ФАРИШТАИ ҲАЁТ

Ба ифтихори 75-солагии зодруз

…Офтоби зиндагонӣ зан бувад,

Номи ӯ бояд ба тоҷи маҳ занӣ…

Оре, зан офарандаи зебоист ва бо ҳастии офтобии худ зиндагиро фурӯғ бахшида дилҳоро ба зиндагӣ гарм месозад. Зан модар бо як даст гавҳора ва бо дасти дигараш дунёро такон медиҳад. Модар сарчашмаи покиву раҳнамо ба сӯи хубиву покизагист.

Имрӯзҳо занони тоҷик дар тамоми соҳаҳои мухталифи ҷомеа кору фаъолияти пурсамар намуда, барои насли оянда намунаи ибрат ҳастанд Занон ба ҷуз рисолати зан – модар аз ӯҳдаи тамоми вазифаҳои вобаста ба касби хеш бо сарбаландӣ баромада аз худ нақши созандае ба ёдгор мегузоранд.

Муҳиба Мансуровна 5-уми ноябри соли 1944 дар оилаи хизматчиӣ дар шаҳри Хуҷанд ба дунё омадааст. Баъди хатми мактаби миёна таҳсилашро дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистонба номи Абуалӣ ибни Сино (солҳои 1963-1969) идома дода, соҳиби ихтисоси тибиби муолиҷавӣ мегардад. Пас ба шаҳри Хуҷанд баргаштан ҳамчун духтури пӯст фаъолияташро оғоз мекунад. Соли 1971 дар Шӯрои иттифоқи касабаи вилояти Суғд ҳамчун духтури боваринок хизмат мерасонад. Фаъолияти меҳнатиаш аз ҳамин даргоҳ ҷараён мегирад. Аввал муовини раис (солҳои 1981-1987) баъдан солҳои (1987-2011) раиси кумитаи иттифоқи касабаи кормандони тандурустии вилоят, аъзои Шурои собиқадорони соҳаи тандурустӣ ва сарвари шурои собиқадорони ҳаракати иттифоқи касабаи соҳаи тандурустии вилоят адои вазифа намуда, корҳои зиёдеро ба сомон мерасонад. Меҳнати содиқона ва беғаразонааш бо раҳматномаи конфедератсияи Иттифоқҳои касабаи байналмиллалии Россия, ифтихорномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо медали ҷашнии бахшида ба 1030 солагии Абуали ибни Сино қадршиноси шудааст. Таҳти роҳбарии ин табиби чашми кордон бюллетени иттилоотии “Ворисони Сино»-и кумитаи иттифоқи касабаи кормандони тандурусти ба тавсиб расид, ки аз ҷониби табибони кишвар хеле хуб пазируфта шуд. Дар давоми солҳои фаъолияташ 8 китоб, даҳҳо дастурамал ва 35 шумораи бюллетени иттилоотиро руи чоп овард, ки онҳо бобати рушти иттифоқи касабаи соҳа саҳми арзанда гузоштан. Дирӯз китоберо бо номи «Модарам нури дидагонам» аз чоп баровард, ки ба 100 солагии ёдбуди модараш бахшида буд. Барои Муҳиба Мансуровна саломатии миллат дар мадди аввал меистад, зеро одами солим метавонад ба корҳои душвортарин ҳам қодир бошад. Аз ин ҷост, ки ин зани зодаи меҳнат дар як даргоҳ қариб 50 сол меҳнат карда хастагиашро ҳам ҳис накардааст. «То меҳнат накуни роҳат намебини» -ро шиори худ қарор додааст. Фаъолият дар Кумитаи иттифоқҳои касабаи кормандони соҳаи тандурустии вилоят яке аз саҳифаҳои дурахшонтарини рузгори Муҳиба Мансуровна маҳсуб ёфта, собиқаи кории 50 сола дорад.

Ӯ соҳиби оилаи солим чун модари мушфиқу бибии дуогуй хостгори бахту саодати инсон ва саломатии онҳо мебошад. Фарзандон духтараш Дилором Донишгоҳи давлатии тиббии ба номи Абуалӣ ибни Синои пойтахтро бо дипломи сурх хатм намуда, чандсол ин ҷониб духтури касалиҳои чашмшуда, дар беморхонаи клиникавии вилоятӣ фаъолият мебарад. Писараш Бахтиёр дар яке аз муассисаҳои бонуфузи шаҳри Хуҷанд ҳам чун иқтисодчи кор мекунад. Набераи Муҳиба Мансуровна Далерҷон монанди биби ва падару модараш касби табибиро пеша карда, алҳол хатмкунандаи Донишгоҳи давлатии тиббии шаҳри Казан мебошад.

Дар воқеъ ин зани оқила тарбияи модари азизаш Баҳринисо Пулотоваро гирифтааст, ки 40 сол дар тарбияи насли наврас машғул буда, яке аз омузгорони пешқадами ҷумҳури ба ҳисоб мерафтанд. Алҳол Муҳиба Мансуровна сиҳат саломат буда, давлати пири меронад. Дар ҳақиқат ин поксиришт номи баланду пуршарафро сазовор аст, чунки тамоми қувваю дониш ва маҳорати худро баҳри баланд бардоштани сатҳи зиндагии кормандони тиб равона сохтааст.

Собиқадори меҳнат, Аълочии тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дорандаи даҳҳо ифтихорнома ва сипосномаҳои мақомоти вилоятиву ҷумҳуриявӣ Носирова Муҳиба Мансуровнаро дар соҳаи тиб модари табибон, мушкилкушои пиру барно гуем хато нахохад шуд. Зеро ба садҳо ниёзмандону корафтодагон, пирону барҷомондагон ёрии хешро расонидааст. Мо ба ин модар бузурги фариштахи сол ва ботамкин аввало тансиҳати рузгори ободу сарсабзӣ ва умри дарозро таманно дорем.

75- умин баҳори умратон бехазон бод, табиби дилу дида.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *