ПЛЕНУМ ВА РАЁСАТИ НАВБАТИИ КУМИТАИ ИТТИФОҚИ КАСАБАИ КОРМАНДОНИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ВИЛОЯТИ СУҒД

Санаи 23.12.2019с тибқи нақшаи корӣ дар толори Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд Пленуми навбатии Кумитаи вилоятии маориф ва илм бо ду масъалаи асосӣ ва масъалаҳои ҷорӣ ба кори худ оғоз намуд. Дар кори он Раиси Кумитаи вилоятӣ Мӯсобек Мироватов, раисони Кумитаҳои иттифоқи касабаи маорифи шаҳру ноҳияҳо, муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ иштирок намуданд.

Нахуст Мӯсобек Миравотов ба аъзоёни Пленум дар бораи бурду бохти фаъолияти Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми вилояти Суғд дар соли 2019 маърӯза намуд. Ҳамчунин дар Пленум ҳисоботи комиссияи назоратӣ- тафтишотӣ шунида шуд. Қайд гардид, ки дар соли 2019 аз ҷониби ташкилотҳои иттифоқи касабаи маорифи вилоят зиёда аз 1600 нафар омӯзгорону кормандони соҳаи маориф ба истироҳату фароғат ҷалб гардидаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 267 нафар зиёд мебошад. Инчунин дар давраи ҳисоботӣ бо мақсади татбиқи қарори Шӯрои генералии Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон аз 18 январи соли 2019, №ШГ 28/5 ва қарори Пленуми Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26.02.2019, № 1/1-4 дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд маҷлисҳои ҳисоботию интихоботӣ баргузор гардида, ба ҳолати 22 декабри соли ҷорӣ 98,5% раисони ташкилотҳои ибтидоӣ аз нав интихоб гардидаанд.

Ҳамчунин давоми рӯз тибқи нақшаи кории Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми вилоят Раёсати навбатии Кумита бо 3 масъалаи асосӣ ва масъалаҳои ҷорӣ баргузор карда шуд. Тибқи рӯзномаи раёсат масъалаи якум “Роҳандозии фармони вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 ноябри соли 2004, таҳти рақами 844 “Оид ба ташкили ҳифзи меҳнат ва техникаи бехатарӣ дар системаи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар ноҳияҳои Мастчоҳ ва Ашт”, “Дар бораи тасдиқи нақшаи кории Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми вилояти Суғд барои соли 2020” ва “Дар бораи расонидани кӯмаки моддӣ ба аъзоёни иттифоқи касаба”  иборат буданд. Пас аз муҳокима ба ҳамаи масъалаҳои зикргардида қарорҳо аз ҷониби аъзоёни Раёсати Кумитаи вилоятӣ қабул карда шуданд.

Раиси Кумитаи вилоятӣ қайд намуд, ки минбаъд низ Раисони Кумитаҳои иттифоқи касабаи кормандони маорифи шаҳру ноҳияҳо дар ҳимояи манфиатҳои иқтисодиву иҷтимоии омӯзгорон ва кормандони соҳа тамоми ҷидду ҷаҳд менамоянд.

Дар охир ба чанде аз фаъолони соҳа маблағҳои пулӣ тақдим карда шуд.

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *