СЕМИНАРИ ОМӮЗИШӢ БАРГУЗОР ГАРДИД

Бо мақсади баланд бардоштани маҳорати касбӣ, беҳтар ба роҳ мондани фаъолияти иттифоқҳои касабаи соҳавӣ дар самти баррасии муроҷиати шасхони воқеъӣ ва ҳуқуқӣ ва ҳуҷҷатгузории муроҷиатҳо, инчунин оиди беҳтар намудани фаъолияти  коргузорӣ  санаи 08.11.2019 дар толори Шӯрои Иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд бо иштироки раисон ва мутахассисони кумитаҳои соҳавии вилоятӣ семинари омӯзишӣ баргузор гардид.

Семинарро иҷоркунандаи вазифаи роҳбари дастгоҳи Шӯрои Иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд М.Аббосова ифтитоҳ намуда доир ба ҳадафҳои асосии баргузории семинар ҳарф зад.

Баъдан мудири шуъбаи ҳуқуқи Шӯрои Иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд Бузруков И.О. вобаста ба иҷроиши Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиати шахсони воқеъи ва ҳуқуқӣ» ва Тартиби коргузорӣ ва баҳисобгирии оморӣ оид ба муроҷиати шахсони воқеъи ва ҳуқуқӣ, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1.06.2017, №276 тасдиқ гардидааст, маърӯза намуд.

Мавсуф аз ҷумла афзуд, ки бояд дар ин масъала корбариро ҳар чӣ хубтар ба роҳ монда, ба ҳар як муроҷиати шахсони шахсони воқеъӣ  ва ҳуқуқӣ вобаста ба ҳалшавии масъала аз 15 то 30 рӯз ҷавоб гардонида шавад.

Инчунин М. Аббосова баромад намуда, дар самти  ҳуҷҷатгузорӣ, тарзи дурусти корбарӣ бо дафтарҳои баҳисобгирии омории муроҷиатҳои хаттии шахсони воқеӣ, баҳисобгирии омории мурҷиатхои хаттии шахсони ҳуқуқӣ,  баҳисобгирии омории муроҷиатҳои электронӣ ва баҳисобгирии омории муроҷиатҳо тавассути алоқаи телефонӣ (мобилӣ) ба иштирокдорон қайд намуд.

Дар қисми дуюми семинар оиди коргузорӣ дар ташкилотҳои ҳамузви Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилоят тибқи талаботи Дастурамали коргузорӣ, ки бо қарори Шӯрои Генералии Федератсияи Иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон аз 08.09.2017 таҳти №ШГ23/1 «п» тасдиқ гардидааст, мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Иштирирокдорони семинари мазкур ба саволҳои худ аз ҷониби бармомадкунандагон ҷавобҳои мушаххас гирифтанд. Дар ҷамъбасти семинар ба  кумитаҳои соҳавӣ дафтарҳои қайди муроҷиат ва дигар маводҳои чопи  дастрас гардид.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *