Санаи 5 марти соли 2019 дар толори маҷлисгоҳи мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо иштироки 230 нафар кормандони семинари дастурдиҳӣ баргузор гардид. Дар он раисони иттифоқи касаба, сармуҳосибон, мудирони шуъбаҳои кадрҳо ва фаъолони иттифоқи касабаи соҳаҳои кишоварзӣ, маориф, тандурустӣ, сохтори давлатӣ, бонкӣ ва корхонаҳои хусусии ноҳия иштирок доштанд. Дар семинар се масъала мавриди баррасӣ қарор дода шуд:
- Риояи иҷрои талаботи Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои шартномаҳои меҳнатӣ, коллективӣ ва намудҳои рухсатиҳои меҳнатӣ;
- Дар бораи ҳифзи меҳнат, тартиби гузаронидани тафтиши ҳодисаҳои нохуш дар истеҳсолот ва гузаронидани аттестатсияи ҷойи корӣ;
3.Дар бораи масъалаҳои суғуртаи давлатии иҷтимоӣ, тартиб ва шартҳои пардохти кӯмакпулиҳо ҳангоми корношоямии муваққатӣ, ҳомиладорию таваллуд ва кӯмакпулиҳои оилавӣ.
Аз рӯи масъалаи якум Иномхӯҷа Бузуруков баромад намуда оид ба бастани шартномаи меҳнатӣ байни корфармо ва корманд, ӯҳдадориҳои тарафҳо, муҳлати шартномаи меҳнатӣ, дар бораи бастани шартномаи коллективӣ байни маъмурият ва кумитаи иттифоқи касаба, таъсиси комиссия барои пешбурди музокирот ва назорати иҷрои шартномаи коллективӣ, ки бояд бо фармоиши корфармо ба расмият дароварда шавад, оид ба масъалаи собиқаи корӣ, пур кардани дафтарчаи меҳнатии кормандон, намудҳои рухсатиҳо ва оид ба таҳия намудани лоиҳаи фармоиши корфармо якчанд моддаҳои Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистонро тафсир кард.
Аз рӯи масъалаи дуюми барнома Баҳоваддин Тӯраев оид ба таъмини ҳифзи меҳнат, масъалаҳои аттестатсияи ҷойҳои корӣ, гузаронидани омӯзишҳо оид ба бехатарии меҳнат дар ҷойи кор, омӯзишҳои муқаддимавӣ, ташкили Хадамоти ҳифзи меҳнат ё таъсиси вазифаи мутахассис оид ба ҳифзи меҳнат, дар бораи тартиби гузаронидани тафтиш ва баҳисобгирии ҳодисаҳои нохуш дар истеҳсолот ва бемориҳои касбӣ, аз муоинаи тиббӣ гузаронидани кормандон ва ғайра маълумот дод.
Аз рӯи масъалаи сеюм Саидюсуф Авзалов дар бораи масъалаҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ”, дар бораи Тартиб ва шартҳои пардохти кӯмакпулиҳо ҳангоми корношоямии муваққатӣ, ҳомиладорию таваллуд ва кӯмакпулиҳои оилавӣ, дар бораи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикстон аз 25 январи соли 2017, № 34 “дар бораи Тартиб ва андозаи хароҷоти маблағҳои суғуртаи давлатии иҷтимоӣ барои табобати санаторию курортӣ, ташкили истироҳати кормандон ва аъзои оилаи онҳо ва чорабиниҳои солимгардонию пешгирикунанда дар корхонаҳо” сухан ронда, маълумоти пурра пешниҳод намуд.
Ба ҳамаи саволҳои дода шуда баромадкунандагон ҷавобҳои мушаххас доданд. Семинари дастурдиҳӣ писанди иштирокдорон гардида, гуфта шуд, ки имрӯз иттифоқҳои касаба ҳамчун созмони ҷамъиятӣ соҳиби обрӯву нуфузи зиёд буда, дар ҷомеаи шаҳрвандӣ мавқеи устуворро соҳиб аст.
Дар фарҷоми семинар Файзуллоҷон Дадоҷонов-муовини аввали раиси ноҳия баромад намуд.