ПАЁМ РАҲНАМОИ ЗИНДАГӢ

Бо ташаббуси Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони сохтмон ва саноати масолеҳи масолеҳи бинокории вилоят санаи 15 январи соли 2020 дар толори Шӯрои иттифоқи касабаи вилояти Суғд мулоқоту вохӯрӣ баҳри тарғибу ташвиқи нуқтаҳои асосии  Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2019, баргузор гардид. Дар ин чорабинӣ намояндагони ташкилотҳои сохтмонии вилоят, лоиҳакашону собиқадорони соҳа, намояндагони корхонаҳои истеҳсоли масолеҳи бинокорӣ ва фаъолони иттифоқи касабаи соҳаи сохтмон иштирок намуданд.

Вохӯриро раиси Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони сохтмон ва саноати масолеҳи бинокории вилояти Суғд Исоев Абдумубин Аскарович ифтитоҳ намуда,  меҳмононро хайрамақдам гуфт.

Баъдан шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд Юнусов Музаффар Ғайбуллоевич вобаста ба нуқтаҳои муҳими Пешвои миллат баромад намуда таъкид дошт, ки Паёми Пешвои муаззами миллат раҳнамои хубе барои фаъолияти ҳар фарди тоҷикситонӣ ба ҳисоб  меравад.

Устоди Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Каримов Равшан Абдукаримович низ доир ба самтҳои асосии Паёми миллат баромад намуд. Мавсуф аз ҷумла афзуд, ки воқеъан Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати милли Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти минбаъдаи тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, фарҳагӣ ва хусусан соҳаи сохтмонро муайн намуд.

Дар вохӯрӣ инчунин иштирокдорон низ ҷонибдории худро ба сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат ва Ҳукумати кишвар баён доштанд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *