Раёсати Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд дар моҳи май

Санаи 24 майи соли равон таҳти роҳбарии раиси Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд Шарифулло Абдуллозода ҷаласаи раёсати Шӯро бо иштироки аъзои раёсат, мудирони шӯъбаҳои дастгоҳи Шӯро, раисони Шӯроҳои ҳамоҳангсозии шаҳру ноҳияҳои вилоят баргузор гардид.

Ҷаласаи раёсат аз рӯи нақшаи кории Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилоят масъалаҳои зеринро мавриди муҳокима қарор дод:

1.Дар бораи қарори Конференсияи V-и ҳисоботӣ-интихоботии Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони нақлиёт ва хоҷагии роҳҳои вилояти Суғд

  1. Оид ба рафти иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 январи соли 2017, таҳти №34 «Дар бораи Тартиб ва андозаи хароҷоти маблағҳои суғуртаи давлатии иҷтимоӣ барои табобати санаторию курортӣ, ташкили истироҳати кормандон ва аъзои оилаи онҳо ва чораҳои солимгардонию пешгирикунанда дар корхонаҳо» дар ташкилоту муассисаҳои ҳудуди вилоят
  2. Дар бораи татбиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №103 аз 01 марти соли 2019 “Дар бораи ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон дар соли 2019”
  3. Дар барои рафти иҷрои  қарори  Раёсати Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилоят №1/1 аз 06 феврали 2019 дар самти эҳё ва ташкили ташкилотҳои ибтидоии иттифоқи касаба дар ташкилоту муассисаҳои вилоят, ки ба иттифоқи касаба фаро гирифта нашудаанд ва зиёд намудани сафи аъзоёни иттифоқи касаба.
  4. Дар бораи қарори Кумитаи иҷроияи Шӯрои Генералии Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон “Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаи иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2019-2020”
  5. Тасдиқи фармоишотҳои раиси Шӯро

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *