Табрикоти раиси Шӯрои иттифоқои касабаи вилояти Суғд бахшида ба Рӯзи Модар

Модарони муҳтарам, бонувони азиз, хоҳарони гиромӣ !
 
Ҳоло ки мо дар остонаи яке аз ҷашнҳои зебову дилписанди сол –иди  Рӯзи  Модар – 8 — Март  қарор дорем, мехоҳам  ҳамаи  Шумо, кулли  модарон  ва занону  бонувони  иззатмандро  ба муносибати Рӯзи  модарон самимона табрик гуфта, ба  ҳар яки Шумо пеш аз ҳама  саломативу  хушбахтӣ,  рӯзгори  пурсаодат, хонадони  ободу  осуда  ва  тамоми   хушиҳои   зиндагиро   орзу намоям. 

Воқеан ба оғози фасли баҳор рост омадани иди занон рамзи шукуфоӣ ва мазҳари зебоӣ буда, озодагиву нафосат, сарсабзиву таровати онро дучанд меафзояд. Ба ибораи дигар, агар нури офтоб ҷаҳонро хуррамӣ бахшад, пас зан – модар бо меҳру муҳаббат ва раҳму шафқати хеш сарчашмаи зиндагӣ ва гармии ҳар як хонавода аст.
 
Дар ситоиши зан – модар то имрӯз ҳазорон асари саршор аз меҳру муҳаббат эҷод гардида, симои зани тоҷик ҳанӯз дар аввалин китобҳои мардуми куҳанбунёди мо ҳамчун фарди озоданаҷоду озодихоҳ, зебову зебоипараст, донишманду фарҳангдӯст, диловару Гурдофарид, ватандору ватанпараст ва ҳунарманду кадбону тасвир ёфтааст. 
 
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати қадру манзалати зан чунин қайд кардаанд: «Модар  азизтарин   вуҷуди  рӯйи  замин мебошад ва зиндагӣ  аз нафаси  гарму  дилнавози  ӯ оғоз мегардад. Зан – модар сарчашмаи  меҳру вафо,  олиҳаи   зебоӣ, рамзи  ишқи  ҷовидонӣ, нахустин  мураббӣ  ва  муаллими  фарзанд мебошад.  Зеро   тору  пуди модарон  аз риштаи   меҳру   садоқат   ришта  шудааст. Худованд ба  Зан- модар  қудрате  ато  намудааст, ки  офарандаи зиндагӣ  ва  чароғи  ҳар  хонадон бошад».
 
Модарону хоҳарони гиромӣ!
 
Бори дигар ҳамаи Шумоёнро бо фасли шукуфтанҳо, бо фарорасии Рӯзи модар таҳният гуфта, таманно менамоям, ки ҳамеша саломату сарафроз ва хонаободу хушбахт бошед!
 
Итминони комил дорам, ки бо раҳнамоиву дастгирии Сарвари кишвар сатҳи зиндагӣ ва шароити зиндагиву кории занону духтарон дар кишвар беҳтару хубтар мегардад, ки барои ин иродаву матонати Ҳар яки Шумо модарону хоҳарони арҷманд низ басо муҳим аст.
 
 Рӯзи Модар муборак бошад!

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *