ҶАМЪБАСТИ МУСОБИҚАИ ВОЛЕЙБОЛ ДАР ДДҲБСТ

Давоми ду рӯз дар толори варзишии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон мусобиқаи кушоди ҷумҳуриявӣ оид ба намуди волейбол доир гардид. Мусобиқаи мазкур санаи 21-уми январ ҷамъбаст шуда, ғолибон муайян ва қадршиносӣ шуданд.

Дар даври ниҳоии мусобиқа дасатаҳои ДДҲБСТ ва Донишгоҳи Славянии Тоҷикистону Русия бо ҳам рақобат намуданд. Бо шикаст додани ҳариф дастаи Донишгоҳи Славянии Тоҷикистону Русия соҳиби ҷои аввал ва ҷоми мусобиқа гардид. Дастаи мизбон тими ДДҲБСТ сазовори ҷойи дуюм, дастаи Ашт-2 ба гирифтани мақоми сеюм ва дастаи волейболбозони Истаравшан сазовори ҷойи чорум гардиданд.
Ба дастаҳои ғолиб туҳфаву сипосмномаҳо ва маблағҳои пулӣ, ҳамчунин ба гирандагони ҷойҳои ифтихорӣ дар ҳаҷми 3000, 2000 ва 1000 сомонӣ аз ҷониби Раёсати ДДҲБСТ, ҲХДТ дар вилояти Суғд ва Кумитаи иттифоқи касабаи маорифи вилоят тақдим карда шуд.

Зимни ҷамъбасти мусобиқа ректори ДДҲБСТ, сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд Мирзоқосим Каримзода ва раиси Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони соҳаи маориф ва илми вилоят Мӯсобек Мираватов иштирок ва баромад намуданд.

Ёдовар мешавем, ки дар мусобиқаи кушоди ҷумҳуриявӣ оид ба намуди волейбол 18 даста: МДМВ №3-и ш.Хуҷанд, дастаи ноҳияи Ашт-2, тими ноҳияи Ҷ.Расулов, Ашт-3, Ашт-1, Донишгоҳи кӯҳӣ-металургии шаҳри Бӯстон, ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров, Донишгоҳи Славянии Тоҷикистону Русияи шаҳри Душанбе, дастаи ноҳияи Б.Ғафуров, ноҳияи Спитамен, шаҳри Истаравшан, ДИС ДДТТ, дастаи ДПДТТ, Факултети чоруми ВКД, ДДҲБСТ ва тими Коллеҷи омӯзгории шаҳри Хуҷанд иштирок ва байни ҳам рақобат намуданд.

Мусобиқаи мазкур бо мақсади оммавигардонии соҳаи варзиш, тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим, омодасозии варзишгарони касбӣ ва мустаҳкам намудани муносибатҳои дӯстӣ роҳандозӣ гардид.

 

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *