ТАБРИКОТИ РАИСИ ШӮРОИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБАИ ВИЛОЯТИ СУҒД БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН 

Ҳамкасбони азиз!

Имсол дар кишвари соҳибистиқлоли мо ҷашнҳои бузурги миллӣ аз ҷумла 28 –солагии Истилолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 24 –солагии рӯзи қабули Конститутсия бо шукӯҳу шаҳомат таҷлил гардид. Дар ин росто Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз санаҳои фархудаву ҷашни муқаддас маҳсуб меёбад.

Бо камоли саодат ҳамаи Шумоёнро аз номи Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суд бо Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сидқан шодбош гуфта, бароятон саодати зиндагӣ, пирӯзиву комгорӣ ва муваффақиятҳои беназирро орзу менамоям.

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи сулҳу субот ва соҳибихтиёрии кишвари маҳбуб ба шумор рафта, маҳз бо ҷидду ҷаҳди беандозаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикстон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар мамлакатамон баландтарин «Парчам» дар тамоми ҷаҳон қомат афрохтааст. Маҳз бо ташаббусҳои созандаи Пешвои муаззами миллат Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар созмонҳои бонуфузи дунё парафшон мегардад.

Парчами давлатӣ нишонаи соҳибдавлативу соҳибистиқлолӣ ва якпорчаигии кишвари азиз маҳсуб меёбад. Муҳаббат ба ин муқаддасоти миллӣ ва гиромидошти он аз ҳисси баланди ватандориву меҳанпарастӣ дарак медиҳад.

Бори дигар кулли кормандонро ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрику муборакбод намуда, орзуи онро дорам, ки доимо Парчами Тоҷикистон дар фазои сулҳу  ваҳдату ҳамдилӣ парафшон бошад.

Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак ҳамкасбони азиз!

Бо эҳтиром, Раиси Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд                    Ш.Абдуллозода

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *