ҲАДАФ: ТАБОДУЛИ ТАҶРИБА

Федерасияи Иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон дар самти густариши муносибатҳои хориҷи тадбирҳои зиёдеро амали намуда истодааст. Дар ин радиф Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилоят низ бо намояндагони иттифоқҳои касабаи Ҷумҳурии Белорус  ва Ҷумҳурии  Ӯзбекистон шартномаҳои ҳамкориро ба имзо расонидааст.

Ҳайати намояндагони Кумитаи марказии Иттифоқи касбаи кормандони фарҳанг, иттилоот, варзиши ҷумҳурӣ аз санаи 28 октябр то 1 ноябри соли 2019 ба шаҳри Мински Ҷумҳурии Белорус сафар намуданд. Ба ин ҳайат Раиси кумитаи Иттифоқи касбаи кормандони фарҳанг, иттилоот, варзиш ва сайёҳии вилояти Суғд низ шомил буд.

Вохӯрии мазкур бо мақсади амалинамудани Созишномаи ҳамокории аз ҷониби иттифоқҳои касабаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Белорус, ҳамчунин шиносоӣ аз фарҳангу тамаддуни ҳамдигар ва тарзу усулҳои фаъолияти ташкилотҳои иттифоқи касабаи соҳа ташкилу баргузор гардид.

Дар давоми сафар гурӯҳи намояндагони иттифоқи касабаи соҳавии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷойҳои таърихии шаҳри Минск ба монанди алъаи Мир (Мирскый замок), Қалъаи Несвиж (Несвижскый замок), Осорхонаи таърихии Ҷанги бузурги ватанӣ, Осорхонаи меъморӣ (музей народной архитектуре и быта), Театри опера ва балает, Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Белорус, Осорхонаи таърихии миллӣ (Нацональный художественный музей), ва Осоишгоҳи Криниқа шинос шуданд.

Бояд қайд намуд, ки иттифоқҳои касабаи касабаи кормандони Кумитаи марказии иттифоқи касабаи кормандони фарҳанг, иттилоот, варзи ш ва сайёҳии Ҷумҳурии Белорус дорои 110602 нафар аъзоён буда, аз ин миқдор 95153 нафар кормандон, 11352 нафар донишҷӯён ва 4097 нафар бекороне, ки дар қайди иттифоқи касаба қарор доранд, фаро мегирад, ки онҳоро 1544 ташкилотҳои ибтидоӣ муттаҳид мекунад.

Ҳамчунин дар доираи сафар мулоқот  бо роҳабрияти Кумитаи марказии иттифоқи касабаи кормандони фарҳанг, иттилоот, вариш ва сайёҳии Ҷумҳурии Белорус молоқоти судманд вобаста ба тарзу усулҳои нави корбарӣ, ҳамқории минбаъада вобаста ба рушди соҳа ташкил гардид, ки дар он ҳаду ҷониб табодули таҷриба намуданд.

Дар ин вохӯриҳо Раиси кумитаи Иттифоқи касбаи кормандони фарҳанг, иттилоот, варзиш ва сайёҳии вилояти Суғд Қодирова Ф. С. баромад намуда, аз таҷриба  ва усулҳои корбарӣ дар ташкилотҳои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд ҳарф зад.

Минбаъд низ ҳамкориҳои Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилоят бо иттифоқҳои касабаи  Ҷумҳурии Белорус тақвият меёбад.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *