РАЁСАТИ ШӮРО БАРГУЗОР ГАРДИД

Дирӯз дар толори Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд Раёсати Шӯро баргузор гардид. Дар он тамоми аъзоёни Раёсат ширкат доштанд. Раиси Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд Шарифулло Абдуллозода Раёсатро ифтитоҳ намуда, ҳозиронро бо рӯзномаи Раёсат шинос намуд.

Дар оғоз Раёсати Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилоят  қарори Пленуми Кумитаи иттифоқи касабаи коркунони сохтмон ва саноати масолеҳи бинокории вилоят  вобаста ба пешбарӣ намудани номзадии Исоев А.А. ба аъзои Раёсати Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд мавриди баррасӣ қарор гирифта, баъди ба овозгузорӣ аз ҷониби аъзоён пазируфта шуд.

Раиси Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилоят- Шарифулло Абдуллозода вобаста ба дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паём ба Маҷлиси Олӣ баён гардиданд, ҳарф зад. Мавсуф аз ҷумла афзуд, ки дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат барои сокинони кишвар барномаи минбаъдаи фаъолият маҳсуб меёбад. Мо низ дар фаъолиятим худ мекӯшем то тамоми нуктаҳои Паёми Пешвои миллатро дар амал тадбиқ намоем.

Ҳамчунин дар ҷаласаи мазкур рафти қарори Шӯрои Генералии Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон №34/1 аз 26.11.2019 “Дар бораи Нақшаи чорабиниҳо оид ба дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар вохӯрӣ бо фаъолони Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон 24 октябри соли 2019 баён доштанд» мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дар ҷаласа рафти иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12.11.2016, №776 “Дар бораи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020” шунида шуда, мавриди муҳокима қарор гирифт.

Хамчунин дар чаласаи мазкур рафти иҷрои қарори Раиси вилояти Суғд №419 аз 09.10.2019. «Дар бораи тасдиқи нақшаи чорабиниҳои «Барнома оид ба паст кардани сатҳи шуғли бақайдгирифтанашуда (ғайрирасмӣ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2023» дар вилояти Суғд» мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Рафти иҷрои қарори мазкур аз ҷониби Раиси Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилоят Шарифулло Абдуллозода мавриди таҳлил қарор гирифта, ба масъулин ҷиҳати иҷрои саривақтии қарори Раиси вилояти Суғд дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Тибқи рӯзнома дар рафти Раёсат масъалаҳои тасдиқи буҷети Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд барои соли 2020, нақшаи кории Шӯро барои нимсолаи аввали соли 2020  ва масъалаи даъвати Пленуми Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд баррасӣ гардида, вобаста ба  масъалаҳои мазкур қарорҳои дахлдор қабул гардид.

Дар охир аъзоёни Раёсат фармоишотҳои раиси Шӯро, ки дар нимсолаи дуюми соли 2019 ба имзо расида  буд, тасдиқ намуданд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *