Семинари дастурдиҳӣ

Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд дар ҳамкорӣ бо раиси Шӯрои ҳамоҳангсозии иттифоқҳои касабаи ноҳияи Ҷ.Расулов Усто Устопиров  санаи 12 феврали соли 2020  дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов  семинари омӯзиши баргузор намуд.

Дар семинар  раисони иттифоқи касаба, сармуҳосибон, мудирони шуъбаҳои кадрҳо ва фаъолони иттифоқи касабаи соҳаҳои комплекси агросаноатӣ, маориф, тандурустӣ, сохтмон, фарҳанг, сохтори давлатӣ ва кормандони дигар корхонаҳои хусусии ноҳия ҷамъ  210  иштирок намуданд.

Сараввал Қудратзода Тоҳир Толибӣ – раиси ноҳия ба кори семинар ҳусни оғоз бахшида, меҳмононро ба иштирокчиёни семинар шинос намуда, ба кори семинар бурдборӣ  таманно намуд.

Инчунин дар кори семинар муовини аввали раиси ноҳия Дадоҷонов Файзулло иштирок дошт.

Дар  семинар се масъала  мавриди омӯзиш ва таҳлил қарор дода шуд.

1.Талаботҳои Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои шартномаи меҳнатӣ, шартномаи коллективӣ ва намудҳои рухсатиҳои меҳнатӣ

  1. Талаботхои моддаҳои 327-364-и Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди ҳифзи меҳнат ва стандартҳои ягонаи давлатӣ 12.0.00.4-15 оиди дастурдиҳиҳои: муқаддимавӣ, аввалин, такрорӣ, мақсаднок, ғайринақшавӣ ва таҳия намудани Низомномаи Хадамоти ҳифзи меҳнат
  2. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №630 аз 14 октябри соли 2014 «Тартиб ва шартҳои пардохти кӯмакпулиҳо ҳангоми корношоямии муваққатӣ, ҳомиладорию таваллуд ва кӯмакпулиҳои оилавӣ»

Аз руи масъалаи якуми барномаи семинар Бузуруков Иномхӯҷа – мудири шуъбаи ҳуқуқи Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд баромад намуда, оиди бастани шартномаи меҳнатӣ байни корфармо ва корманд, уҳдадориҳои тарафҳо, муҳлати шартномаи меҳнатӣ, дар бораи бастани шартномаи коллективӣ байни маъмурият ва кумитаи иттифоқи касаба, оиди масъалаи собиқаи корӣ, намудҳои рухсатиҳо ва оиди таҳия намудани лоиҳаи фармоиши корфармо ва якчанд моддаҳои Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуд.

Аз рӯи масъалаи дуюми барнома Тӯраев Баҳоваддин –  сармутахассиси шуъбаи ҳуфзи меҳнати  Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилоят баромад намуда, оиди таъмини ҳифзи меҳнат, масъалаҳои аттестатсияи ҷойҳои корӣ, гузаронидани омӯзишҳо оид ба бехатарии меҳнат дар ҷои кор, омӯзишҳои муқаддимавӣ, ташкили Хадамоти ҳифзи меҳнат ё таъсиси вазифаи мутахассис оид ба ҳифзи меҳнат, дар бораи тартиби гузаронидани тафтиш ва ба ҳисобгирии ҳодисаҳои нохуш дар истеҳсолот ва бемориҳои касбӣ, аз муоинаи тиббӣ гузаронидани кормандон ва ғайраҳо гуфта гузашт.

Аз рӯи масъалаи сеюми барнома Саидюсуф Авзалов – нозири ҳуқуқи меҳнати Кумитаи иттифоқи касабаи Комплекси агросаноатии вилоят баромад намуда, дар бораи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон №630 аз 14 октябри соли 2014 «Тартиб ва шартҳои пардохти кӯмакпулиҳо ҳангоми корношоямии муваққатӣ, ҳомиладорию таваллуд ва кӯмакпулиҳои оилавӣ» баромад намуд.

Сипас байни иштирокдорон ба баромадкунандагон саволу ҷавоб баргузор гардида, оиди масъалаҳои рухсатиҳо, рухсатии бемузд, дар бораи пур кардани китобҳои бақайдгирии бехатарии меҳнат ва намудҳои кӯмакпулиҳои иҷтимоӣ иштирокдорон саволҳо дода, ки аз тарафи мутахассисони Шӯро ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.

Семинари дастурдиҳӣ дар сатҳи баланди касбӣ гузашт ва писанди иштирокдорон буд. Иштирокчиёни семинар бо истифода аз таҷрибаи тӯлонии фаъолият дар иттифоқҳои касабаи мухталиф нисбати масъалаҳои матраҳшуда изҳори ақида намуданд.

Дар фарҷоми семинари дастурдиҳӣ Усто Устопиров – раиси Шӯрои ҳамохангсозии иттифоқҳои касабаи ноҳияи Ҷаббор Расулов  миннатдории хеш ва иштироккунандагони семинарро ба Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилоят  баён намуд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *