ПАЁМ МУҲИМТАРИН БАРНОМАИ СОЗАНДА

Имрӯз дар асоси нақшаи кории кумитаи иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми вилояти Суғд дар толори маҷлисгоҳи Гимназияи №4-и шаҳри Хуҷанд вохӯрии Раиси Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони мориф ва илми вилояти Суғд Мӯсобек Мироватов бо раисони ташкилотҳои ибтидоии иттифоқи касабаи муассисаҳои соҳаи маорифи шаҳри Хуҷанд ва азъоёни фаъоли он оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид.

Дар рафти вохӯри Раиси Кумитаи вилоятӣ қайд намуд, ки сол аз сол маблағгузории соҳаи маориф зиёд гардида, муассисаҳои наву замонавӣ сохта мавриди истифода қарор мегиранд. Худи ҳамин сол 130 муассисаи таҳсилоти умумӣ бо зиёда аз 32 ҳазор ҷойи нишаст сохта ба истифода дода шудааст, ки ин далели гуфтаҳои болост.

Ҳамчунин қайд гардид, ки Паёми навбатии Пешвои муаззами миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки имсол дар рӯҳияи баланди созандагӣ, бунёдкорӣ ва даъвати ҷомеаи кишвар ба бунёди давлати миллӣ ҷараён гирифт, муҳимтарин самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ, инчунин ҳадафҳои давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистонро дар дарозои даҳсолаи оянда ба шоистагӣ муқаррар намуд.

Инчунин раисони ташкилотҳои ибтидоии иттифоқи касабаи МТМУ №21 Агзамова Мунирахон, мактаби хусусии «Гулчини марифат» Маҳмудова Мусабехон, омӯзгори МТМУ №9 Халичахон Асимова ва Раиси Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони маорифи шаҳри Хуҷанд Ғафурҷон Дадобоев фикру мулоҳизаҳои хешро баён доштанд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *