагони қувваи корӣ | солҳои
2018-2020 |
Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон |
88. 97. | Интишори боз ҳам васеъи маҷмӯи иттилооту маълумот оид ба ҳуқуқу уҳдадориҳо, шартҳо ва тартиби бақайдгирии муҳоҷирони меҳнатӣ дар кишварҳои асосии воридкунандагони қувваи корӣ | солҳои
2018-2020 |
Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон |
89. 98 | Андешидани тадбирҳо бо мақсади додани бартарият ба кормандони ватанӣ дар лоиҳаҳое, ки барои амалисозии онҳо ба мутахассисони хориҷӣ квота муқаррар гардидааст | солҳои
2018-2020 |
Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон |
90. 99. | Танзими муҳоҷирати меҳнатии дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ, пешгирии муҳоҷирати меҳнатии ғайриқонунӣ | солҳои
2018-2020 |
Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон |