Табрикоти Раиси Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд ба муносибати Соли нави милодӣ

Ҳамаи Шумоёнро ба муносибати фарорасии Соли нави милодии 2020 сидқидилонаву самимона шодбош гуфта, ба хонаводаи ҳар як фарди меҳнатқарини кишвари маҳбубамон оромиву осоиш, файзу баракат, ҳамдигарфаҳмиву рафоқатро таманно менамоям.

Соли рафтаистодаи 2019 барои ҳар тоҷику тоҷикистонӣ соли нусрату ободӣ, пешрафту муваффақиятҳои назаррас буд. Таҷлили ҷашнҳои пуршукуҳи миллат, аз ҷумла 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 22-солагии Ваҳдати миллӣ дар қалбҳои сокинони мамлакат ҳисси ватандӯстӣ, ифтихори миллиро бедор намуда, итминонашонро ба ояндаи дурахшон қавитар гардонид.

Баргузор гардидани мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолони Иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон аз ғамхориву дастгириашон нисбати ҳар як фарди меҳнаткаши мамлакат башорат медиҳад.

Аз суханронӣ ва мулоқоти гарму самимии Пешвои муаззами миллат кулли кормандони Иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд нерӯ ва илҳоми тоза гирифта, минбаъд баҳри тақвияти фаъолият дар соҳа камари ҳиммат бастанд.

Таманнои онро дорам, ки Соли нав барои мардуми кишвар соли таҳкими дастовардҳо, рушди минбаъдаи давлатдории миллӣ, соли пурфайзу бобарор дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа гардад ва диёри моро ҳамеша шодмониву шодкомӣ раҳнамоӣ кунад.

Бигзор Тоҷикистони азиз бо сарварии Пешвои муаззами миллат гул-гул шукуфон бошад.

Соли нави милодӣ муборак!

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *