Баргузории Пленуми Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд

Дирӯз дар толори калони Иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд Пленуми навбатии Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд бо иштироки аъзоёни Пленум, раисони кумитаҳои соҳавии вилоятӣ, нозирони ҳифзи меҳнат, нозирони ҳифзи ҳуқуқи кумитаҳои вилоятии соҳавӣ, раисони Шӯрои ҳамоҳангсозии иттифоқҳои касабаи шаҳру ноҳияҳо, раисони кумитаҳои шаҳриву ноҳиявӣ ва раисони озоди ташкилотҳои ибтидоии иттифоқи касаба баргузор гардид.

Дар Пленум ду масъала: Дар бораи паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2019 «Дар бораи самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ» ва ҷамъбасти фаъолияти Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд дар соли 2019 ва вазифаҳо барои соли 2020 баррасӣ гардид.

Пленумро раиси Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд Шарифулло Абдуллозода  ифтитоҳ намуда, зикр кард, ки Пленуми навбатии мо дар партави Паёми навбатии Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор мегардад ва дастуру супоришоти Сарвари давлат раҳнамои мо дар расидан ба мақсадҳои олӣ хоҳад буд. Мавсуф –идома дод, ки Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари таҳлили ҳамаи самтҳои хоҷагии халқи кишвар масъалаи маънавияти ҷомеаро фарогир буд, ки он ҳамчун чароғи нурбахши фардои миллат шоистаи эхтиром ва эътимоди мардуми Тоҷикистон аст.

Гузашта аз ин дар поёни соли 2019 мулоқоти Пешвои муаззами миллат бо фаъолони Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон ба мову Шумо нерӯи тоза бахшид ва марҳалаи наверо дар рисолати таърихии Иттифоқҳои касаба оғоз бахшид. Ҳамчунин Иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд дастгирии доимии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати вилояти Суғд шахсан Раиси вилоят муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзодаро эҳсос менамояд ва ҳамкориҳо дар сатҳи нави муосир қарор дорад.

Сипас маърӯзаи муовини аввали раиси Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд Обидзода Нумон Юлдошӣ оиди фаъолияти Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд дар соли 2019 ва вазифаҳо барои соли 2020 шунида шуд. Дар маърӯза тамоми паҳлуҳои фаъолияти кумитаҳои иттифоқҳои касаба бо бурду бохташ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт. Пас аз маърӯза раиси Шӯрои Иттифоқҳои касаба Шарифулло Абдуллозода тариқи саволу ҷавоб бо раисони кумитаҳои соҳавии вилоятӣ ва дигар шахсони масъул оиди фаъолият ва норасогиҳои ҷойдошта пурсиш ба амал овард ва дастуроти хешро дар ҳаллу фасли масъалаҳо иброз кард.

Муовини раиси Федератсияи Иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Файзизода Исмоил Назрӣ баромад намуда оид ба масъалаҳои ҳалталаби рушди минбаъдаи Иттифоқҳои касаба ибрози назар кард. Мавсуф қайд намуд, ки нисбати фаъолияти Иттифоқҳои касаба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамоянд ва ба мо ҳамчун қувваи созандаву пешбарандаи ҷомеа эътимоду боварӣ доранд. Махсусан мулоқоти Сарвари давлат бо роҳбарон ва фаъолони Иттифоқҳои касабаи кишвар ба марҳалаи нави фаъолияти густурда ва пурвусъати ин соҳа, ки аҳли меҳнати ҷумҳуриро ба ҳам овардааст, оғоз бахшид.

Ҳамчунин Файзизода И.Н. барои пешрафти фаъолият пешниҳодҳои мушахасси худро иброз дошт, аз ҷумла дастур дод, ки оиди вохӯрии хотирмон, ки бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки санаи 24 октябри соли 2019 бо фаъолони Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон баргузор гардид, дар бинои Шӯрои иттифоқҳои касаба ва ташкилоту муассисаҳо гӯша аз ин вохӯрӣ ташкил карда шавад.

Ҳамчунин оиди пурзӯр намудани фаъолият дар самти таъмини бехатирии меҳнат дар ҷои кор,  таъмини ҳифзи иҷтимоӣ ва манфиатҳои ҳуқуқии кормандон, ҳамчунин оиди эҳёи ташкилотҳои нав дар корхонаҳое, ки иттифоқи касаба надоранд, пешниҳодҳои ҷолиб баён намуд.

Намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Набиев Мирзотоҳир Сайфиддинович салому дуруди Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзодаро расонида, аз ҳамкории судманди Шӯрои Иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ҳарф зад. Ӯ гуфт, ки заминаи ҳамкориҳо аз сиёсати дурбинонаи Пешвои миллат оғоз мешавад. Зеро Сарвари давлат ба фаъолияти имрӯзаи ин ташкилот баҳои арзанда дода, зикр намуданд, ки имрӯзҳо Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон вазифаҳои қонунии худро ҳамчун ҳомии ҳуқуқу манфиатҳои аҳли заҳмат амалӣ гардонида истодааст. Боварии Пешвои миллат дар ин маврид нисбати ин ташкилот равшан ифода мегардад, зеро фаъолияти Иттифоқҳои касаба дар кишвар ба ҳайси ташкилоти ҷамъиятӣ ба санадҳои қонунгузорӣ асос ёфта, назорати ҷамъиятии риояи қонунгузории меҳнат маҳз ба дӯши ин ниҳод вогузор шудааст.

Дар Пленум чанд нафар фикру андешаҳои худро баён карданд ва Пленум оид ба масъалаҳои баррасӣ шуда қарорҳои дахлдор қабул намуд.

Дар анҷоми Пленум як қатор кормандони фаъол ва раисони кумитаҳои соҳавии вилоятӣ бо Ифтихорномаҳои Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд қадр гардиданд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *